ХУМҲОИ БОБОИ ДЕҚҲОН

Бобои деҳқон дар беруни деҳа, дар боғот низ хонае дошт.

Бобои деҳқон дар беруни деҳа, дар боғот низ хонае дошт. Дар пешайвони ин хона ду хуми калон гузошта шуда буд. Деҳқон яке аз хумҳоро аз ғалла лаболаб пур карда буд. Хуми дигар, ки дар шафати ин хум меистод, холӣ монд. Бобои деҳқон хуми мазкурро хобонда монд. Даҳони хуми холӣ ба самти вазиши шамол рост омада буд.
Рӯзҳои дарозу гарми тобистон ба рӯзҳои кӯтоҳу сарди фасли хазон табдил ёфта, ғулғули гӯшнавози андалебонро қар-қари зоғон иваз карда буд. Фасли меҳргон ҳукмронӣ мекард. Навозиши гарми боди сабо мақоми худро ба ғурриши боди сарсарӣ дода буд. Вазиши шамоли тирамоҳ авҷ мегирифт. Аз пешайвони хонаи деҳқон овози воҳимаангезе, ки ба наъраи раъдосои девҳои афсонавӣ шабоҳат дошт, ба гирду атрофи боғот паҳн мешуд. Бонге, ки аз ин пешайвон падид меомад, ба дили рӯбоҳу шағол, гургу силовсин, бабру паланг ва хирсу гуроз барин ҳайвоноти ваҳшӣ воҳима меангехт. Онҳо гумон мекарданд, ки дар пешайвони хонаи бобои деҳқон ҳайвони ваҳшии номаълуме, ки наърааш аз наъраи шери ғуррон садҳо маротиба баланд аст, маскан гирифтааст. Аз ин рӯ, шикорашон барор намегирифт, чунки аз бонги ҳавлангези хум ҳаросида ба боғ, ки роҳи шикорашон аз он мегузашт, даромада наметавонистанд.
Чун хум аз ин ҳоли ҳайвонҳои ваҳшӣ огоҳ гашт, хурсанд шуда ба хуми пурғалла истеҳзоомезона муроҷиат намуд:
– Ту, ки шикаматро аз ғалла пур кардаӣ, ягон каромат нишон дода метавонӣ?
– Каромати ман ҳамин аст, ки аз ғаллаи ман паррандаву чарандагон ва одамон истифода мебаранд, – гуфт хуми пурғалла. — Дар зимистоне, ки барфи баланд меборад, бобои деҳқон каф-каф ғалларо ба паррандагону чарандагон дода, онҳоро аз гуруснагӣ мераҳонад. Дирӯз худи бобои деҳқон як кӯмочворӣ гандумро бурд. Паррандаву чарандагон ва одамонро аз гуруснагӣ раҳонидан магар каромат нест?
Хуми дарунхолӣ бо тамасхур ба хуми пурғалла гуфт:
– Э, ин каромат-паромат нест. Корҳои маро каромат гӯйӣ меарзад, ҷӯраҷон. Ҳа, бале, бишнав каромати акаатро: Аз бонги шиками холии ман шағолу рӯбоҳ, гургу бабр, палангу силовсину хирс меҳаросанд. Аз тарсу бим буз барин дарақ-дарақ меларзанд. Ҳа, ин гап байни худамон монад, дирӯз бегоҳӣ ду кас ба тарафи пешайвон меомаданд. Тундбоде вазиду ман наъра кашидам. Онҳо ба чор тараф ҳаросон нигаристанду аз наъраи ҳавлноки ман тарсида ҷуфтакро рост карданд. 
Хуми дарунхолӣ ба тарафи хуми пурғалла каҷ-каҷ нигариста, манманиро ба авҷ расонид:
– Мебинам, ки ранги рӯят паридагӣ. Ба назарам, аз наъраҳои ҷонкоҳи «камина» устухонҳои пайкарат дарақ-дарақ меларзанд. Ту худат, ҷӯраҷон, дар асл буздил будӣ. Тарсу, ки ҳастӣ, ҳар наъраи шеронаи ман чун ханҷари ҷигархор ба банд-банди пайкарат мехалад.
Аз ин суханони хуми дарунхолӣ хуми пурғалла дар ҳайрат монду гиребонашро дошта гуфт: «Беҳуда нагуфтаанд, ки нодон худашро таъриф мекунад». Ва ин байтро қироат кард:
Ҳар саре гардад тиҳӣ 
бошад дуҳул бо
 бонгу бам,
Ҳон, гапаш холӣ зи 
маънӣ савти он бод 
асту дам.

Малик КАБИРОВ,
ноҳияи Бӯстонлиқ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: