Марзҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ

Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон эътимоди сиёсиро пайваста таҳким бахшида, робитаҳои иқтисодиро густариш медиҳанд ва барои ҳамкориҳои дарозмуддат заминаи боэътимод фароҳам меоранд.

Се давлати ҳамсоя, ки халқҳояшонро таърихи муштарак, фарҳанг, анъана ва муносибатҳои неки ҳамсоягии чандинсола ба ҳам мепайванданд, тадриҷан ихтилофоти пешинаро паси сар намуда, ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ ворид мегарданд. Имрӯз ҳамкориҳои байни онҳо ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими субот ва рушди Осиёи Марказӣ табдил меёбанд.

Дар ин раванд иродаи сиёсии роҳбарони се давлат – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров нақши калидӣ дорад.

Кушодани сарҳадҳо, содагардонии равуои мутақобила, барқарор намудани робитаҳои оилавию фарҳангӣ, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои соҳибкорӣ ва савдо – ҳамаи ин муносибатҳои неки ҳамсоягиро на танҳо ба як эъломияи сиёсӣ, балки ба ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии рӯз-марраи мардум табдил медиҳад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин масир мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳо буд, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ба имзо расидани Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ марҳалаи нави ҳамкориҳои минтақавиро муайян кард.

Тасдиқи амалии идомаи ин раванд Форуми IV байналмилалии соҳибкории «РОСТ» мебошад, ки 29-30 октябр дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Рушди агломератсияҳо ва шаҳрҳои хурд тавассути лоиҳаҳо ва сармоягузорӣ – 2026» баргузор гардид. Яке аз рӯйдодҳои марказии ин чорабинӣ муаррифии монографияи дастаҷамъонаи «Ҳамкориҳои байниминтақавӣ: дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон» буд.

Китоби мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нашриёти «Ношир» ба табъ расида, аз 852 саҳифа иборат аст. Роҳбари илмӣ ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Корманди шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдушукур Назаров мебошад.

Нашри мазкур ба рӯйдоди таърихӣ – ба имзо расидани Эъломия дар бораи дӯстии абадӣ ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бахшида шудааст. Монография таҳти роҳбарӣ ва бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба чоп омода гардидааст.

Дар таҳияи асар олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи се давлат иштирок кардаанд. Дар байни муқарризон намояндагони ҷомеаи илмии Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия низ ҳастанд. Аз ҷумла, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қаландар Абдураҳмонов.

Хусусияти фарқкунандаи ин асар муносибати фарогир ба омӯзиши робитаҳои байниминтақавӣ мебошад. Муаллифон на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил мекунанд, балки шароити иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалии амиқтар гардидани ҳамкориҳоро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Сохтори монография нӯҳ самти бузурги мавзӯиро фаро мегирад. Қисми назарраси маводи он ба минтақаҳои мушаххас – вилояти Суғди Тоҷикистон, вилоятҳои Тошканд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бахшида шудааст.

Ташаббускори таҳияи ин асари илмӣ роҳбарияти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо олимони пешсафи минтақа мебошад. Тавре раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сарсухани китоб қайд мекунад, монография яке аз аввалин корҳои муштараки олимон ва мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқи се давлат дар 30 соли охир ба шумор меравад. Ӯ дар бораи аҳамияти мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳо дар Хуҷанд ва нақши вилояти худ дар рушди шарикӣ муфассал изҳори назар мекунад.

Ба арзёбии ӯ, вилояти Суғд дар ҳаёти иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон аз лиҳози таърихӣ мавқеи хос дорад. Ӯ ин минтақаро чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ва дарвозаи тиҷоратии шимолии иқтисодиёти кишвар меномад. Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дар тӯли асрҳо яке аз марказҳои муҳими савдо ва ҳунармандӣ буда, Осиёи Марказиро бо Ҳиндустон, Эрон, Русия, Аврупо, Қафқоз ва Чин мепайваст.

Раиси вилояти Суғд ба он аҳамияти махсус медиҳад, ки созишномаҳои бадастомада на танҳо ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, балки ба фаъол гардидани робитаҳои байни минтақаҳо низ мусоидат карданд. Далели амалии ин раванд рушди тиҷорати мутақобила мебошад. Тибқи маълумоти овардашуда, соли 2025 гардиши савдои вилояти Суғд бо минтақаҳои Ӯзбекистон ба 423,6 миллион доллар расида, нисбат ба соли қаблӣ 30,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми савдо бо минтақаҳои Қирғизистон 34,3 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2024 тақрибан се баробар зиёд мебошад. Дар соҳаи энергетика низ имкониятҳои назарраси ҳамкорӣ мавҷуданд. Намунаи равшани он сохтмони НБО-и Ёвон бо иқтидори 140 мегаватт мебошад. Бунёди ин неругоҳ 2 июни соли 2022 бо иштироки президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ин иншооти гидроэнергетикӣ нахустин лоиҳаи бузурги муштараки ду кишвар дар соҳаи энергетика ба шумор меравад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид мекунад, ки роҳбарияти вилояти Суғд омода аст, то барои татбиқи ҳадафҳои стратегии роҳбарони се давлат ҷиҳати амиқтар намудани ҳамкориҳо тамоми саъю кӯшиши худро равона созад.

Дар сарсуханҳое, ки ҳокимони вилоятҳои Тошканд ва Фарғонаи Ӯзбекистон омода кардаанд, низ назари фарогир оид ба иштироки Ӯзбекистон дар ҳамкориҳои байниминтақавӣ баён шудааст.

Ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев қайд мекунад, ки муносибатҳои се кишвар дар солҳои охир ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарон ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Ташаккули фазои эътимод, барқарор гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши робитаҳои мутақобила аз дастовардҳои муҳим дар ин самт ба шумор мераванд.

Вилояти Тошканд дорои иқтидори назарраси иқтисодӣ буда, яке аз марказҳои калидии саноатӣ, нақлиётиву логистикӣ ва сармоягузории Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори рушдёфта ва фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таҳкими робитаҳо бо вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ӯши Қирғизистон имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.

Зоир Мирзоев кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, энергетика ва сайёҳиро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ном мебарад. Таъкид мешавад, ки ҷонибҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак имкониятҳои васеъ доранд. Суханони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев – «Мо гузаштаи ягона ва ояндаи муштарак дорем, ки дар он манфиатҳои ҳаётан муҳими мо ба ҳам мувофиқанд. Ба ҷуз аз густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, мо интихоби дигар надорем» ҳамчун заминаи рушди минбаъдаи муносибатҳо оварда шудаанд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров низ назари худро оид ба ҳамкориҳои сеҷониба баён кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки дар тӯли нӯҳ соли охир муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас таҳким ёфтаанд. Дар ин раванд сиёсати хориҷии кушода, прагматикӣ ва сулҳҷӯёнаи Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, нақши муҳим бозидааст.

Хайрулло Бозоров як қатор нишондиҳандаҳоро меорад, ки динамикаи иқтисодии минтақаро инъикос мекунанд. Аз ҷумла, маълумоти марбут ба ҳузури соҳибкорони тоҷик ва қирғиз дар вилояти Фарғона қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ин минтақа 25 корхона бо иштироки сармояи Тоҷикистон, аз ҷумла 11 корхонаи муштарак ва 14 корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, 52 корхона бо иштироки сармояи Қирғизистон, аз ҷумла 26 корхонаи муштарак ва ҳамин миқдор корхона бо сармояи хориҷӣ фаъол мебошанд. Солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои сармоягузорӣ аз Тоҷикистон ба вилоят 25-30 миллион доллар ва аз Қирғизистон 12,7 миллион доллар сармоя ҷалб шудааст.

Бо Қирғизистон татбиқсозии ҳафт лоиҳа ба маблағи 42 миллион доллар идома дорад, ки се лоиҳаи он ба маблағи 2,5 миллион доллар аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо Тоҷикистон бошад, шаш лоиҳаи бузург ба маблағи 42 миллион доллар амалӣ мегардад. Ҳокими вилояти Фарғона ҳамчунин ба дурнамои афзоиши фаъолнокии сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Маълумоти дар монография овардашуда имкон медиҳад, ки тасвири фарогиртари ҳамкориҳои мутақобила ба даст ояд. Масалан, гардиши моли вилояти Фарғона бо Қирғизистон аз 107,5 миллион доллари соли 2023 то 162,2 миллион доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст. Савдо бо Тоҷикистон дар ҳамин давра аз 42,9 миллион то 64,6 миллион доллар расидааст.

Омӯзиши муносибатҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо Ӯзбекистон низ натиҷаҳои ҷолибро нишон медиҳад. Тибқи маълумоти монография, соли гузашта гардиши савдои байни онҳо аз 324,8 миллион доллари соли қаблӣ ба беш аз 423,6 миллион доллар расидааст. Ҳамзамон, содироти вилояти Суғд ба Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон барои минтақаи ҳамсоя то чӣ андоза бозори муҳим ба шумор меравад.

Омори вилояти Намангон аз густариши имкониятҳои содиротии минтақаҳои Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 2020-2025 ҳаҷми умумии содироти вилоят ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 145 миллион то 360 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Содирот ба Тоҷикистон аз 80 миллион то 190 миллион доллар ва ба Қирғизистон аз 65 миллион то 170 миллион доллар расидааст.

Таҳқиқоти мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо дар якчанд сатҳ – аз созишномаҳои сиёсӣ ва стратегияҳои минтақавӣ то ҳаҷми гардиши савдо, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва робитаҳои нақлиётӣ мавриди арзёбӣ қарор гиранд.

Дар ин раванд Ӯзбекистон нақши махсус дорад. Ташаббусҳои Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев барои ба муҳтавои амалӣ ғанӣ гардондани робитаҳои байнидавлатӣ шароити мусоиди сиёсӣ фароҳам оварданд. Маълум аст, ки муваффақиятҳои минбаъда то андозае аз он вобаста хоҳанд буд, ки имкониятҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ, иқтидори илмӣ ва соҳибкорӣ то чӣ андоза босамар истифода мешаванд. Дар ниҳояти кор, маҳз дар сатҳи минтақавӣ қарорҳои сиёсӣ аҳамияти амалӣ пайдо намуда, бевосита ба сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонанд.

Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди мутақобилан судманд дорои имкониятҳои назаррасанд. Иҷрои пайгиронаи уҳдадориҳои қабулшуда метавонад муносибатҳои неки ҳамсоягиро ба омили устувори рушди иқтисодӣ, суботи минтақавӣ ва некуаҳволии умумии се халқи бародар табдил диҳад.

Муҳаммад Алӣ САИДОВ,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ҳамоҳангсоз ва муҳаррири масъули монография оид ба Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: