Ботулизм бемориест, ки дар натиҷаи таъсири ботулотоксин — заҳри пурқуввате, ки бактерияи Clostridium botulinum ҳосил мекунад, ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ метавонад хеле вазнин ҷараён гирифта, боиси фалаҷ шудани мушакҳои нафаскашӣ ва дар сурати сари вақт расонида нашудани ёрии тиббӣ, ҳатто марги инсон гардад.
Як зарфи консерваи дар шароити хона омодашуда метавонад заҳри ноаёнеро дар худ дошта бошад, ки ҳаёти инсонро зери хатар мегузорад. Махсусан, дар фасли тирамоҳу зимистон, ки истеъмоли маҳсулоти аз сабзавот ва дигар мавод омодашудаи хонагӣ зиёд мешавад, таваҷҷуҳ ба хатари ботулизм аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Ботулизм чӣ гуна ба вуҷуд меояд?
Ботулизм бемориест, ки дар натиҷаи таъсири ботулотоксин — заҳри пурқуввате, ки бактерияи Clostridium botulinum ҳосил мекунад, ба вуҷуд меояд. Ин бактерия дар муҳити беоксиген ё дорои миқдори ками оксиген инкишоф ёфта, заҳр ҳосил мекунад. Консерваҳое, ки ба таври нокифоя коркард шуда, дар зарфҳои маҳкам баста нигоҳ дошта мешаванд, метавонанд барои афзоиши чунин бактерияҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) низ консерваҳо, маҳсулоти шӯркардашуда ва ферментатсияшудаеро, ки дар шароити хона нодуруст омода ё нигоҳ дошта шудаанд, аз манбаъҳои маъмули гирифторшавӣ ба ботулизм медонад.
Махсусан, консерваҳои аз сабзавоти камкислота, занбӯруғ, гӯшт ва моҳӣ омодашуда метавонанд сабаби чунин заҳролудшавӣ гарданд. Спораҳои бактерия ба таъсири омилҳои муҳити зист хеле устуворанд ва ҷӯшонидани одӣ на ҳамеша онҳоро пурра нобуд мекунад. Дар маълумоти Кумитаи беҳдоштиву эпидемиологии Ӯзбекистон низ таъкид шудааст, ки дар шароити хона таъмин намудани раванди безараргардонии саноатӣ, ки бо истифода аз фишори баланд ва ҳарорати 120–125 дараҷа анҷом дода мешавад, хеле душвор аст.
Хатари асосӣ дар он аст, ки маводи дорои ботулотоксин метавонад аз рӯйи намуди зоҳирӣ, бӯй ё таъм ҳеҷ гуна тағйироти назаррас надошта бошад. Яъне, варам накардани сарпӯши зарф ё набудани бӯи нохуш ҳанӯз маънои бехатар будани маҳсулотро надорад. Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) низ таъкид мекунанд, ки ботулотоксинро бо дидан, бӯй кардан ё чашидан муайян кардан имконнопазир аст.
Аломатҳои аввалини ботулизм кадомҳоянд?
Тибқи маълумоти СҶТ, нишонаҳои ботулизм одатан баъди 12–36 соати истеъмоли маҳсулоти заҳролудшуда пайдо мешаванд. Аммо онҳо метавонанд дар фосилаи аз 4 соат то 8 рӯз низ зоҳир шаванд.
Дар марҳилаи аввал бемор метавонад сустии шадид, хастагӣ ва сарчархзаниро эҳсос кунад. Баъдан чунин аломатҳо, аз қабили хира шудани биноӣ, хушк шудани даҳон, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам ва дарунравӣ ба назар мерасанд.
Бо пешрафти беморӣ ашё дар пеши чашм дуто менамояд, пилкҳо овезон мешаванд, фурӯ бурдани ғизо ва сухан гуфтан душвор мегардад. Тағйир ёфтани овоз, норавшан талаффуз шудани калимаҳо, сустии мушакҳои гардан ва дасту пой низ аз нишонаҳои хоси ботулизм ба шумор мераванд. Ин аломатҳо дар маълумоти клиникии CDC низ ҳамчун нишонаҳои асосии беморӣ зикр шудаанд.
Як нуктаи муҳимро бояд дар назар дошт: ҳангоми ботулизм ҳуши бемор метавонад пурра нигоҳ дошта шавад, аммо фаъолияти системаи асаб ва мушакҳо халал меёбад. Аз ин рӯ, чунин аломатҳоро ба заҳролудшавии одии ғизоӣ нисбат додан хатарнок аст. Махсусан, ҳангоми пайдо шудани мушкилоти биноӣ, фурӯ бурдани ғизо ё нафаскашӣ бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кард.
Ботулизм кадом оқибатҳои вазнин дорад?
Ботулотоксин интиқоли сигналҳои асабиро аз ҳуҷайраҳои асаб ба мушакҳо бозмедорад. Дар натиҷа фалаҷ одатан аз мушакҳои сару рӯй оғоз ёфта, метавонад ба дигар қисмҳои бадан паҳн шавад.
Дар ҳолатҳои вазнин ҳатто мушакҳое, ки дар раванди нафаскашӣ иштирок мекунанд, фалаҷ мешаванд ва бемор қобилияти мустақилона нафас кашиданро аз даст медиҳад. Дар чунин вазъ истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ зарур мегардад.
Тибқи маълумоти СҶТ, дар сурати сари вақт ташхис нашудан ва наандешидани чораҳои зарурии табобатӣ, аз 5 то 10 фоизи ҳолатҳои ботулизм метавонанд бо марг анҷом ёбанд. Дар ҳолатҳои вазнин бемор метавонад ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ниёз дошта бошад.
Дар як таҳқиқоти илмӣ, ки соли 2026 оид ба паҳншавии ботулизм дар ҷаҳон нашр шудааст, зикр мегардад, ки дар солҳои 2017–2024 дар 37 кишвар тавассути манбаъҳои кушода 259 хуруҷи ботулизм дар байни одамон муайян шудааст. Дар маҷмӯъ, 1 097 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 47 бемор фавтидааст. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, 79,5 фоизи хуруҷҳои сабтшудаи ботулизм дар байни одамон ба истеъмоли маҳсулоти ғизоии заҳролудшуда алоқаманд будааст.
Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки рақамҳои мазкур омори расмии эпидемиологии ҳамаи кишварҳо нестанд, балки натиҷаи таҳлили маълумоти манбаъҳои кушода мебошанд.
Барои пешгирии ботулизм ба чӣ бояд аҳаммият дод?
Кумитаи беҳдоштиву эпидемиологии Ӯзбекистон барои коҳиш додани хатари ботулизм тавсия медиҳад, ки аз омода кардани консерва дар шароити хона худдорӣ карда шавад. Ҳамчунин, истифодаи маҳсулоте, ки риояи талаботи санитарӣ ҳангоми омода кардани онҳо кафолат дода намешавад, хатарнок аст. Аз харидани консерваҳои дар шароити номаълум омодашуда ва маҳсулоти бесифату бе сертификат дар бозорҳо ва кӯчаҳо низ бояд худдорӣ кард.
Ҳангоми харидани консерва ба муҳлати истифода, солимии зарфу бастабандӣ, варам накардани сарпӯш ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулот диққат додан зарур аст. Консерваҳоеро, ки сарпӯшашон барҷаста шудааст, зарфашон осеб дидааст, ранги маҳсулот тағйир ёфтааст ё ҳангоми кушодан моеъ ва кафк берун мепошад, истеъмол кардан мумкин нест. Аммо бояд дар хотир дошт, ки ҳатто зарфи аз нигоҳи зоҳирӣ комилан солим низ метавонад ботулотоксин дошта бошад.
CDC таъкид мекунад, ки барои консерва кардани маҳсулоти камкислота истифодаи таҷҳизоти махсуси фишорбаланд зарур аст. Ба ин гурӯҳ аксари сабзавот, гӯшт, гӯшти парранда ва моҳӣ дохил мешаванд. Ҳангоми омода кардани консерва бояд танҳо аз усулҳои тасдиқшудаи бехатар истифода бурд. Аммо ҷӯшонидан ё бо роҳҳои дигар коркард кардани маҳсулоти шубҳанок онро барои истеъмол бехатар намегардонад.
Муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гоҳ барои муайян кардани бехатарии консерваи шубҳанок онро начашед. Тибқи маълумоти СҶТ, ботулотоксинро дар шароити муайян тавассути ҷӯшонидан ғайрифаъол кардан мумкин аст, аммо спораҳои бактерия ба ҳарорати баланд тобоваранд. Аз ин рӯ, ин усул ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки консерваи бо усули нодуруст омодашударо баъди ҷӯшонидан истеъмол кардан мумкин аст.
Агар баъди истеъмоли консерваи хонагӣ нишонаҳое чун хира шудани биноӣ, душвории фурӯ бурдани ғизо ё сухан гуфтан ва сустии мушакҳо пайдо шаванд, бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кард. Ҳангоми гумони ботулизм табобатро бе интизори натиҷаи таҳлилҳои лабораторӣ оғоз кардан муҳим аст. Ҳар қадар антитоксини махсус барвақттар истифода шавад, ҳамон қадар хатари марг камтар мегардад. Дар ҳолатҳои вазнин ба бемор инчунин ёрии махсус барои нигоҳ доштани фаъолияти нафаскашӣ расонида мешавад.