БА ҶАМОАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!
Намояндагони муҳтарами соҳаи илм!
Шумо – олимон ва академикҳои хастанопазир, муҳаққиқон, докторантҳо ва аспирантҳои соҳибистеъдод, тамоми кормандони илмии мамлакатро бо санаи хотирмони кунунӣ – 80-умин солгарди таъсисёбии Академияи илмҳои Ӯзбекистон самимона ва аз сидқи дил муборакбод менамоям.
Ба шумо ин суханони мутафаккири бузург Маҳмуди Қошғарӣ – «Меҳнати олим сахттар аз санг аст», ки дар онҳо ҳикмати амиқ нуҳуфта мебошад, бешубҳа, қарин ва фаҳмост, зеро олимон душвориҳоро мардонавор паси сар намуда, кашф менамоянд, ҷаҳонро бо нури дониш равшан карда, зиндагӣ мекунанд. 
Мо дар симои шумо маҳз чунин ашхоси фидокорро мебинем, ки мунтазам дониш омӯхта, тадқиқот ва кашфиётҳои нав мекунанд, иқтидори илмиву зеҳнии Ӯзбекистони Навро афзун менамоянд. 
Дар ин рӯзи хотирмон мо хидмати бузурги Академияи илмҳои Ӯзбекистонро, ки роҳи бағоят душвор ва пуршарафи 80-соларо тай кардааст, дар тарбияи садҳо олимон ва академикҳои машҳури мамлакат, бунёди мактабҳои бонуфузи илмӣ дар соҳаҳои мухталиф саҳм гирифтааст, бо миннатдорӣ қайд менамоем. 
Дар солҳои истиқлол, ба хусус тӯли солҳои охир, шумо ин комёбиҳоро бо дарназардошти анъанаҳои пуршараф, ки асоси онро ниёгони бузурги мо гузоштаанд, ғанӣ месозед ва рушди илмро дар кишварамон ба сатҳи нав мебардоред. 
Дар низоми академия ислоҳоти куллӣ татбиқ мешаванд. Дар таркиби он созмонҳои нави илмӣ кушода шуданд, миқдори муассисаҳои низом тақрибан 1,5 баробар зиёд гардид. Тартиби маблағгузории бевоситаи онҳо аз Буҷаи давлатӣ ҷорӣ карда шуд.
Дастгирӣ намудани фаъолият ва тадқиқоти илмии олимони машҳур, ходимони соҳибистеъдоди ҷавони илмӣ, баланд бардоштани мақоми арбоби илм дар ҷамъият ҳамеша дар маркази эътибори мо қарор доранд. Чунончи, пардохти музди меҳнати намояндагони соҳа ва стипендияи докторантҳо 3 баробар зиёд гардид, ҳаққи қалами академикҳо беш аз 2 баробар афзуд, низоми пардохти иловапулӣ то 60 фоизи маоши ходимони илмӣ, ки дараҷаи илмӣ доранд, ҷорӣ гардид. 
Ҳамчунин чораҳо бобати мунтазам беҳтар кардани  шароити иҷтимоиву маишӣ, солимгардонии аъзои Академияи улум татбиқ мешаванд. Ба муҳаққиқоне, ки дар низом кор мекунанд, дар асоси имтиёз хонаҳо ҷудо карда шуданд, докторантҳои ҷавони оиладор бо манзили бепул таъмин гардиданд. 
Академия ҳамкориро бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва марказҳои илмии давлатҳои мутараққӣ фаъолтар намуд, дар натиҷа миқёси тадқиқоти муштараки илмӣ ду-се баробар вусъат пайдо кард.
Пажӯҳишгоҳи таҷрибаомӯзон – унвонҷӯён барқарор карда шуд, сифати тайёркунии муҳаққиқони ҷавони соҳибистеъдод беҳтар гардид. Ҳоли ҳозир дар байни зиёда аз 30 ҳазор муҳаққиқе, ки дар Ӯзбекистон бо илм сарукор доранд, беш аз нисф ҷавонон мебошанд, ин маънии онро дорад, ки ояндаи соҳа дар дастони боэътимод аст. 
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки маълум аст, асоси Эҳёи якум ва дуюмро, ки дар таърихи миллии мо нақши равшан доранд, пеш аз ҳама, дастовардҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Бунёди Эҳёи Сеюм, ки мо имрӯз меофарем, бешубҳа, низ ба сармояи инсонӣ, илм, инноватсия кашфиётҳои нав такя мекунад.
Дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон - 2030» мо бобати фароҳам овардани инфрасохтори замонавӣ барои фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, вусъат додани қаробати илм ба истеҳсолот чораҳои васеъмиқёс пешбинӣ намудаем. Аз ҷумла, то соли 2025-ум ният дорем миқдори маблағеро, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  ба соҳаи илм нигаронида шудаанд, 6 баробар зиёд кунем, то соли 2030-юм бошад, онро 10 баробар афзун намоем. 
Дар татбиқ сохтани чунин вазифаҳои стратегӣ мо, пеш аз ҳама ба иқтидори бузурги чун шумо – арбобони илм такя мекунем. Мо минбаъд низ тамоми иқтидори зарурӣ ва имкониятҳои худро барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани  олимону муҳаққиқон, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои илмии мамлакат равона хоҳем кард.
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Бори дигар шумо ва дар шахси шумо тамоми онҳоеро, ки барои рушди илми кишварамон фидокорона кор мекунанд, бо ҷашни хотирмони кунунӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Ба шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодат, қуввату ғайрати беҳудуд ва комёбиҳои нав ба навро дар роҳи иҷрои вазифаи ифтихориятон орзу менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.   
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: