Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола, ки Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзҳои охир дар майдонҳои Қатар баргузор мекунад, пеш аз ҳама, майдони кашфи истеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нав ва ситораҳои ояндаи футбол маҳсуб мешавад.
Дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон дар ин мусобиқа нахустин бозии худро бо ҳамсолони ҷисман қавии Кот-д’Ивуар анҷом дода, рақобати баробар нишон дод. Мутаассифона, дар дақиқаҳои охири дидор як гол сар дода, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Аммо футболбозони мо дар бозии дуюм бо дастаи Ямайка, сарфи назар аз он ки дар ҳисоб аз рақиб қафо монданд, тавонистанд ба дарвозаи ҳариф шаш гол зананд ва мағлубиятро ба пирӯзӣ табдил диҳанд.
Акнун дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби мо бо дастаи Италия, қаҳрамони феълии Аврупо, рӯ ба рӯ мешавад. Табиист, ки марказҳои таҳлилии омори футбол имкони ғалабаи футболбозони аврупоиро дар ин рақобат каме бештар арзёбӣ мекунанд.
Аз ҷумла, модели мустақили омории Dongqiudi эҳтимоли натиҷаи бозиро чунин пешгӯӣ кардааст:
- Ғалабаи Ӯзбекистон – 30 дарсад;
- Мусовӣ – 25 дарсад;
- Ғалабаи Италия – 45 дарсад.
Албатта, ҳамаи ин танҳо пешгӯиҳои пеш аз бозиянд. Натиҷаи ҳеҷ як дидорро пешакӣ муайян кардан имкон надорад. Хусусан дар футболи наврасону ҷавонон. Зеро дар футбол ҳама чиз дар майдон ҳал мешавад.
Бесабаб нест, ки сармураббии мунтахаби Италия Даниэле Франческини низ пеш аз бозӣ дастаи Ӯзбекистонро мунтахаби дорои футболбозони босифат ва аз лиҳози тактикӣ хуб омодашуда арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки ин рақобат осон нахоҳад буд.
Футболбозони ҷавони мо дар ду бозии аввал собит карданд, ки ҳатто дар вазъиятҳои душвор низ метавонанд мубориза баранд ва иродаи қавӣ нишон диҳанд. Бовар дорем, ки онҳо дар рақобат бо Италия низ, новобаста аз натиҷаи ниҳоӣ, тамоми маҳорату қобилияти худро ба кор хоҳанд бурд.
Ҳамлагари мунтахаби Ӯзбекистон Суҳроб Садирҷонов пас аз он ки ба дарвозаи Ямайка се гол зад, яке аз кашфиётҳои чемпионати ҷаҳон дар Қатар эътироф гардид.
Ҳамчунин, Муҳаммад Ҳакимов кайҳост, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии футболро ба худ ҷалб кардааст. Ӯ моҳи октябр таҳти роҳбарии Фабио Каннаваро дар ҳайати мунтахаби миллии Ӯзбекистон низ нахустин бозии худро анҷом дода, ҳамчун ҷавонтарин футболбозе, ки дар ҳайати дастаи асосии кишвар ба майдон баромадааст, номи худро дар таърихи футбол сабт кард.
Ҳамаи бозигарони мунтахаби наврасони Ӯзбекистон (U-17) ҳамчун насли нави футболи кишвар қадам ба ҷаҳони футболи бузург мегузоранд. Умедворем, ки аз миёни онҳо футболбозоне ба камол мерасанд, ки қодиранд дар футболи ҷаҳонӣ ба қуллаҳои баланд бирасанд. Ба дастаи мунтахаби мо дар бозиҳои минбаъда барору муваффақият орзумандем.
Зоҳир ТОШХӮҶАЕВ,
рӯзноманигори варзишӣ