24 октябри соли равон дар Самарқанд ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионии «ICTWEEK Uzbekistan 2022» ифтитоҳ ёфт.
Он аз соли 2004 ҳамеша дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ мешуд, аммо ба далели пахши пандемия аз соли 2019 баргузории ин қатъ гардид.
Гуфта мешавад, ки қаблан низ дар он ширкатҳои бузурги IT-и хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат мекарданд. Дар ҳамин ҳол ин чорабинӣ дубора меҳмонони худро аз як қатор кишварҳои ИДМ фаро хондааст ва онҳо нахустин бор дар шаҳри Самарқанд гирдиҳам омаданд, ки чанде муқаддам нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ-ро баргузор карда буд.
Қабл аз баргузории маросими ифтитоҳи ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ вазири рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии ҷумҳурӣ Шерзод Шерматов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Вай аз он нукта ёдовар шуд, ки боз имкон фароҳам омад, ки ин анъанаи нек аз сар гирифта шавад.
– Дар нӯҳ моҳи соли равон резидентони IT-парк ба ду баробар афзуд. Дар давоми панҷ сол теъдоди корхонаҳои содиркунандаи маҳсулот низ нисбат ба пеш зиёд гардид. Ходимони ширкатҳо аз 300 нафар ба 3 ҳазор боло рафт. Агар ба афзоиши аҳолии мамлакат аз аввали солҳои наваддуми қарни гузашта назар кунем, он ба 16 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Барои ҳамин бо дарназардошти афзоиши шароиту имкониятҳо мо дар ин росто низ бояд фаъолиятҳоямонро тавсеа бахшем, – изҳор намуд Шерматов.
Бояд эътироф намуд, ки ҳатто ширкатҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, маоши кормандони худро боло бурдаанд. Ин тақозо менамояд, ки ҷавонони мо забонҳои хориҷиро ба тарзи бояду шояд омӯзанд. Дар акси ҳол наметавонанд дар ширкатҳои гуногуни хориҷӣ кор кунанд ва соҳиби маошҳои баланд шаванд.
Ҳафтаи технологияи ахбору коммуникатсионӣ масъалаи рушди байналмилалии рақамиро баррасӣ мекунад. Дар заминаи он чорабинии «Платформаҳо ва хизматрасониҳои табдилдиҳии рақамии соҳаи маориф»-ро роҳандозӣ менамояд.
Чорабиниҳои «Рушди рақамӣ» – технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва мунисипиалӣ тавассути гузаронидани як қатор ҷаласаҳои стратегиро баргузор хоҳад кард, ки ба таҳлили ҳамаҷонибаи стратегияҳои мавҷудаи трансформатсияи рақамӣ дар кишвар ё минтақаи мушаххас ва таҳияи механизмҳои рушди рақамӣ нигаронида шудаанд.
Дар ҳафтаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ лоиҳаи «Рушди байналмилалии рақамӣ» як нуқтаи ибтидоӣ арзёбӣ гардид, ки дар баробари ширкатҳои бузурги байналмилалӣ созмонҳои давлатии чанд кишвар имкони ба роҳ мондани муколама ва гузаронидани таҳқиқоти амалӣ дар бахшҳои гуногуни идоракунии давлатиро ба даст меоранд.
Дар идома ҷаласаи панели паркҳои технологии кишварҳои туркизабон роҳандозӣ шуд.
Модератории чорабиниро директори лоиҳаи Созмони кишварҳои туркӣ Фаррух Ҷумъаев бар ӯҳда дошт. Дар чаҳорчӯби ҷаласаи панелӣ масъалаҳои фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ барои ширкатҳои IT-и ширкатҳои узви Созмони туркӣ, фароҳам овардани шароити бидуни монеа барои дастрасии онҳо ба бозори хориҷӣ ва рушди минбаъдаи бозори хизматҳоро матраҳ карданд. Нотиқон инчунин тадбирҳои такмили қонунгузории андозро барои ширкатҳое, ки ба содироти хадамоти IT машғуланд, баррасӣ карданд.
Дар аснои музокираҳо ба масъалаҳои дастгирӣ намудани соҳибкорони давлатҳои узви Созмони туркӣ ва фароҳам овардани шароит барои онҳо, ба бозори ИМА ва Иттиҳоди Аврупо баровардани ширкатҳои IT, ҳамзамон кор кардани баромадани таклифу дархостҳои марбут ба он таваҷҷӯҳи хос дода шуд. Баъд роҳбарони технопаркҳо дар бораи таъсиси Ассотсиатсияи паркҳои технологияии муосири кишварҳои туркӣ ба тавофуқ расиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – САМАРҚАНД
– ТОШКАНД.