ПУНКТИ ТИББИИ НАВИ МАҲАЛЛА

Дар давоми сол дар ноҳияи Рометан ба бошандагони деҳаҳои дурдасти Пинҷон, Боиш, Урганҷӣ, Қиётони маҳаллаи «Боғитуркон» барои муолиҷа ба поликлиникаи оилавии рақами 37-ум рафтан на ҳамеша осон буд.

Дар маҳалла ба фаъолият оғоз кардани пункти нави тиббӣ мушкили қариб ду ҳазор нафар сокинони ҳудудро  осон кард.
Маросими кушодашавии бунгоҳи тиббӣ намуди идона гирифт. Роҳбарону мутасаддиён, меҳмонону   мизбонон аҳли маҳалларо бо хушнудӣ ва Иди истиқлол муборакбод намуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: