САЛОҲИЯТИ САНОАТИ НОҲИЯИ ФАРҒОНА ТАШАККУЛ МЕЁБАД

  • САЛОҲИЯТИ САНОАТИ НОҲИЯИ ФАРҒОНА ТАШАККУЛ МЕЁБАД
  • САЛОҲИЯТИ САНОАТИ НОҲИЯИ ФАРҒОНА ТАШАККУЛ МЕЁБАД

Салоҳияти саноати деҳаҳои ноҳияи Фарғона торафт рушд меёбад, аз ҳисоби ба кор пардохтани лоиҳаҳои нав аҳолӣ бо кор таъмин мегардад.

Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳодур Лоғон текстил»-и корхонаи саҳҳомии Ӯзбекистон – Таиланд дар деҳаи Лоғони ноҳия алҳол 1800 нафар коргар меҳнат мекунанд. 1400 нафари он занону духтарон мебошанд. Барои ташкили корхонаи истеҳсоли риштаву калоба ба миқдори 62 миллион доллари ИМА сармоя дохил карда шудааст. Корхона имконият дорад соле 18 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кунад. Ашёи хоми пахта аз хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Фарғона, Қува ва Ёзёвон оварда мешавад. Дар корхона, ки 3 сол боз фаъолият мебарад, ҳаҷми истеҳсол торафт меафзояд, ки ин ба барпо шудани ҷойи нави кор барои аҳолии деҳа мусоидат мекунад. Инчунин, ба мақсади афзудани салоҳияти саноати ноҳия, таъмини бо шуғлфарогирии аҳолии бекор, баланд бардоштани экспорт дар ин ҷо лоиҳаи нав ба амал бароварда шуда, истеҳсоли матоъ ба роҳ монда шуд. Арзиши лоиҳа 6,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар чаҳорчӯби лоиҳа аз Италия дастгоҳи бофандагӣ оварда шуда, дар як рӯз истеҳсоли 20 тонна матоъ ба роҳ монда шуд. Имрӯз маҳсулоти корхона ба  Итолиё, Русия, Озарбой-ҷон ва Қазоқистон экспорт карда мешавад.
Дар сурат: дар ҶММ «Баҳодур Лоғон текстил».
Суратгир:
 М. ҚОДИРОВ. (ӮзА).         

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: