ЗИЁРАТГОҲҲОИ МУҚАДДАСИ МАРҒЕЛОН

  • ЗИЁРАТГОҲҲОИ МУҚАДДАСИ МАРҒЕЛОН
  • ЗИЁРАТГОҲҲОИ МУҚАДДАСИ МАРҒЕЛОН

Зиёрати масканҳои муқаддас рӯҳияти инсонро болида месозад, диққати шахсро мисли оҳанрабо ба худ мекашад.

Шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавони Марғелон на танҳо бо ҳунармандии миллӣ, балки бо ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои худ машҳур гардидааст. Солҳои охир баҳри амиқтар омӯхтани мероси маданӣ ва ҳифз намудани онҳо як қатор корҳо иҷро шуда истодаанд. Дар натиҷа, аксарияти обидаҳои меъморӣ таъмир гардида, баъзеашон аз нав бунёд мегарданд. 
– Дар шаҳри Марғелон 42-то иншооти мероси маданӣ ба муҳофизаи давлат гирифта шудааст, – мегӯяд роҳбари Саридораи мероси мадании вилоят Мирзораҳмон Ғафуров. – Аз ин якто иншооти археологӣ, 33-то меъморӣ, 1-то ёдгории санъати монументалӣ ва 7-то ҷой-ҳои ба диққат сазовор ба ҳисоб мераванд. Соли 2000 маҷмӯаи Бурҳониддин ал-Марғинонӣ бунёд гардида, маросими ифтитоҳии он бо тантана ҷашн гардид. Мадрасаи Саййид Аҳмадхонхӯҷа низ қиёфаи зебо ба худ касб намуд. Он аз 18 ҳуҷра ва ду айвон иборат буда, алҳол ба сифати маркази ҳунармандии миллӣ бо сайёҳон гавҷум аст. Маҷмӯаи Пурсиддиқ низ яке аз масканҳои қадимии шаҳри Марғелон буда, бо номи “Каптарлимазор” машҳур аст ва ба зиёратгоҳи ҳамватанонамон табдил ёфтааст. Чун гавҳараки чашм нигоҳ доштану ҳифз намудани масканҳои таърихӣ ва ба насли оянда расонда додани онҳо вазифаи ҳар яки мо мебошад. 

Дар акс: шаҳри Марғелон нафақат бо ҳунармандии миллӣ, балки бо ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои худ маълуму машҳур аст.

Аксбардор: 
М. ҚОДИРОВ.
 (ӮзА).  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: