Нишасти тӯлонӣ ва бефосила метавонад хатари саратонро зиёд кунад

Ҳар ним соат чанд дақиқа ҳаракат кардан барои саломатӣ муҳим аст.

Қисми зиёди рӯзро нишаста гузарондан ба як ҷузъи маъмулии тарзи ҳаёти муосир табдил ёфтааст. Хусусан кормандони идораҳо, ронандагон, барномасозон ва мутахассисоне, ки бо компютер кор мекунанд, метавонанд соатҳо қариб беҳаракат нишинанд. Аммо таҳқиқоти илмӣ ба як ҷанбаи муҳими дигар низ таваҷҷуҳ мекунанд: барои саломатӣ на танҳо вақти умумии нишастан, балки давомнокии бефосилаи он низ аҳамият дорад.
Дар як таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи «PLOS Medicine» нашр шудааст, робитаи байни нишасти бефосила, ки беш аз 30 дақиқа идома мекунад, ва хатари марг аз саратон омӯхта шудааст.
Муҳаққиқон таҳти роҳбарии эпидемиологи Донишгоҳи Глазго Фредерик Ҳо маълумоти беш аз 91 ҳазор иштирокчии пойгоҳи «UK Biobank»-и Британияи Кабирро таҳлил карданд. Вазъи саломатии онҳо тақрибан 12 сол мавриди назорат қарор гирифтааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин таҳқиқот сатҳи фаъолияти ҷисмонии иштирокчиён на тавассути пурсишнома, балки бо истифода аз дастгоҳҳои махсуси ҳаракатсанҷ ба таври объективӣ арзёбӣ шудааст.
Натиҷаҳо нишон додаанд, ки нишасти бефосила метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла, ҳар як соати иловагии нишасти бефосила, ки беш аз 30 дақиқа идома кардааст, бо 9 дарсад афзоиш ёфтани хатари марг аз саратон алоқаманд будааст.
Баръакс, мунтазам бо ҳаракат танаффус додани вақти нишаст натиҷаи мусбат доштааст. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, ҳар як соати нишасте, ки бо танаффуси ҳаракатӣ ҳамроҳ шудааст, бо 18 дарсад коҳиш ёфтани хатари марг аз саратон алоқаманд будааст. Иваз кардани як соати нишасти бефосила бо фаъолияти сабуки ҷисмонӣ низ ин хатарро тақрибан 12 дарсад коҳиш додааст.
«Нишасти бефосила, ки беш аз 30 дақиқа идома мекунад, бо хатари саратон робитаи қавӣ дорад. Тақсим кардани вақти нишаст бо ҳаракатҳои одӣ, ба монанди каме роҳ рафтан, метавонад таъсири муҳофизатӣ дошта бошад», — мегӯяд Фредерик Ҳо.
Ба гуфтаи мутахассисон, муддати тӯлонӣ беҳаракат мондан метавонад боиси тағйирот дар мубодилаи моддаҳо, афзоиши равандҳои илтиҳобӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун гардад. Чунин равандҳо эҳтимол метавонанд барои рушди бемориҳои гуногуни музмин, аз ҷумла баъзе бемориҳои онкологӣ, замина фароҳам созанд.
Аз ин рӯ, тарзи ҳаёти солим танҳо ба мунтазам машғул шудан ба варзиш ё риояи меъёри ҳаррӯзаи роҳгардӣ маҳдуд намешавад. Коҳиш додани давраҳои беҳаракат нишастан дар давоми рӯз низ муҳим аст.
Барои ин машқҳои мураккаб ё шароити махсус лозим нест. Ҳар ним соат аз ҷой хестан, чанд дақиқа роҳ рафтан, иҷрои машқҳои сабуки кашишӣ ё танҳо каме ҳаракат кардан метавонад ба қатъ кардани нишасти тӯлонӣ мусоидат кунад.
Пас, ҳатто ҳаракатҳои хурд дар давоми рӯз аҳамияти калон доранд. Хусусан барои нафароне, ки рӯзи кории худро назди компютер мегузаронанд, ҳар ним соат танаффуси кӯтоҳ гирифтан метавонад одати сода ба назар расад, аммо аз нигоҳи саломатии дарозмуддат як тадбири муҳими пешгирикунанда бошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: