Забон муқаддасотест, ки соҳибзабонон бо он ба ҳам мулоқот мекунанд. Маҳз забон аст, ки одамонро муттаҳид мекунад, байни онҳо дӯстӣ, меҳру оқибат, умуман ҳастии инсониятро пойдор нигоҳ медорад.
Забон неъмати беҳамтои худодод аст. Забони модарӣ чун шири модар азиз мебошад. Муносибат ба забон – муносибат ба модар аст. Шоир беҳуда нафармудааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Забон муқаддасотест, ки соҳибзабонон бо он ба ҳам мулоқот мекунанд. Маҳз забон аст, ки одамонро муттаҳид мекунад, байни онҳо дӯстӣ, меҳру оқибат, умуман ҳастии инсониятро пойдор нигоҳ медорад. Ҳисоб кардаанд, ки имрӯз дар дунё аз 2500 то 5000 забон вуҷуд дорад. Яъне одамони рӯйи замин бо ҳамдигар тақрибан ба 5 ҳазор забон гуфтугӯ мекунанд. Аз ин ҳама наздики 200-тои он мақоми давлатӣ гирифтаанд.
Забони ӯзбекӣ ба гурӯҳи қарлуқи забонҳои туркӣ мансуб аст. Якҷо бо забони нави уйғурӣ гурӯҳи хурди қарлуқ – хоразмро ташкил медиҳад. Ба забони ӯзбекӣ асосан дар Ӯзбекистон, ҳамчунин Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Чин ҳарф мезананд.
Навиштаҳои Урхон – Енисей, «Девону луғоти турк», «Қутадғу билиг» нахустин намунаҳои забонҳои туркӣ мебошад. Ташаккулёбии забони ӯзбекии қадим ба охири асри XIV ва ибтидои асри XV рост меояд. Ба ташаккули забони ӯзбекии қадим саҳми шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ беназир аст. Рушди забони адабии қадимаи ӯзбек аз эҷодиёти Лутфӣ, Саккокӣ, Навоӣ, Бобур ибтидо гирифта, онро Огаҳӣ, Фурқат, Муқимӣ бо эҷодиёти худ сайқал ва нумӯъ бахшидаанд.
Забони ӯзбекӣ забони давлатии Ӯзбекистон мебошад. Мақоми давлатӣ ба забони ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон 21 октябри соли 1989 мувофиқи қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дода шуд. Ин санад дар моддаи 4 Конститутсия инъикоси худро ёфтааст. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони ӯзбекӣ сурат мегирад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯйи диди сарварони давлат нисбат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардид. Забон рукни асосии миллат ва давлат бошад, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забон мебошанд. Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба ташаккул ва рушду нумӯи забони давлатӣ имконият ва шароит муҳайё намуд. Монеаҳои замони шӯравӣ бартараф шуданд. Мақсад дар ҳамаи соҳоти хоҷагии халқи Ӯзбекистони Нав ҷорӣ намудани забони давлатӣ, аз олудагиҳо пок ва пойдор нигоҳ доштан, мавқеи онро дар саҳнаи байналмилал боло бурдан аст.
Ӯзбекистон давлати сермиллат аст. Дар ин ҷо намояндагони беш аз 130 миллату халқият буду бош доранд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ барои рушду нумӯи ин забонҳо монеа пеш намеорад, балки тамоми имкониятро барои равнақи минбаъдаи онҳо муҳайё менамояд.
Имрӯз дар кишвар 150 маркази миллӣ-фарҳангӣ ва 38 ҷамъиятҳои дӯстӣ фаъолият доранд. Дар назди Девони Вазирон Кумитаи муносибатҳи байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил шудааст. Корҳои амалие, ки дар Ӯзбекистон барои мустаҳкам кардани дӯстии байнимиллӣ, фароҳам овардани муҳити ваҳдат ва ҳамҷиҳатии тарафайн амалӣ мешаванд, дар миқёси байналхалқӣ низ баланд эътироф мегарданд. Кумита дар ҳамҷиҳатӣ бо марказҳои миллӣ-маданӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ барои мустаҳкам кардани дӯстии байни миллатҳо саҳми муносиб мегузорад.
Дар кишвари мо ба забонҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ расонаҳои ахбори оммавӣ табъу нашр меёбанд. Аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик», рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», ҷаридаи ноҳиявиии «Садои Сӯх», газетаи «Ховар», маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» ва чандин саҳифаҳои тоҷикӣ дар рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ ба дасти чоп мерасанд.
Ташкил шудани шуъбаи тоҷикӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва ҳамчунин бахши он дар шаҳри Самарқанд натиҷаи эътироф ва арҷгузорӣ ба адибони тоҷик аст.
Кӯдакон ва наврасон дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ ба ҳафт забон таълиму тарбия мегиранд. Дар 250 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таълиму тарбия бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Мактабҳо хуб таъмир ёфта, бо техникаву технологияи замонавӣ таҷҳизонида шудаанд.
Имрӯз дар донишгоҳҳои Самарқанд, Чирчиқ, Тирмиз, Фарғона, Бухоро ва шаҳри Навоӣ бахшҳои тоҷикӣ амал мекунанд.
Ба равнақи забон ва фарҳанги миллӣ робитаҳои солим бо давлатҳои хориҷӣ низ кӯмак мерасонад. Бо ташаббуси роҳбари давлат тӯли солҳои охир дар кишвари сермиллати мо ҳифзи манфиати кулли шаҳрвандон, ба тарзи нав ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳамсоя, дар ин бобат такя кардан ба тамоюлҳои ҳамсоягии нек, чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт кардани ҳамгароии байни миллатҳо эътибори махсус зоҳир мегардад. Таҳсили бисёр ҷавонони мо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон далели боэътимоди андешаи болоист.
Хушбахтона, дар Ӯзбекистон ҳамаи тоҷикон ба забони давлатӣ хуб балад буда, фикру андешаи худро хоҳ забонӣ, хоҳ хаттӣ иброз карда метавонанд. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ забони давлатӣ дар синфҳои ибтидоӣ ҳафтае 2 соат ва дар синфҳои болоӣ 3 соат ҷорӣ карда шудааст.
Забони ӯзбекӣ, ҳамчун забони давлатӣ халқи сермиллати Ӯзбекистони Навро муттаҳид намуда, дар мустаҳкам намудани дӯстии байнимиллӣ мавқеи калидӣ дорад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.