Дар вилояти Андиҷон корҳои навсозии низоми нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста идома доранд. Ба вилоят 40 адад электробуси муосир ва аз лиҳози экологӣ тозаи навбатӣ оварда шуд.
Дар солҳои охир дар кишварамон ба беҳтар намудани сифати хидматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ, роҳандозии нақлиёти ҷамъиятии қулай ва бехатар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо ҳамин мақсад, дар вилояти Андиҷон низ электробусҳои насли нави тамғаи «SAMBELL», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шудаанд, марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешаванд.
Электробусҳои насли наве, ки ба Андиҷон оварда шудаанд, бо он фарқ мекунанд, ки ба атмосфера моддаҳои зараровар хориҷ намекунанд, аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва дар истифода хеле қулай мебошанд. Ҷорӣ гардидани онҳо сифати хидматрасонии нақлиёти шаҳриро барои аҳолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Суратгир: З. УмурзоҚов (ӮзА).