ЭНЕРГИЯИ «САБЗ» ВА МУҚОБИЛ ТАКЯГОҲИ МУҲИМИ УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТ МЕБОШАД

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки «сабзгардонӣ»-и иқтисодиёт, дар заминаи гузаштан ба энергияи «сабз» ва дигар намудҳои муқобили он қонеъ намудани талабот ба неруи барқ, ки сол то сол зиёд мешавад, дар роҳи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба он қадами муҳим ба шумор меравад.

 Ба ин саъю талошҳо, ки дар саросари ҷаҳон оғоз гардидааст, Ӯзбекистон ҳам фаъол ҳамроҳ мешавад.

Қадами аввал дар роҳи гузариш ба иқтисоди «сабз» рушди соҳаи энергетика, бахусус, манбаъҳои барқароршавандаи энергия маҳсуб меёбад. Ин дар баробари истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ, устувории мувозинати экологиро таъмин мекунад.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар Барномаи пешазинтихоботии худ, ки барои солҳои 2024-2029 пешбинӣ шудааст, роҷеъ ба «сабзгардонӣ»-и соҳаи энергетика ташаббусу пешниҳодҳои амиқ ба миён гузоштааст.
Якум, бо энергияи бехатар ва устувор таъмин намудани аҳолӣ ва тамоми шабакаҳои иқтисодиёт дар раванди гузариш ба иқтисодиёти «сабз». 
Ҳоло аксар зеристгоҳҳо ва стансияҳои трансформатории асосӣ ва шабакаҳои тақсимкунандаи шабакаи энергетикӣ маънан кӯҳна шудаанд ва раванди навсозии система нисбатан суст ҷараён дорад, ки дар натиҷа, дар соҳа талафоти технологӣ зиёд боқӣ мемонад. Масалан, талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои магистралии мавҷуда ба ҳисоби миёна 2,7 фоиз ва дар шабакаҳои тақсимотӣ беш аз 12,4 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба кишварҳои хориҷӣ бештар аст. 
Бо назардошти ин, Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботии худ мақсад гузоштааст, ки тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои каммасрафи энергия дар саноат, сарфи энергияро то 50 дарсад кам намуда, то соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи барқро дар таносуби энергия на кам аз ду баробар зиёд намояд.
Мо чунин меҳисобем, ки барои таъмини устувории энергетикӣ минбаъд такмил додани пойгоҳи ҳуқуқии соҳа зарур аст.
Вазифаи навбатии муҳим – қадр, сарфа ва бамаврид истифода намудани ин неъмат мебошад.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон бобати таъминоти бефосилаи истеъмолкунандагони мамлакатамон бо неруи барқ чунин вазифаҳои асосиро ба миён мегузорад:
якум – таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба неруи барқ аз ҳисоби иқтидори истеҳсолии неруи барқи дохилӣ, новобаста аз воридоти захираҳои энергетикӣ ва ба ин васила таъмини бехатарии энергетикӣ; 
дуюм – баробари афзунсозии самаранокии энергия дар иқтисодиёт, дар айни замон кам кардани сарфи энергияи он, аз ҷумла, роҳандозии механизмҳои иқтисодие, ки ба рағбатноксозии истифодаи оқилонаи қувваи барқ аз тарафи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд;
сеюм – бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзун, баланд бардоштани самаранокии қувваи барқ тавассути кам кардани талафоти энергия дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ;
чорум – аз ҳисоби зина ба зина нав кардан ва истеҳсол намудани таҷҳизоти барқӣ, инчунин, зиёд намудани захираи иқтидори шабакаҳои барқӣ, пешгирии кӯҳнашавии таҷҳизоти барқӣ;
панҷум — боз ҳам рушд додани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, васеъсозӣ ва ба системаи ягонаи барқӣ  вобаста намудани онҳо;
шашум — таҳияи модели самараноки бозори энергетикии барқ.
Пешниҳодҳои муҳим дар бораи қабули барнома роҷеъ ба ҷорӣ намудани манбаъҳои истеҳсоли микроэнергетика дар корхонаҳои калони саноатӣ, то соли 2050 аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин намудани системаи гармидиҳии 60-80 фоизи хонадонҳо, ки дар барномаи пешазинтихоботии мо ҷой гирифтааст, бешубҳа, қадами бузурге бобати афзунсозии самаранокии энергия дар мамлакатамон хоҳад буд.
Масалан, ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки барои ҳамаи тоифаи истеъмолкунандагоне, ки манбаи барқароршавандаи энергияро мехаранд ва аз он истифода мебаранд, ба андозаи 50 фоизи нархи хариди ин дастгоҳ низоми тақдими субсидияи давлатӣ ҷорӣ карда шавад. Ғайр аз ин, пешниҳоди мо аз рӯйи роҳандозии системаи рағбатноксозии лоиҳаҳо бобати бунёди хонаҳои арзони каммасрафи барқ, маҳз бо назардошти талаботи имрӯза таҳия гардидааст. 
Дуюм, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тавассути рушди энергияи барқароршаванда ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.
Ӯзбекистон аз ҳисоби истифодаи энергияи карбогидрат – нафт, газ, ангишт ҳамасола камаш 4,5 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, гузариш ба «энергетикаи сабз», ки дар мамлакатамон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам экологӣ самаранок ҳисобида мешавад, аз ҳар ҷиҳат афзалтар аст.
Дар натиҷаи дар мавсими тирамоҳу зимистон дар системаи гармидиҳии аҳолӣ ва хоҷагии халқ бештар истифода гардидани энергия, дар таъминоти барқ камбудиҳои муайян ба миён меоянд. Аз ҷониби ҳизби мо ташаббусе пешбарӣ мешавад, ки метавонад роҳи ҳалли муносиби ин мушкил бошад. Мо пешниҳод мекунем, ки аз рӯйи бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаро гирифтани 60-80 дарсади системаи гармидиҳии хонаҳо то соли 2050 барнома қабул карда шавад.
Сеюм, таъмини бехатарии экологии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлими глобалӣ ва ташкили иқтисодиёт дар асоси рушди устувори экологӣ.
Бояд гуфт, ки барои татбиқи ин ғоя Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботии худ як қатор вазифаҳоро муайян кардааст. Аз ҷумла: 
– аз андози арзиши иловагӣ озод кардани субъектҳои соҳибкорие, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунанд;
– ҷорӣ намудани системаи маблағгузории иқлим, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани оқибатҳои он нигаронида шудааст;
– дастгирии сармоягузорони хусусӣ дар ҷорӣ кардани инноватсияҳои «сабз», васеъсозии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ;
– аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намудани системаи хидматрасонии депозити «сабз» барои шахсони юридикӣ ва ҷисмонӣ, роҳандозии тарифҳои алоҳидаи имтиёзноки бонкӣ барои чунин мизоҷон, таъсиси фонди сармоя барои рушди иқтисодиёти «сабз» ва рақамӣ.
Албатта, гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» раванди босуръате нест, ки якбора ба амал ояд. Дар ин бобат мо набояд зарурати истифодаи фишангҳои молиявиро сарфи назар кунем. Бахусус, дар ин ҷараён нақши давлат, шароитҳое, ки барои механизмҳои бозор фароҳам мегарданд, барои то чӣ андоза рушд ёфтани соҳа аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Чорум, кам кардани миқдори партови газҳои заҳрнок ба атмосфера ва таъмини бехатарии экологӣ.
Дар барномаи пешазинтихоботии мо як қатор пешниҳодҳое ба миён гузошта шудаанд, ки барои ҳалли мушкилоти ифлосшавии ҳавои атмосфера мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки саноати автомобилсозӣ то соли 2035 пурра ба истеҳсоли электромобилҳо ихтисос дода шуда, то соли 2050 ба бетарафии карбон ва эмиссияи сифри он ноил гардем. Бо ин мақсад, мо вазифаҳоро бобати фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, ривоҷдиҳии нақлиёти ҷамоатӣ аз ҳисоби электробусҳо, ҷудо кардани қитъаҳои замин ба соҳибкорон барои бунёди стансияҳои заряддиҳандаи электробусҳоро пешбарӣ менамоем.
Бо назардошти он, ки дар автомобилсозии ҷаҳон гузариш ба истеҳсоли мошинҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза босуръат рушд меёбад, мо ташаббуси то соли 2035 зина ба зина ба электромобилҳо ихтисосонидани самти автомобилсозиро ба миён мегузорем.
Умуман, вазифаҳои стратегие, ки дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон муайян шудаанд, ба рушди устувори мамлакат, ноил шудан ба бехатарии экологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои насли имрӯзаву оянда, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нигаронидашуда, аз ин ҷиҳат молики аҳамиятанд.
Халқамон, тамоми шаҳрвандонро, ки ба экология бефарқ нестанд, даъват менамоем, ки дар татбиқи вазифаҳои устувори дар барномаи мо муайянгардида, ноил шудан ба мақсадҳои муҳим бобати ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои бебаҳои табиӣ фаъолона иштирок намоянд.

Баҳриддин ҲОФИЗОВ,
иҷрокунандаи вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои марказии Ҳизби экологии Ӯзбекистон.
Моҳира ХӮҶАЕВА,
номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон, 
барои депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: