Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои расмӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ширкат кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои расмӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ширкат кард

Дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе чорабиниҳои расмӣ, консерт ва намоишгоҳи молҳои саноатии миллии кишварҳои минтақа баргузор шуд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, инчунин меҳмони фахрии ин ҳамоиш Президенти Озарбойҷон Алиев дар маросими супурдани  мукофоти олӣ –Нишони фахрии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  иштирок карданд.

Нишони фахрӣ дар ҷаласаи сеюми Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2021 ба хотири мукофотонидани афроде, ки дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ саҳми хоса гузоштаанд, таъсис дода шудааст.

Сипас, раҳбарон якҷоя бо иштироки устодони санъати кишварҳои минтақа дар қасри "Кохи Борбад" консерти тантанавии «Шоми дӯстӣ»-ро тамошо карданд.

Баромадҳои рангини ансамблҳои фолклорию этнографӣ ва артистони эстрада, суруду рақсҳои миллӣ умумият ва наздикии мадании халқҳои моро равшан тасдиқ карданд.

Барнома бо боздид аз намоишгоҳи "ЭКСПО Осиёи Марказӣ 2023" идома ёфта, дар он ба президентҳо навъҳои асосии маҳсулоти истеҳсоли минтақа пешкаш карда шуданд.

Дар майдончаи «Made in Uzbekistan» иқтидори саноати заргарӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, электротехника, дорусозӣ, масолеҳи бинокорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии Ўзбекистон намоиш дода шуд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин маҳсулоти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба намоиш гузошта шуданд. Майдони умумии он зиёда аз 1800 метри мураббаъ аст.

Дар ҷамъбасти сафар сарони давлатҳо ба роҳбарони масъул ҷиҳати афзоиши гардиши савдои мутақобила ва густариши ҳамкориҳои саноатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе консерт, ҳамчунин мулоқоти Муколамаи занони пешво, форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи истеҳсолкунандагон, нишасти вазирони нақлиёт, анҷумани ректорону олимон ва дигар чорабиниҳои фарҳангию башардӯстона дар чаҳорчӯби Вохӯрии машваратии навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки далели ба сатҳи сифатан нав баромадани ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Президенти кишварамон ба роҳ монда шудааст, гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: