САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНИРО ҲИФЗ БОЯД КАРД

Ҷамъияти саҳҳомии «Кофтуковҳои геологии Ӯзбекистон» дар Маркази матбуоти миллӣ доир ба натиҷаҳои бадастомада дар соли 2023 ва нақшаҳои оянда дар соли ҷорӣ анҷумани матбуотӣ баргузор намуд.

Дар анҷуман дар хусуси вазифаҳои асосии ҷамъияти саҳҳомӣ маълумот дода шуд. Вазифаи ҷамъият аз ташкили ҷустуҷӯи геологии зеризаминӣ, махсусан металҳои қиматбаҳои ранга ва дигар конҳои фоиданок, корҳои илмии тематикӣ оид ба дарёфти конҳои металҳои ранга ва қиматбаҳо, пешгӯии захираҳо ва ба вуҷуд овардани конҳои хурд, миёна ва харитаҳои калони геологии конҳои мавҷуда ва васеъ намудани базаи ашёи хом иборат аст.
– Дар минтақаҳои Ӯзбекистон аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳои махсус дар асоси 48 лоиҳа дар ҳазору 430 километр (2) майдон корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ба амал омада, дар асоси ин лоиҳаҳо кофтуковҳои геологии тилло, мис, қӯрғошим, волфрам барин металҳои ноёб, инчунин тадқиқотҳои лабораторӣ ба анҷом расонда шуд. Қисми асосии корҳои геологӣ-ҷустуҷӯиро ҷараёни пармакунӣ ташкил намуда, дар давраи соли сипаришуда тавассути ускунаҳои замонавӣ то чуқурии 1000-1200 метр амалиёти пармакунӣ ба сомон расонда шуд. Ин албатта, ба васеъ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва мустаҳкам намудани пойгоҳи ашёи хоми минералӣ аҳамияти калон дорад,– иброз намуд сармуҳандиси ҷамъияти мазкур Шуҳрат Сироҷов.
Номбурда таъкид намуд, ки корҳои ҷустуҷӯии геологӣ асосан дар ҳудудҳои вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Қашқадарё, Сурхондарё, Ҷиззах ва Тошканд бурда мешаванд. Корҳои ҷустуҷӯӣ  на фақат ба рушди захираҳои давлатӣ, балки ба рушди пойгоҳи ашёи хоми комбинатҳои кӯҳу кони Навоӣ ва Олмалиқ хеле муҳим аст.   
Илова бар ин, дар семоҳаи соли 2024 бо назардошти таҷрибаи бузурги лабораторияҳои марказӣ дар соҳаи тадқиқоти таҳлилӣ ва муқоисаи байнилабораторӣ Кумитаи техникӣ бо қарори худ лабораторияи марказии ҷамъияти саҳҳомиро ба сифати таъминкунандаи санҷиши махсуси лабораторияҳое, ки дар соҳаи таҳлили объектҳои табиӣ: об ва ҷисмҳои сахт тадқиқот мегузаронанд, ваколатдор намудааст. Бо мақсади сарфаи энергияи электрикӣ ва ба роҳ мондани самаранок истифода бурдан аз манбаъҳои энергияи муқобил дар мамлакат аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомӣ стансияҳои электрикии офтобии беш аз 500 кВт васл карда шуданд ва ба истифода супурда шуданд.  
Имрӯзҳо наздик ба 3 ҳазору 400 ходим, ки дар ҷамъияти саҳҳомӣ фаъолият доранд,  такмили ихтисос менамоянд. Хусусан, дар давраи соли гузашта беш аз 800 ходим дар Институти такмили ихтисоси ходимони самти геология, 40 ходим дар Институти кӯҳу кон, инспексияҳои назорати бехатарии геология ва саноат такмили ихтисос намуда баргаштанд. 211 нафар дар муассисаҳои таълими олӣ ва 60 нафар дар техникумҳо таҳсил гирифтанд. 
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии «Саёҳат ба ҳудудҳои Ӯзбекистон» 700 нафар ходим ба шаҳрҳои таърихии кишвар саёҳат намуданд. Ҷамъият дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии «Дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ба боз ҳам васеъ намудани ҷустуҷӯҳои геологӣ, омӯхтани таҷриба ва ташкил намудани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷиро пешбинӣ намудааст.      
   
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».       

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: