ПАНҶ СОЛИ РУШДИ ҲАМКОРӢ, ТАҲКИМИ ДӮСТӢ

(Панҷ сол пеш 9-10-уми марти соли 2018 ташрифи аввалини расмии Президент Ш. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада буд)

Ба қарибӣ аз хабари ӮзА воқиф шудам, ки вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Иброҳим Абдураҳмонов Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро пазируфта, зимни сӯҳбат ду ҷониб, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои тарафайн, хусусан, гузаронидани анҷуманҳои ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва донишҷӯён, дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додаанд. Тибқи қарордод   ин анҷуман 13-16-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин як хабарест аз силсилахабарҳо, ки аз ҳамкориҳои бисёрҷонибаи соҳаи гуманитарии ду кишвари ҳамсоя ва ба ҳам дӯст далолат медиҳад. 
Оре, солҳои охир сухан гуфтан аз хусуси ҳамкориҳо ва равобити дӯстии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба воқеаи маъмулӣ, одатӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар атрофи ин мавзӯъ шукри беадад, ки соатҳо ҳарф задан мумкин. Аммо дар гузаштаи наздик бар асари ях бастани муносибату равобити ду давлат халқҳои ба ҳам наздику хешу табор аз якдигар хеле дур гашта, қариб бегона шуда буданд. Он солҳои сарсониҳо, фиғону фарёдҳои кӯҳансолону кӯдакон, азобу уқубати назди сарҳадот, мушкилоти гирифтани виза,  интиқоли маҳсулоти мавриди истеъмол, таркиши минаҳо фаромӯш нашудаанд.  Шахсан худи ман илоҷ наёфтам, ки ба аёдати бародари солҳои гирифтори бемори бистаришуда Шоҳсалим Муҳаббатов равам, дидор ба қиёмат монд! Кош ду-дую ним моҳи дигар зинда мемонд, ба дидораш мерасидам. Гарчанде чуноне ки Мирзо Турсунзода гуфтааст «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест!», ростӣ, аз Тошканд то дарвозаи ҳавлии мо роҳи сесоата. Аммо зодгоҳи ман ба назар аз  қитъаи Амрикову Австралия ҳам дур шуда буд он солҳо! Чанд  сол пеш дӯсти ҳамсабақам, яке аз олимони намоёни соҳаи физикаю кимё, профессор Сабур Абдуллоев барои иштирок дар як анҷумани байналмилалӣ мехост аз тариқи  аэропорти Тошканд ба Куала-Лумпур парвоз кунад. Билети самолёт мушкиле надошт, ҷойи холӣ бисёр буд. Аммо аз сабаби он, ки визаи Ӯзбекистонро дастрас карда натавонист, парвозашро аз Маскави дур ба амал баровард. Соли 2014 фарзандони оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ аз Душанбе ба Тошканд омада, хеле мехостанд, ки садумин солгарди таваллуди падарашонро дар Ӯзбекистон низ таҷлил намоянд, зеро мусиқии Шаҳидӣ  дар чандин театри ин ҷо низ садо додааст ва худи номбурда дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, аммо фазои он замон имкон надод, ки бузургдошти ин шоҳсутуни мусиқии Шарқ дар Тошканд баргузор  шавад.  
Аз ин лиҳоз, на ҳазорон, балки миллионҳо нафар ӯзбекону тоҷикон аз даргоҳи Худованди меҳрубон илтиҷо мекарданд, то дарвозаҳои бастаи ду кишвар ба рӯйи  якдигар боз гарданд. 
...Ва ниҳоят он айёми хуш фаро расид. Президент Шавкат Мирзиёев дар рӯзҳои пурфайзу ботаровати баҳорӣ – 9-10 марти соли 2018 ба шаҳри Душанбе ташрифи расмӣ ба амал овард. Ин рӯз дар таърихи муносибатҳои ду давлат, ду халқ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфта, дар хотири қалби мардумони мо ҳамчун айёми фаромӯшнопазиру шодибахш ҷой гирифт. Гӯё на дарвозаҳои сарҳадӣ, балки дари қалбҳоямон ба рӯйи хешони наздик кушода шуд, суханони ҳикматбори бузургон «Даркушоӣ  кун, на дарбандӣ » ҷомаи амал пӯшид.
Дар аснои мулоқоти ду сарвари хирадманд Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ  Раҳмон якбора қариб 30 санади муҳими мавриди вусъати ҳамкориҳо ва равобити дӯстии ду мамлакат ба имзо расид  ва дарҳол ба марҳилаи татбиқи амал гузаронда шуданд. 
Ҳамчун журналист-муаррих ба бисёр воқеаи бузургмиқёси таърихӣ  гувоҳ шудаам. Аммо  бори аввал гувоҳ бар он шудам, ки дар   чандин гузаргоҳи сарҳади ду давлат  аз ду тараф ҳазорон инсонҳо ашки шодӣ рехта, дуои  сарварони оқилу доно мекарданд, ҳатто бегонаҳо якдигарро ба оғӯш кашида, табрик менамуданд. 
Инак, аз он лаҳзаҳо беш аз панҷ сол гузашт, имрӯз ҳар касе мехоҳад, ки ба дидани хешу ақрабо равад, бе ягон мушкилӣ ба ин нияти некаш муяссар мегардад. Аз дидани дидори хешу табор, дӯстон дида  магар лаҳзаи хуш ҳаст? Ин ҳанӯз як иқдоми нахустин буд барои вусъати равобити дӯстии ду халқи таърихан дӯсту бародар!
Ҳоло бо иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар ҳамкории стратегӣ  то сатҳи ҳамкории ҳампаймонӣ  баромада, дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагии  мамлакатҳо нақшу таъсири гуворои ҳамкории тарафҳоро мебинем.  Соҳаҳо бошанд, хеле зиёданд: энергетика, об, логистика,  истеҳсоли чарм,  металлургия, саноати кӯҳ,  кишоварзӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, транзити маҳсулот ва ҳоказо.
Ба рақамҳои зерин эътибор диҳед: шумораи корхонаҳои муштарак солҳои охир 10 баробар афзуда, ба беш аз 200-то расидааст. Мубодилаи мол дар соли 2017 ҳамагӣ 70 миллион долларро ташкил медод. Дар соли 2020 сарфи назар аз таъсири манфии  пандемия  бори аввал беш аз 500 миллион долларро ташкил дод.  2 июни соли гузашта, зимни ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба Ӯзбекистон  ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми соҳибкорони ду кишвар  шартномаҳои нав ба имзо расонида шуданд, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо ҳаҷми мубодилаи мол ба 1 миллиард доллар хоҳад расид. Байни шаҳрҳои Тошканду Душанбе, вилоятҳои  Фарғонаву Суғд, Сурхондарёву Хатлон ҳамкориҳои пурсамари иқтисодию тиҷоратӣ  ва фарҳангӣ  ба роҳ монда шудаанд. Инак, ба ин майдони ҳамкорӣ  вилояти Ҷиззах низ ҷалб карда шуд. Ширкатҳои сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон лоиҳаҳои истиқболии байни ҳудудҳо ва кооператсияи саноатиро ривоҷ дода истодаанд. 
Автобусҳои мусофиркашонӣ  байни минтақаҳои ду кишвар равуо доранд. Гувоҳ бар он шудем, ки садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон  зиёрати умраро бемалол ба воситаи фирмаҳои ӯзбекистонӣ  ба амал бароварда истодаанд. 
Байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ шартномаҳои зиёд ба имзо расида, дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Хусусан, дар соҳаи сайёҳӣ, илму фан, таълим, санъат, кино ин ҳамкориҳо бемайлон боло мераванд. 
Моро мероси ғании гузаштагон, осори мусиқӣ ва адабиёти беназирамон аз қадимулайём қарин карда меоянд. Дар ҳар як хонаводаи тоҷику ӯзбек намунаҳои  санъати волои Шашмақом садо медиҳанд. Дар тӯю сурҳои Тошканд таронаҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Содирхон» бар ғазалҳои Зебунисо ва Мавлоно Ҷомӣ ҳаловат бурда гӯш мекунанд. Дар Донишкадаи санъати мақоми Тошканд  ҷавонони тоҷикистонӣ  низ таҳсил мекунанд. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева ҳам ба Душанбе рафта, дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон аз хусуси  Шашмақом дарс гуфта омад.  Ӯзбекистон ҳамасола  миқдори грантҳои таълимро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мекунад. Байни Иттифоқи оҳангсозони Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба вусъати ҳамкориҳои эҷодӣ меморандум ба имзо расид. Аз рӯйдодҳои вобаста бо синамогарони ӯзбеку тоҷик ҳама бохабаранд. Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон, Рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Дар бораи ду шахсияти бузург Мавлоно Ҷомӣ  ва Алишери Навоӣ ба навор гирифтани филми бадеӣ  оғоз ёфтааст. 
Дар доираи Меморандуми ҳамкории байни Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки  аввали моҳи майи соли 2022 дар Тошканд ба имзо расида буд, гурӯҳи даҳнафараи иборат аз сармуҳаррирони нашрия ва телевизиони Ӯзбекистон бо сарпарастии раиси Иттифоқи журналистони мамлакат озими шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Душанбею Ҳисор, Данғара шуда омаданд. Таассуроти неки онҳоро мо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, репортажҳои телевизиониашон  дида, рости гап, ба ин рӯзҳои хуб расидем, гуфта, ифтихор намудем. Барои эҷодгар, хусусан, хабарнигору адиб аз тараннуми дӯстиву бародарӣ  дида мавзӯи ҷолиб ва пурмаънӣ   нест ва нахоҳад буд. Ҷавобан ба ин даҳ нафар хабарнигорони тоҷик ба Ӯзбекистон омада, бо фаъолияти ҳамкасбони худ шинос шуданд, мубодилаи таҷриба карданд.
Имрӯз аз хабарнигорони тоҷики Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Ин гуна ҳамкориҳоро байни Иттифоқи нависандагони ду ҷумҳурӣ низ  дидан мумкин. Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, хусусан  ҷаноби сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон дидан намуда, бо фаъолияти  мактабҳо ва марказҳои миллию фарҳангии тоҷикӣ мунтазам аз наздик шинос мешаванд.  Воситаи муҳимтарине, ки моро ба ҳам боз ҳам қарину қариб месозад, зимни ин мулоқотҳо – китоб мебошад. Маҷаллаи тозабунёди «Дурдонаи Шарқ», ки дар Самарқанди бостонӣ ба нашр мерасад, аз тамоми равандҳои ҳамкории ду халқ дар боби адабиёт ва ҳунар гуфтугӯйҳои пурмазмунро ба анҷом мерасонад. 
Хулоса, сафари расмии Президент Шавкат Мирзиёев, ки панҷ сол пеш ба Тоҷикистон, ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон моҳи августи ҳамон сол сурат гирифта буд ва ташрифҳо ва мулоқотҳои сарварони ду кишвари ҳамсояю дӯст далолат бар манфиати мардумони халқҳоямон хидмат  мекунанд. Имрӯз шукр мегӯем, ки мардумони мо паҳлӯи ҳам истода, дар муҳити сулҳу амният ва осудаи минтақавӣ  зиндагӣ ва эҷод менамоянд ва барои ворисони таъриху фарҳанги ғаниамон намунаи дӯстиро нишон медиҳанд. 
Шукри ин дӯстиву ҳампаймониҳо кунем, то халқҳои мо дар ҷаҳони имрӯз, ки хеле ноором аст, дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ  ба сар баранд.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
узви Иттифоқи журналистони 
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: