ё худ китобу рӯзномахонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст магар?!
Имрӯз мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника босуръат рушд карда, интернет ба яке аз воситаҳои асосии дастрасӣ ба ахборот табдил ёфтааст. Ҳар гуна хабару навгонӣ, воқеаву ҳодисаҳои ҷолибу пурсарусадо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар фурсати кӯтоҳ дастраси мардум мегарданд. Инчунин, бартарии ин восита дар он аст, ки мову шумо метавонем дар як лаҳза аз рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ шавем ва онҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ ба дигарон низ расонем.
Аммо ин ҷо мақсаду мароми мо дигар аст. Оё рӯ овардан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, маънои даст кашидан аз рӯзномахониву мутолиаи китобро дорад? Чаро рӯз то рӯз шумораи мардум, ки китобу рӯзнома намехонанду нисбат ба мутолиа беэътиноянд, меафзояд?
Агар сабаби инро пурсон шавем, эҳтимол, аксар чунин посух диҳанд: «Чӣ ҳоҷат ба рӯзномахонӣ? Ана, аз интернет ҳамаашро хонда истодаам-ку! Рӯзномаву китобҳо ҳама онлайнанд...»
Ба чунин ашхосе, ки аз мутолиаи китобу рӯзнома даст кашидаанд, мо низ саволе дорем: Оё дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, чун Амрико, Ҷопон, Чин ва монанди ин, телефони мобилӣ ё интернет вуҷуд надорад? Пас, чаро дар ин кишварҳо ҳанӯз рӯзномаҳо бо теъдоди зиёд, ҳатто бештар аз миллион нусха чоп мешаванд? Барои чӣ дар аксари ин кишварҳо китобхониву рӯзномахонӣ то ҳол ҷойгоҳи худро аз даст надода, ҳатто ба як ҷузъи фарҳанги зиндагии мардум табдил ёфтааст?
Пас, метавон гуфт, ки истифодаи интернет ҳаргиз маънои даст кашидан аз мутолиаи китобу рӯзномаро надорад. Охир, хуб медонем, ки китобхониву рӯзномахонӣ зеҳни инсонро сайқал дода, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ӯро васеъ мегардонад. Андешаро равшантар ва доираи маърифатро фарохтар месозад. Ин ҳақиқатро имрӯзҳо олимони ҷаҳон низ таъкид мекунанд ва ба гумонам, барои исботи он дигар ҳоҷати баҳсу муҳокима нест.
Устод Айнӣ ҳанӯз дар замони худ дуруст таъкид кардаанд, ки «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».
Ин суханони пурҳикмат аҳаммият ва зарурати ташкили рӯзномаро дар ҳаёти маънавии ҷомеа бараъло таҷассум менамояд.
Дар мавриди дигар, аз мардум даъват мекунанд, ки «Ҳама якдилу якзабон шуда чанг ба домани рӯзнома занем, яъне фурсатро аз даст надода, ба воситаи рӯзномаҳо фикри худро танвир (равшан) ва маълумоти худро тавсеъ (фарох) намоем».
Оре, рӯзнома оинаи зиндагӣ, ҳамрозу ҳамнафаси ҳар яки мост. Аммо имрӯз сафи хонандагони рӯзномаҳо кам шуда, таваҷҷуҳу дастгирии мардум нисбат ба матбуоти даврӣ низ рӯ ба коҳиш овардааст. Албатта, бо баёни ин мулоҳизот гуфтанӣ нестем, ки мардум бо шабакаҳои иҷтимоӣ кам сару кор гиранд. Мақсади мо он аст, ки ҳар як шахс дар баробари истифодаи интернет, барои мутолиаи китобу рӯзнома низ вақт ҷудо намояд. Зеро, тавре дар боло ишора кардем, мутолиаи рӯзномаҳои даврӣ ва китобҳои бадеӣ пеш аз ҳама ба манфиати худи мост.
Фикр мекунем, ки агар дар ҳар як оила як нафар ташаббус нишон дода, китоб ё рӯзномаеро ба даст гирад, оҳиста-оҳиста дигар аъзои оила низ ба ӯ пайравӣ хоҳанд кард. Метавонем бо боварӣ бигӯем, ки фарҳанги мутолиа пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад. Бубинед, бародарони ӯзбек мақоли хеле пурмаъное доранд: «Парранда он чиро дар лонааш дидааст, онро анҷом медиҳад». Ҳақ асту рост. Агар мо худ ташаббускор набошем ва дигаронро ба китобхониву рӯзномахонӣ ташвиқ накунем, пас, кӣ метавонад ба ин мушкили имрӯза роҳи ҳал ҷӯяд?
Боре бо марди зиёӣ Боймуҳаммад Расулов ҳамсуҳбат шудам. Мавсуф аз илмҳои диниву дунявӣ хуб огоҳ буда, дорои дониши фарох ва ба маънои том, инсони фарҳангист. Зимни суҳбат сухан аз китобу рӯзнома ва аҳаммияти мутолиа рафту эшон чунин нақл карданд:
– Чанде пеш сарватманде моро ба зиёфат даъват кард. Ба хонаи ӯ рафтем ва гирди дасторхон нишастем. Соҳибхона, ки меҳмонхонаи худро бо таҷҳизоти гаронбаҳои хориҷӣ муҷаҳҳаз карда будааст, дар ҳар сари сухан аз сафарҳои хориҷӣ ва ашёи қиматбаҳое, ки аз дигар кишварҳо харидааст, бо шавқу ҳавас нақл мекард. Ҳама ба суханонаш гӯш медодем. Дар миёни мо омӯзгори китобдӯсте низ нишаста буд, ки худ қалами хуб дошт. Ӯ мехост ба соҳибхона чизеро ёдрас намояд, аммо фурсат намеёфт.
Ниҳоят, пас аз зиёфат берун баромадем. Ҳангоме бо навбат дар обрезаки булӯрин даст мешустем, омӯзгор бо табассуми малеҳе ба соҳибхона рӯ оварда, бо нармӣ гуфт, ки «Бародар, барои бунёди ин хонаву дар заҳмати садчандон кашидаед. Офарин! Аммо дар ин манзили зебоятон як камбудие ба назарам расид».
Соҳиби хона гӯшу ҳуш шуд ва хоҳиш кард, ки камбудиро бигӯяд.
«Ин ҳама таҷҳизоте, ки бо нархи гарон аз хориҷ овардаед, албатта, ба ҳусни хонаатон ҳусн зам намудааст. Вале хуб мешуд, агар дар як гӯшаи хонаатон ҷевони китоб низ мегузоштед. Бовар кунед, он ба нури ин хонадон меафзуд...»
Соҳибхона каме хиҷолат кашид ва ниҳоят иштибоҳи худро эътироф намуда, ваъда дод, ки дафъаи дигар, вақте ба хонаашон меоем, ҳатман ҷевони китобҳоро хоҳем дид.
Мо бо табъи болида аз он ҷо берун омадем. Хушҳол будем, ки ҳанӯз ҳам дар миёни мо мардони китобдӯсту рӯзномахон кам нестанд ва ҳастанд афроде, ки умри худро сарфи тарғиби маърифат мекунанд. Воқеан, он омӯзгор бо чанд сухани самимӣ тавонист дар дили соҳибхона нисбат ба китобу китобхонӣ меҳру рағбат бедор созад. Ин воқеа бори дигар собит кард, ки тарғиби фарҳанги китобхонӣ то чӣ андоза муҳим аст.
Гуфтаниҳо ҳанӯз зиёданд... Аммо мехоҳам андешаҳои худро бо ин суханони пурҳикмати Нозим Ҳикмат ҷамъбаст намоям: «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар мо насӯзем, пас торикиҳоро кӣ равшанӣ мебахшад?!»
Бо як сухан, ҳар яки мову шумо бояд тарғибгари китобу рӯзнома бошем. Рӯзномаҳои давриро сари вақт мутолиа кунем, барои дастгирии матбуоти даврӣ бо хоҳиши худ обуна шавем. Охир, вақте як китоб ё як шумораи рӯзнома ба хонадони шумо ворид мешавад, ҳамаи аҳли оила хоҳу нохоҳ онро ба даст мегиранд ва бешубҳа, ҳар яке ба андозаи фаҳму завқи худ аз он ғизои маънавӣ мегирад. Ҳамин тавр не?
Умедворам, ки хонандаи азиз дар баробари истифода аз имкониятҳои интернет аз матбуоти даврӣ низ баҳра хоҳад бурд ва пас аз мутолиаи ин навиштаҳо дар як гӯшаи манзили худ барои китобу рӯзнома ҷойгоҳи махсусе таъсис хоҳад дод.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН.
ноҳияи Сариосиё.