Хадамоти давлатии амният ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё як қатор ҳолатҳои коррупсиониро ошкор карданд.
Аз ҷумла, як корманди масъули бахши таъминоти гази «Ургуттумангаз» ва шахсе, ки қаблан дар ҳамин ташкилот фаъолият дошт, бо маслиҳати пешакӣ аз як ҶММ барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозатномаи техникӣ ҷиҳати насби таҷҳизоти нави тақсимоти гази табиӣ дар коргоҳи истеҳсолӣ 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд.
Онҳо дар рафти гузаронидани амалиёти фаврӣ ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда бо далелҳои шайъӣ дастгир шуданд.
Дар ҳолати дигар, сардори яке аз шуъбаҳои Агентии кадастри вилояти Қашқадарё аз шаҳрванде барои ба номи шахси дигар омода ва расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои кадастрии 50 хол замини обёришаванда, ки барои сохтмони гармхона ҷудо гардида буд, пешакӣ 11 ҳазору 600 доллари ИМА гирифтааст.
Аммо ин мансабдор ваъдаи худро иҷро накарда, ҳангоми баргардонидани 49,7 миллион сӯм аз маблағи гирифташуда, амали ғайриқонунии ӯ фош гардид.
Дар ҷараёни санҷиши пеш аз тафтишот ӯ инчунин 89,5 миллион сӯми боқимондаро низ ба ҷабрдида баргардонд.