Ҳангоми фалаҷи кӯдакон
Дар фалаҷи кӯдакон ҳиногул 30,0 грамм, чаканда 15,0 грамм, биҳӣ 30,0 грамм, гирифта, дар 200,0 дараҷа об ҷӯшонда мешавад ва аз он 1 қошуқча 3 маҳал дар як рӯз нӯшида мешавад.
Барои таваллуди кӯдаки солим
Агар зани ҳомила хуб ғизо нагирад ва сари вақт истироҳат накунад, бо рахит таваллуд шудани кӯдак мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳатто дар оила дигарон нахӯранд ҳам, зани ҳомила бояд моҳӣ, тухм, ширу ҷурғот, творог, гречка (таркибаш аз калсий ва фосфор бой), панир, меваву сабзавот, кабудӣ истеъмол намояд.
Ҳангоми чарх задани сар
Давр задани сар – вайрон шудани мувозинат буда, инсон ҳис мекунад, ки ашёҳои атроф чарх мезананд. Дар ин ҳолат дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, садои зери гӯш, паст шудани шунавоӣ, сафедшавии рӯй, суст шудани набзи рагҳо, вақти аз ҷояш хестан афтодан ва ғайра ба амал меояд. Он метавонад ҳангоми ҳаракатҳои тез, ҷаҳида хестан, сафар бо ҳавопаймо, киштӣ, инчунин дар ҳолати гипертония, атеросклерози рагҳои мағзи сар, бемориҳои гӯши миёна ва дохилӣ, осеб ё заҳролудшавӣ ба вуҷуд ояд.
Агар сар чарх занад, ҷӯшобаи гиёҳи сунбул нӯшидан онро қатъ мекунад.
Ҳангоми осемасарӣ
Равғани лимӯ осемасариро даво мекунад.
Ҳангоми фишори дохилии мағзи сар
Барои паст кардани фишори дохилии мағзи сар 3 дона лимӯ ва 3 дона пораи сирпиёз лозим аст.
Сирпиёз ва лимӯро бо пӯсташ шуста, аз мошини қимакаш гузаронида мешавад. Омехтаро ба бонкаи 2-литра андохта, аз болояш 1 литр оби ҷӯшон мерезанд. Даҳони бонка маҳкам пӯшида шуда, 24 соат дар ҷойи торик нигоҳ дошта мешавад. Пас аз гузаштани вақт, омехта аз докаи сеқабата гузаронида мешавад. Аз омехтаи омодашуда, ҳар рӯз саҳарӣ 2 қошуқ пеш аз наҳорӣ нӯшида мешавад. Онро дар яхдон нигоҳ медоранд. Муолиҷа то тамом шудани омехта идома меёбад.
Ҳангоми зиёд шудани намии мағзи сар
Ҳангоми зиёд шудани намии мағзи сар (варами мағз, баланд шудани фишори дохилии мағз) меваи мурчро бо мавиз хоидан тавсия дода мешавад. Дар ин ҳолат оби даҳонро бояд туф карда партофт. Ба воситаи ҳамин оби даҳон намии зиёдатии мағзи сар хориҷ мешавад. Ин муолиҷаро ҳар рӯз 5–10 дақиқа ва дар давоми як моҳ истифода бурдан лозим аст.
Ҳангоми сустшавӣ аз сабаби атеросклерози рагҳои мағзи сар
Ҳангоми паст шудани қобилияти корӣ ва заиф шудани хотира дар натиҷаи атеросклерози рагҳои мағзи сар, ба шахсони синнашон калон чунин ванна тавсия карда мешавад: райҳони кӯҳии одӣ, барги марямгулии доруворӣ ва барги дарахти тӯси сафед (ҳар кадом 100 г) ба 3 литр оби ҷӯшон андохта, дар ҷойи гарм 2 соат дам медиҳанд. Баъд ба ваннаи бо оби 35–37 дараҷа пуршуда мерезанд. Дар як ҳафта 2 маротиба, ҳар дафъа 15–20 дақиқа қабул карда мешавад. Як курси табобат аз 10 ванна иборат аст.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.