ё пайвандгари ҳунари навозандагии Шарқу Ғарб
Рӯзгори дур аз фарҳангу маърифат, меҳнати тоқатфарсои ҷисмонӣ дағаливу содагии ҷаҳонбинии музофотиро дар бар дорад... Вуруд ба фазои зеҳнии ҷаҳони ҳунар аз аъмоқи дил ҳасрату таассуфро нисбат ба маҳдудияти чунин рӯзгор бедор мекунад.
Ин ҳақиқатро дар тӯли умр Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатӣ, профессори кафедраи композитсия ва аранжировкаи Консерваторияи давлатии Ёзбекистон, муаллифи асарҳои сершумор дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ Мустафо Бафоев таҷриба кардааст.
10-уми ноябри соли 1946, вақте тирамоҳи заррин баргҳои тиллоияшро дар партави хуршед ба намоиш гузошта буд, дар оилаи сокинони деҳаи Ганҷкаши ноҳияи Когони вилояти Бухоро – амаки Бафо ва холаи Зулфия нахустфарзанде ба дунё омад, ки бо орзуҳои ширин ба ӯ номи Мустафоро доданд.
Мустафо мактаби таҳсилоти ҳамагониро то синфи 5 ба забони тоҷикӣ хонд. Баъдан таълим ба забони ӯзбекӣ идома ёфт... Падар сарҳисобдори хоҷагӣ буд. Кадбонуи хона – модари меҳрофарин бори тарбияи фарзандонро бар дӯш дошт. Сарфи назар аз якнавохтии рӯзгори деҳот, падару модар сурудхониро дӯст медоштанд. Бахусус, сурудҳои тоҷикии модар дар худ ҷозибае доштанд. Мустафои наврас низ дар деҳа ҳамчун овозхони ҷавон ном бароварда буд ва дар тӯю сурҳои маҳаллӣ таронаҳои асили бухороиро бо маҳорати ба худ хос иҷро мекард. Муҳаббат ба таронаҳои мардумиро то охири умр ҳифз кард ва ба тору пуди эҷодиёташ ҷой гирифт.
Падар орзу дошт, ки писараш, баъд аз хатми донишкадаи кишоварзӣ агроном шавад. Аммо Мустафо ҳанӯз дар синфҳои болоии мактаб ба санъат шавқу рағбати афзояндаро эҳсос мекард. Ба назараш чунин мерасид, ки дар шивири борон, хониши рӯд, шилдироси чашмасорон, хониши мурғони баҳор мусиқии нотакроре нуҳуфтааст. Аз вазну оҳанг ва қофияи шеър хушаш меомад.
Чӣ паёмади нек дорад, агар бузургсолон дар муҳити оила истеъдоди фарзандонро дарк намуда, дар роҳи пиёда шудани орзуҳояшон ба онҳо дасти мадад дароз кунанд. Оҳангсоз имрӯз бо шукргузорӣ аз амакаш ёд мекунад, ки дар мавриди ҳуҷҷатсупорӣ ба омӯзишгоҳи мусиқии Бухоро роҳбаладаш буд. Дар ин муассиса Мустафо ба ихтисоси ғиҷҷакнавозӣ қабул шуд.
Ҷавони донишманд ва устухонаш бо меҳнат сахтшуда дар тӯли таҳсил шабҳои зиёдро бо омӯхтани асрори навохтани ғиҷҷак ва фортепиано мебахшид.
Баъд аз хатми омӯзишгоҳи мусиқии Бухоро Мустафо Бафоев соли 1964 ба Консерваторияи давлатии Тошканд дохил мешавад ва ӯ дар тӯли панҷ соли таҳсил аз устодони барҷаста, аз ҷумла, дотсенти кафедраи созҳои торӣ В. А. Беленкий ва гурӯҳи дирижёрии профессор М. Н. Насимов сабақ гирифт.
Бафоев пас аз хатми консерватория ба Бухоро баргашт ва дар омӯзишгоҳи мусиқӣ ва Институти педагогӣ ба кор шурӯъ кард. Вале дар тӯли фаъолият дар Бухоро дили оҳангсози ҷавонро пойтахт ба сӯйи худ мекашид. Чунин ба назараш мерасид, ки дониш ва тавону салиқаи худро дар бахши мусиқӣ ҳанӯз пурра ба амал татбиқ нанамудааст.
Ҳарчанд ӯ оиладор шуда, фарзанди нахустинашон ба дунё омада буд, ҳамсари вафодораш Дилбар Раҷабова розӣ шуд, ки ӯ ба дунболи шуғли дӯстдоштааш бошад. Ва Бафоев барои такмили дониш дар бахши оҳангсозӣ (композиторӣ) бори дигар роҳи Тошкандро пеш гирифт.
Дар Консерватория ба сифати ассистент-коромӯзи факултаи композиторӣ дар гурӯҳи профессор, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Борис Гиенко таҳсил гирифт. Хатмкардаи Консерваторияи Киев, композитор ва дирижёри нотакрор Алексей Козловский ба ӯ аранжировкаро омӯхт. Композитор аз ҳар ду устоди худ сипосгузор аст...
Ному сурати ин марди шарифи Бухорои Шариф овони кору зиндагӣ дар вилоят тавассути ҷаҳоннамои ҷумҳурӣ, ки гоҳ-гоҳ асарҳояшро намоиш медоданд, бароям ошно буд. Вале дар гӯшаи хаёлам наомада буд, ки баъди чанд сол, дар пойтахт бо ӯ аз наздик шинос шуда, ҳамсуҳбат хоҳам шуд.
Бино ба фикри мутахассиони соҳа, санъати фортепианои Ӯзбекистон бо номи композиторони саршинос иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар байни онҳо номи Мустафо Бафоев мақоми хоссаеро ишғол мекунад. Вай устоди тасвири сиклии фортепиано мебошад.
Осори бадеии М. Бафоев, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон алоқаманданд. Маҳз ҳамин амр таваҷҷуҳи композиторро ба эҷоди асарҳои силсилавӣ тақвият бахшидааст. Маълум аст, ки силсилабандӣ барои мусиқии анъанавии миллӣ хос буда, он дар мақомҳо ҷойгоҳи муҳим дорад.
Бояд қайд намуд, ки бастакор муаллифи жанрҳои телебалет ва телеопера-достон мебошад. Телебалетҳои «Нодира», «Бурҷи Улуғбек», «Нур аз гузашта» ва телеопера-достони «Бухорои Шариф» маҳсули меҳнати ӯянд. Опера-балети «Умари Хайём» шавқбарангез аст.
Дар онҳо муҳаббат ба медитатсия ва андешаронӣ бартарӣ дорад. Масалан, дар «Умари Хайём», хоссатан дар саҳнаи «Муколама бо ситораҳо» ҷаҳонбинии фалсафии композитор ифода ёфтааст.
Ҳамчунин бояд ёдрас намуд, ки дар операи «Умари Хайём»-и ӯ саҳнаҳои ҷашни Наврӯз ба назар мерасанд. Дар оратория-балети «Оинҳои зардуштӣ» оҳангҳои расму русуми қадимӣ эҳё гардидаанд.
Ин ҳамаро якҷо бо забони мусиқии Ғарбу Шарқ ифода карда тавонистан аз ҳунарпешае, ки оҳанг меофарад, дониш ва маҳорати фавқулоддаро тақозо дорад. Чунин ба назар мерасад, ки оҳангҳои тавассути созҳои мусиқӣ танинандозгардидаи композитор дар худ қудсияте дорад.
Аз хок баромадему дар хок шудем,
Осуда баромадему ғамнок шудем.
Ин байти халқӣ ишора ба аз гил (хок) пайдо шудани инсон аст. Дар ривоятҳо омадааст, ки Худованд нахуст замину осмон, офтобу моҳу ситорагон, кӯҳу дарё ва дашту водиҳои сабзро офарид. Вале ҳанӯз навбати офариниши инсон нарасида буд. Парвардгор рӯзе тасмим мегирад, ки Одамро дар биҳишт биофарад. Аз гил пайкари зебои Одамро месозад ва порае аз ҷони худро бар димоғаш медамад. Вале ҷон (рӯҳ) вориди тан нашуд. Найеро бибриду аз он най (сози мусиқӣ) сохт ва навохт. Ҷон бо печутобҳои зиёд ба тан даромад. Ин аст, ки аз тан баромадани он низ осон нест...
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад...
К-аз найистон то маро бибридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд...
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш...
(Ҷалолиддин Балхии Румӣ).
Шояд сабаб ин аст, ки садои пургудози най ва дигар созҳои мусиқӣ қути рӯҳи инсон аст.
Мустафо Бафоев дар тӯли фаъолияти эҷодӣ паҳлуҳои нозуки мусиқии Шарқу Ғарбро аз устодон – композиторони касбӣ Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов, Сулаймон Юдаков ва дигарон омӯхт. Дар навбати худ онҳо ҳунару салиқа ва осори офаридаи шогирди худро баланд арзёбӣ кардаанд.
Вақте хабарнигоре ба яке аз муаллифони суруди миллии Ӯзбекистон – Мутаваккил Бурҳонов суол мекунад, ки оё ӯ ба ҳамаи орзуҳояш расидааст? Ӯ аз ғояти хоксорӣ посух медиҳад: «Як орзу доштам, ки мехостам боз ҷавон шаваму аз композитор Мустафо Бафоев сабақ гирам. Вале ин аз доираи имкон берун аст».
Солҳои таҳсил дар консерватория, пас аз ошноӣ бо яке аз поэмаҳои симфонии Бафоев, устоди ӯ Алексей Козловский, ба ваҷд омада гуфта будааст: «Ту композитори рақами як хоҳӣ шуд!».
– Ин сухани ӯ ҳанӯз дар паси гӯшам садо медиҳад, – гуфт боре дар суҳбат бо ин ҷониб Мустафо Бафоев. – Шояд ин гуфтаи ӯ заминаи воқеӣ надорад, вале он дар тӯли умр каминаро ба аз таҳти дил меҳнат кардан, омӯхтан ва ба пеш рафтан ҳидоят намуд.
Соли 1972 Мухтор Ашрафӣ бо романс-поэмаи ӯ бар ғазали Амир Хусрави Деҳлавӣ ошно шуда, аз маҳорати оҳангсози ҷавон ба ҳайрат меояд.
Мустафо Бафоев дар тӯли умр на танҳо эҷод кард, балки ба тарбияи шогирдон низ рӯйи этибор гардонд. Шогирдони ӯ дар кишварҳои гуногуни дунё: композиторони ҷавон ва магистрҳо Сарвар Юсупов, Ғайратҷон Муҳаммадов, Саид Муҳамедов, Абдусаттор Эркинов аз Ӯзбекистон; Баҳодур Алланиёзов, Ҷамил Чаршемов, Раъно Абатбаева аз Қароқалпоқистон; Бахтиёр Убайдзода, Бахтовар Давлатов аз Тоҷикистон; Эмре Сихан Калелӣ аз Туркия; Нурбону Эмин аз Урумчии Чин; Даниил Сергеев аз Русия ӯро бо камоли ифтихор устоди худ меҳисобанд.
Мустафоака ва холаи Дилбар ду духтар – Моҳигул ва Зулоларо ба камол расонданд. Моҳигул як писару як духтар дорад. Ҳар се касби падару боборо интихоб кардаанд. Муҳаммадҷон скрипка менавозад, Парвина – фортепиано. Ҳоло ҳар ду дар Олмон фаъолият доранд.
Зулола корманди соҳаи тибб, 4 духтар дорад ва ду набера. Ситорабону – блогер, Рухшона – мутахассиси молия, Шокира – дизайнер, Муштарӣ соҳаи тибро интихоб кард.
Ду абера – Алии 5-сола ва Амини 3-сола мояи дилхушии бобову бибианд.
Новобаста аз жанри мусиқии миллӣ, ба мушоҳида мерасад, ки нигоҳи мавсуф ҳамеша пурмазмун, ҳаётӣ ва фалсафист.
Дар Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар тӯли солҳои Истиқлол чанд операи композитор ба саҳна гузошта шудаанд. Операҳои таърихии «Умари Хайм», «Осмони ишқи ман», «Хамса»-и Навоӣ ва операи «Алишер Навоӣ» аз он ҷумлаанд. Интизор меравад, ки соли оянда операи «Амир Темур» низ дар ин саҳнаи бонуфуз ба тамошобинон пешкаш мегардад.
Операҳои «Шайхурраис Ибни Сино» ва «Борбад» чанде қабл дар саҳни Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон гузошта шуда буданд.
Директори Театри миллии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ки ин муассиса дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шуд, изҳор доштааст, ки мавсими нави театри нав бо намоиши операҳои «Шайхурраис Ибни Сино» ва «Борбад» оғоз хоҳад шуд.
Композитори маъруф айни ҳол, дар баробари эҷод дар бахши мусиқии миллӣ, донишу маҳораташро ба насли ҷавон меомӯзонад. Ӯ муаллифи 7 опера, 10 оратория, беш аз 30 консерти созӣ ва 200 суруду романс мебошад.
Дар эҷодиёти Мустафо Бафоев асарҳои фортепионоӣ ва хорӣ ҷойгоҳи хос доранд. Осори саршор аз колорити миллӣ, образҳои нотакрори драматикӣ ва лирикии ҳаяҷонбарангези ӯро мутахассисони соҳа баланд арзёбӣ кардаанд.
Меҳнат ва дастовардҳои эҷодии композитори маъруф аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қадр гардидаанд. Ӯ тибқи фармони Президент бо орденҳои «Фидокорона хизматлари учун» ва «Меҳнат шуҳрати» сарафароз гардонда шудааст.
Мо бар онем, ки вуқуфи комил аз нозукиҳои мусиқии Шарқу Ғарб, дониши фарох, истеъдоди фитрӣ, мутолиаи пайваста ва меҳнати содиқона Мустафо Бафоевро ба қуллаи мақсад расондааст.
Маэстро баъди чанде ба зинаи мубораки 80-уми умр қадам мегузорад. Ба ин муносибат ӯро аз номи мухлисони сершумораш ва хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» самимона табрик менамоем. Умедворем, ки ӯ бо дилу рӯҳи ҷавон ва хиради ба инсонҳои солору хирадманд хос бо осори нав ба нави мусиқӣ табъи мухлисони сершуморашро болида месозад.
Абдулло СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».