Рӯзи парчами давлатӣ муносиб ҷашн гирифта шуд

18 ноябри соли равон дар мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Ташаббускорон барои дар сатҳи муносиб таҷлил намудани ин сана талош варзида, ба мақсади худ ноил шуданд. Аз ин рӯ, саҳни мактаб ҳусни идона гирифта буд.

Дар чорабинӣ раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи "Чашма" Фаррухҷон Мамаҷонов, омӯзгорон ва хонандагон фаъолона иштирок карданд. Барномаи чорабинӣ аз чанд бахш иборат буда, суруди миллӣ, маълумоти муҳим дар бораи парчам, қироати шеърҳо дар васфи он, рақс ва қисми фароғатиро дар бар мегирифт.

Омӯзгори фанни таърих Зафарҷон Назаров дар ҳамкорӣ бо хонандагони синфи 8-уми «А» барои рангину хотирмон баргузор шудани чорабинӣ заҳмат кашид, ки ин иқдом сазовори эҳтирому қадрдонии ҳозирин гардид.

Устоди ботаҷрибаи мактаб Мелибой Ҷӯраев аз ҷараёни чорабинӣ ба ваҷд омада, оид ба ливои кишвари азизамон – Ӯзбекистон чанд андешаи худро бо такя ба далелҳои дақиқ баён кард. Ӯ ба ҳамаи иштирокдорони барнома изҳори сипос намуд.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: