СОҲИБКОРИ ХУДРӮЙ ВА МУВАФФАҚ

Ин толори васеъ ва мӯҳташам, ки аз фарш то сақфи баланди қисмати пешаш комилан оинабанд аст, дар қади роҳи калони маҳаллаи «Ҳалқобод» воқеъ афтодааст.

Ин роҳ боз ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳои «Гулобод» ва «Карсагон»-ро ба ҳам пайваста, дарёи Хоҷаи Покро гузашта, ба деҳаҳои дигари ноҳияи Олтинсой мебарад. Аз ин рӯ, ҳамеша серодам аст. 
Дар ҳамин толори муҳташам, ки вазифаи мағозаро низ дар ӯҳда дорад, маҳсули дастони мӯъҷизаофари устоҳои номии корхонаи оилавии «Файз-мебел» бо салиқаи хосе чида шудаанд. Дар берун, дар соядави дарахтон ҳам чандин сандуқ, мизу курсӣ, ҷиҳозу муҳимоти дигари хона ба назар мерасанд, ки ба раҳгузарон мавҷудияти як коргоҳи мебелсозиро намоиш медиҳанд. Аз субҳи содиқ то шоми торик ин ҷо серодам аст. Аз ду бари кӯча мошинҳоро гузошта, харидорони зиёде вориди мағоза мегарданд. Акаи Исматуллоҳ, марди миёнақади хандонрӯ, аз саҳар то бо пазироии харидорон андармон аст. Маҳсулоти тайёрро муаррифӣ мекунад, як-як нархашро гуфтаву то ҳадди имкон аз сифати хубашон сухан ба миён меоварад. Он сӯтар – дар як гӯшаи ҳавлии саросар дарахтзор бинои коргоҳ ҷойгир шудааст ва аз дохили он мунтазам овози дастгоҳҳои муқтадир, чун арраи барқӣ, харротӣ, суфтагариву васлнамоӣ ба гӯш мерасанд. Се-чор ҷавон пайваст машғули кор ҳастанд. Ҳар кадом вазифаи худро доранд ва ҳангоми зарурат машварат карда, дубора аз пайи шуғли худ мераванд. Онҳо аз тахтачӯби «МДФ» ва ашёи хоми дигар андоза гирифтаву қисмҳои ҷевони китоб, зарфҳои рӯзгор, мебели ошхона, мизу курсӣ, хуллас, даҳҳо намуди маҳсулоти мебелиро мебуранд ва ба ҳам васл намуда, билохира ба шакли маҳсулоти тайёр медароваранд.
Чунин коргоҳҳо дар ҷумҳурии мо хеле зиёданд, аммо дар як гӯшаи дури Ватан, дар деҳаи кӯҳистоние дидани ин хел корхона барои ман фараҳбахш буд. Вуҷудамро ҳисси ифтихор фаро мегирифт, ки ҷавонони имрӯза танбал нестанд, балки ҳушёранд, зираканд ва пайравони босуботи роҳбари давлати худ ҳастанд. Хишти аввали фардои хурахшони худро шуҷоъмандона мегузоранд. Ман натиҷаи саъю талошҳои ҳукумати ҷумҳуриро, ки барои ҷавонон роҳи васеъ кушодаву пайваста онҳоро барои соҳибкорӣ ҳидоят мекунад, дида, рӯҳбаланд мешудам. Воқеан, сарвари давлатамон соҳибкоронро  муттакои худ хонда, барояшон шароити заруриро фароҳам сохтааст. Фардои дурахшони Ватан аз матонат, маърифат, саховат, кордонӣ ва часпу талошҳои шаборӯзии соҳибкорон дар роҳи рушд додани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва дар зимн бо кори доимӣ таъмин намудани қишри бекори ҷамъият вобаста аст. 
Бо назардошти ин тақозои ҳукумату ҷомеаи нав Саидалӣ Тошматов ҳам дар як деҳаи дурдасте бо номи маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳияи Олтинсой ба коргоҳи наве асос гузошт, ки ҳоло чандин сол аст босамар кор карда, бо маҳсулоти хушсифати худ вориди хонаҳои мардуми маҳаллӣ мегардад. Ин соҳибкор аз замони мактабхонӣ ба пешаи дуредгарӣ меҳр монда, бо нишондоди падараш Исматуллоҳ Тошматов ва маслиҳату машварати амакаш Рӯзибой Тошматов пайгирона барои омӯхтани ин касб машғул мегардид. Ба шогирдии устоҳои номвари деҳа даромада, дасти худро рост менамуд. Вай соли 2004 ба шаҳри Деҳнав рафтаву ба шогирдии усто Давлати Синавӣ гузашт ва дар коргоҳи ин марди шариф басо заҳмат бурдаву ба дараҷаи як устои пешқадами мебелсоз расид. Баъдан, бо дуои устодаш дар хона ба кори мустақил оғоз карда, аммо аз набудани шароит ба танг омад ва ногузир барои кор ба Русия рафт. Он солҳо аз бонкҳо пул гирифтан машаққат дошт ва соҳибкорон аз набудани сармояи аввал басо ранҷ мебурданд. Ин аст, ки Саидалӣ ҳам барои такмили кори худ маблағи корой наёфт ва ногузир муҳоҷири меҳнатӣ шуд. Соли 2007 ба шаҳри Орехово Зуевои вилояти Владимирски Русия омад ва ҳарчанд корҳои хубе пешниҳод карданд, аммо Саидалӣ маҳз ба коргоҳи мебелсозии ин шаҳр ҷойи кор интихоб намуд. Барои ин ҷавони кӯшо такмили таҷриба заруртар буд. Вай дар ин ҷо бо намудҳои замонавии сохтани мебел шинос гардид ва миқдоре сармоя ҷамъ овардаву таҷҳизоти содатаре харид намуд. Ин тавр ба зодгоҳ баргашта, нахустин қадамҳои бомувафақияти худро дар соҳаи сохтани мебелҳо гузошт. Дар ибтидои кор чизҳои содае месохт ва ҳамин чизи содасохти ӯ низ дар деҳа қадр меёфт. Пайваста харидорон пайдо мекард. Аммо ҳанӯз ин усули корҳо соҳибкори ҷавонро қонеъ намекарданд.
– Ман соли 2012 бори дигар ба Русия сафар намудам. Ин дафъа ба шаҳри Маскав расидаву шаш моҳ дар яке аз фабрикаҳои мебелсозии ин ҷо кор кардам. Ҳам таҷриба андӯхтам ва ҳам сармоя ҷамъ овардам, – нақл кард Саидалӣ.
Вай шаш моҳи корро дар Маскав кофӣ донист ва дубора ба ватан омадаву барои такмили коргоҳи худ пардохт ва танҳо соли 2017 муваффақ гардид, ки дар ивази 3300 доллари ИМА аз шаҳри Тошканд дастгоҳи замонавие харад ва дар сехи худ насб намояд.
– Он рӯз хурсандии оилаи моро ҳадду каноре набуд,– мегӯяд Саидалӣ ва маро ба сари он таҷҳизоти барқӣ мебарад, ки аз як мизи мусаттаҳи шаффоф иборат буда, аз миёни ду дарзи суфратахтаи он дандони тез ва ниҳоят маҳини арра намудор мегардид. Саидалӣ ба ваҷд омадаву аз сифати хуби кори ин арраи барқӣ мегуфт ва ман аз дурахши чашмони ӯ дарёфтам, ки азми ин ҷавони соҳибкор дар роҳи расидан ба мақсад хеле қатъӣ аст ва часпу талошҳояш касро рӯҳбаланд месозанд.
Ҳамин хел, соли 2017 барои коргоҳи мебелсозии Саидалӣ соли бобароре гашт ва ӯ тавонист, ки дар муддати кӯтоҳе зуд тараққӣ кунад ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандааш низ афзоянд. Саидалӣ Тошматов то соли 2022 чун соҳибкори инфиродӣ амал мекард ва сар аз ин сол сехи мебелсозии худро ба Коргоҳи оилавии «Файзмебел» мубаддал сохт ва аз рӯйхати ҳукумат гузашта, ҳоло бо аҳли оила корҳоро пеш мебаранд. Даврон Ғаниев ҳам аз устоҳои номии ин коргоҳ ба шумор меравад, ки тибқи нишондоди Саидалӣ ҳар як деталро андоза мегирад ва мустақил буридаву васл месозад. 
– Ҳоло аз байни таборон ду нафар шогирд низ гирифтаем, ки мунтазам асрори мебелсозиро меомӯзанд ва дар ояндаи наздик ба ҳайси коргари мустақил ба кор хоҳем пазируфт ва маоши бештаре пардохт хоҳем намуд, – гуфт сардори Коргоҳи оилавии мебелсозии «Файзмебел» Саидалӣ Тошматов.     
Аз суҳбат бо ин ҷавони дидадаро дарёфтам, ки минбаъд вобаста ба талаботи замона ба шумори номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда афзуда хоҳад шуд. Маълум гардид, ки «Файзмебел» айни ҳол зиёда аз 20 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад ва вориди бозорҳои дохилӣ сохта, даромаде ба даст меорад. Инчунин ният доранд, ки оянда коргоҳро васеъ намуда, нафари коргаронро низ зиёд созанд. Усто Саидалӣ гуфт, ки боз чандин таҷҳизоти мебелсозии замонавӣ хариданист, ки ба сифатнокии кор мусоидат хоҳанд кард.
Имрӯз Саидалии соҳибкор рӯзгори худу аҳли оилаашонро назар ба бист моли қабл хеле обод кардааст ва дар маҳаллаи «Ҳалқобод»-и ноҳияи Олтинсой, ки саросар мардуми тоҷиктаборанд ва ҳунармандону соҳибкорони фаровоне дорад, ба обрӯю эътибор сазовор гаштааст.
Умедворем, ки рӯзгору пайкори Саидалӣ Тошматов ба ҷавонони имрӯза намунаи ибрат мегардад ва талошҳои ҳадафмандона барои пайравӣ аз гуфтаҳои раҳбари давлат дар роҳи ривоҷи соҳибкорӣ ва ободии диёр аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ қадр меёбад.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: