ГАЗВОРИ ӮЗБЕКИСТОН ОЛМОНРО ТАСХИР МЕКУНАД

Рӯзномаи ҳаррӯзаи «Frankfurter Allgemeine Zeitung» дар мақолааш таҳти унвони «Халатҳо бинобар супориши махсус» дар бораи бренди нави олмонии «Aleksandra Viktor», ки ба тайёр кардани сару либоси занона куллан аз газвори Ӯзбекистон тахассус дорад, ҳикоя мекунад.

Рӯзномаи ҳаррӯзаи «Frankfurter Allgemeine Zeitung» дар мақолааш таҳти унвони «Халатҳо бинобар супориши махсус» дар бораи бренди нави олмонии «Aleksandra Viktor», ки ба тайёр кардани сару либоси занона куллан аз газвори Ӯзбекистон тахассус дорад, ҳикоя мекунад.
Мувофиқи маълумоти Сафоратхонаи Ӯзбекистон Александр Ягдфелд асосгузори бренди фарҳангӣ ва ороишӣ дар шаҳри Берлин буда, соли 2019 ателеи худро кушодааст, ки танҳо ба як касб тайёр кардани халат махсусонида шудааст. «Ман ҳафтаҳо рангу гулҳоро омӯхтам, миқёси онҳоро таҷдиди назар кардам, ҷузъҳои махсусро ҷудо намудам ва худ ранги онҳоро интихоб кардам», – мегӯяд ороишгари корхона.
Тавре ки дар мақола қайд мегардад, Александр Ягдфелд боре устохонаи дӯзандагиро дар Ӯзбекистон тамошо карда, аз санъату ҳунари устоёни маҳаллӣ моту мабҳут шудааст. «Он вақт вай қарор кард, ки барои маснуоти бренди худ маҳз техникаи тайёркунии газворро, ки дар он гулҳо ҳамоҳанганд, яъне чун анъана нусхабардорӣ намешаванд, интихоб кунад, – қайд мегардад дар мақола. – Дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони Ӯзбекистон ороишгари олмонӣ ба тайёр кардании маснуоти шахсии дорои сифати баланд оғоз намуд».
Таъкид мегардад, ки шиори Александр Ягдфелд ягон хел истеҳсоли оммавӣ, истифода аз матоъҳои арзон ва шароити  махсуси корӣ нест, ин мӯди зудамал намебошад.
Нашрия хонандагони худро хабардор мекунад, ки ҳоли ҳозир ӯ аллакай ду навъи маснуоти худро истихроҷ кард, аз ҷумла навъи аввал соли 2019 ба истеҳсолот баромад ва аз нӯҳ халат-ҷома иборат буда, ҳар кадом аз газворе дӯхта шудааст, ки аз риштаҳои пахтагин ва шоҳӣ иборат мебошанд. «Барои тайёр кардани як халат то 11 метр газвор сарф шуд ва беш аз се ҳафта тақозо гардид», нақл мекунад Александр Ягдфелд дар рӯзномаи «Frankfurter Allgemeine Zeitung». Дар ин маврид ӯ қайд менамояд, ки дар Ӯзбекистон низ метавон чунин газворҳоро, ки дар дастгоҳҳо тайёр карда шудаанд, пайдо кард, вале ӯ дидаву дониста қарор дод, ки танҳо техникаи қадимаи бофандагиро истифода барад.
«Халатҳо зебо ва ҷолиб мебошанд. Шояд барои ҳамин ҳам онҳо барои истифодаи ҳамарӯза мувофиқ нестанд,–  иқтибос мекунад суханони ороишгарро рӯзнома. – Вале, ҳангоме ки шумо онҳоро дар бар мекунед, худро гӯё дар сайру саёҳат эҳсос менамоед».

АИ «Дунё»,
шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: