ОСОРХОНАИ ДАВЛАТИИ МЕРОСИ ҶАДИДОН

Дар ҷамъомади васеъи Шӯрои маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ 22 декабри соли 2023 Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев дар бораи дар шаҳри Бухоро ташкил намудани музейи давлатии мероси ҷадидон супориш дода буд.

 Бо ҳамин мақсад дар маҷмӯи Ҳавлии Поён  (ҳавлии Усмонхӯҷа Пӯлодхӯҷаев)-и кӯчаи Хӯҷа Гулрези ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳамид Олимҷон»-и шаҳри Бухоро созмон додани ин осорхона ба нақша гирифта шудааст.


Ҳавлии номбурда солҳои 1860-1870 бунёд гардида, он намунаи беҳтарини меъмории нафис ба шумор меравад. То қарибиҳо ин бино вазифаи меҳмонхонаро иҷро мекард. Замоне дар ин ҷо мактаби услуби нав фаъолият дошта, ба толибилмон аз фанҳои забони модарӣ, математика, таърих, география ва ғайра бемузд таълим дода шудааст.
Бо саъю кӯшиши Бунёди рушди фарҳанг ва санъат ин объекти таърихӣ ба тасарруфи давлат баргардонида шуд. Бо мақсади ба осорхона табдил додани ин бино ҷараёнҳои таъмиру таҷдид ва бозсозӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар музей дастхат ва чизу чораи намояндагони ҳаракати ҷадидӣ, дастнависҳои ниёгон, адабиётҳо оиди асри XIX, китобҳо вобаста ба фарҳанг гузошта мешавад.
Ҳокими вилоят Б. Зарифов бо ҷараёни корҳо вобаста ба омодасозии музей аз наздик шинос шуд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: