САМАРҚАНД ҲАМЕША СӮЙИ ХУД МЕКАШАД…

– мегӯяд ҷонишини директори Донишкадаи тиббии экологӣ ва иммунологияи Русия, доктори фанҳои биологӣ, профессор Ҳаким Истамов, ки таи 50-сол дар шаҳри Маскав бо корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ машғул аст.

Оре, аҷибу шавқангез аст, касби журналистӣ! Он бо тақозои вазифа бо одамони гуногун рӯ ба рӯ мекунад, нисбати ӯ барои чизе навиштан водор месозад.
Воқеан, дар камина ҳангоми ҷамъ овардани мавод оид ба нахустин муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», машъалафрӯзи фарҳанг Абдуқаюм Қурбӣ (равонаш шод бод!) бо набераи ӯ Ҳаким Истамов чунин ҳолат рӯй дод. Баъди бо вай аз наздик шинос шудан, дарк кардам, ки ӯ бо донишу заковати инсонӣ, хоксориву далерӣ, сабру дурандешӣ мушкилоти зиндагиро таҳаммулгарона паси сар карда, ба муроди дил расидааст. Ин марди барнодили 75-сола ғайр аз корҳои илмӣ сафарҳои эҷодӣ анҷом медиҳад, вақт ёфта ба театру кино меравад, бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, ҳар рӯз беш аз панҷ ҳазор қадам пиёда мегардад ва фурсат ёфта бо хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбону шогирдон тавассути телефону интернет суҳбат меорояд, доир ба ҳаракати ҷадидӣ ва албатта, боз дар қаъри таърих ғӯта зада, китоб менависад аз зиндагиномаи бобоҷони нокому қурбони ҷаҳолат.
Инак, чанд лаҳза аз зиндагиномаи Ҳаким Истамов, ки муште аз хирвор асту халос. 

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд…

Он айём ӯ дар мактаби рақами 43-юми шаҳри Самарқанд таҳсил мегирифт. Соли 1962 дар рӯзномаи маъруфу машҳури «Пионерская правда» доир ба падари генетика Николай Дубинин мақолаи шавқангез чоп шуд. Дар он навиштаанд, ки собиқ тарбиягирандаи ятимхона Николай Петрович дар 23-солагӣ барои кашфиёти «Таъсири ирсият ба инсон» соҳиби Ҷоизаи байналхалқии Рокфеллер шудааст. Рӯзномаро ҳам талабагону ҳам муаллимон бо завқу шавқ мутолиа карданд. 
Омӯзгори фанни биология таваҷҷуҳи шогирдонро мушоҳидакунон таъкид кард, ки «шумо, бачаҳо, аз Дубинин кам нестед ва барои дониш гирифтан ҳам шароиту ҳам парастор доред. Фақат хондан лозим».
Ҳаким Истамов соли 1966 номаи камолро гирифт ва бо маслиҳати роҳбари синфаш ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. 
Устодаш профессор Маматқул Икромов барои назарияро бо амалиёт пайвастан шогирдонро ба кӯҳсори зодгоҳаш – дараи хушҳавои Оҳалик – Шаҳнондара мебурд, ки онҳо дар оғӯши табиат бо наботот аз наздик шинос шаванд ва хусусиятҳои онҳоро омӯзанд, дар рӯди шаффофу шифобахш оббозӣ карда, моҳӣ доранд, бофароғат истироҳат кунанд ва барои эҳёи атрофу муҳит саҳмгузор шаванд.
Вақте ки ӯ дар курси панҷум таҳсил мегирифт, донишҷӯёнро чун анъана барои ғунучини пахта ба ноҳияи Иштихон сафарбар кардаанд. Маҳз дар ҳамин ҷо вай таъсири манфии моддаи заҳролуди дефолитро ба инсон ва ҳайвонот фаҳмид. Гап дар сари он буд, ки аз осмон ҳавопаймои «Ан-2», яъне чуноне ки мегуфтанд, «кукурузка» болои сари ҳашарчиён дору мепошид, ки барги ниҳолҳои пахта резанд. Ба эътирози мардум роҳбарони хоҷагӣ ва вилоят бепарво мегуфтанд, ки доруи химиявӣ барои одам безарар аст. Тазоди зиндагиро бинед, ки «шӯришгар»-и ашаддӣ Ҳаким Истамов гардид. Зеро кори дипломии ӯ доир ба зарари бутифосу дефолит ба вуҷуди  зинда, алалхусус инсон буд. Вай ҳатто ба Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ мактуби шикоятӣ навишт ва таклиф кард, ки барои резондани барги ниҳолҳои пахта аз асбобҳои заминӣ истифода бурдан лозим.
Сипас ӯ ин ғояи худро ҳангоми навиштани рисолаи номзадӣ низ ба миён гузошт. Роҳбари илмиаш Николай Дубинин медонист, ки ҳаракатҳои шогирдаш ба роҳбарони Ӯзбекистон ва Маскав маъқул нахоҳад шуд. Зеро дар он замон яккаҳукмронӣ дар арсаи ҷаҳонӣ оиди истеҳсоли «тиллои сафед» зарур буд. Бинобар ҳамин, Николай Петрович ба шогирдаш гуфт, ки кори илмиашро дар Украина чоп кунад, муқобилият намешавад. Истамов ба маҷаллаи «Ситилия и генетика» кори илмиашро ирсол намуд. Дубинин ба муҳаррири нашрия, ки дӯсти наздикаш буд, занг зада аҳволро фаҳмонд.

Дере нагузашта иншои олими ҷавони самарқандӣ диққати умумро ба худ кашид. Бо ин муаммо СММ машғул шуда, дар хоҷагиҳои пахтакорӣ аз осмон заҳрпошӣ қатъ гардид. 

Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро...

Фаромӯш макун ҳаққи 
устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди 
илм.
Агар дар дилат меҳри устод 
нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод 
нест.
Ҳаким Истамов баъди гирифтани дипломи мактаби олӣ фаъолияти меҳнатиро дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии қарокӯлпарварии Самарқанд оғоз намуд. Дар мавзӯи «Таъсири чор намуди химикатҳои заҳролуд ба ҷисми зинда» кори илмӣ бурд. Ва ӯ бо далелҳои раднопазир исбот кард, ки маҳз дефолит сабабгори пайдоиши баъзе намудҳои бемориҳои хавфнок аст. Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси тавсия ва пешниҳоди олими самарқандӣ истифодаи моддаи бутефосро дар хоҷагии қишлоқ манъ кард. Ҳаким Истамов бо натиҷаҳои тадқиқотҳои мӯшикофонаи хеш аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ баромад карда, диққати тамоми олимони ҷаҳонро ба ин масъала ҷалб намуд. Охир, тавсияи Ҳаким Истамов одамонро аз беморӣ, замину об ва ҳаворо аз таъсири манфии моддаи заҳролуд нигоҳ медошт.
Афсӯс, ки шахсони худбину кӯтоҳандеш пайдо шуданд, ки генетика ва кибернетикаро фанни бефоида ҳисобиданд. Бинобар муҳити носолим Дубинин аз вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ сабукдӯш гардид.
Академик Раҳим Ҳаитов  ба ҳамватанаш дасти  ёрӣ дароз кард ва барои дар Донишкадаи химия ва коркарди нафт ба ташкил кардани ташхисхона кӯмак дод. Воқеан ӯ дар ватани маҳбуб – Ӯзбекистон бунёд намудани пажӯҳишгоҳи мазкур саҳми арзанда гузошта буд. Дар маросими тантанавор кушода шудани он Николай Дубинин ва Ҳаким Истамов аз Маскав ба Тошканд омаданд.
Тасодуфро бинанд, ки дар як купе Ҳаким Исломович бо адиби машҳур Сотим Улуғзода аст, ки ба набераи Абдуқаюм Қурбӣ дар бораи бобояш хотироти аҷибу шавқангезро нақл кард.
 
Дониш – 
чароғи ақл аст

Қаҳрамони очерки мо Ҳаким Истамов шахси пурдида ва ҷаҳонгашта аст. Вай дар қитъаи Амрико, Олмон, Италия, Фаронса, Ҷопон ва дигар кишварҳои ҷаҳон азми сафар карда, бо олимону ҳамкасбон риштаҳои дӯстӣ дорад.
– Ман оламу одамони бисёре дидам, – гуфт Ҳаким Исломович, – аммо Самарқанд ҷону дилам. Хеле хушҳол ҳастам, ки зодгоҳам ба ҷаннати рӯйи Замин табдил ёфтааст. Ҳар гоҳ тавассути оинаи нилгун шаҳри азизу муқаддаси худро бинам, беихтиёр таъбам болида гашта, замзама мекунам:
Биё, хуш, дилнишин, ҷӯши 
баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, 
лоларӯён дар Самарқанд 
аст.
Дило, санҷида шуд ҳарфан, 
бузургон дар Самарқанд 
аст,
Хушандому парирӯ, 
нозанинон дар Самарқанд 
аст.
Ҳоло шаҳри мо бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлат, Шавкат Мирзиёев ниҳоят ободу зебо гардид. Бовар кунед, чанде пеш бо меҳмонон ба Самарқанд омадем ва қариб, ки кӯча ва хиёбонҳои онро нашинохтем. Иншоотҳои замонавӣ қад афрохтаанд, шаҳракҳои нав бунёд шудаанд, ёдгориҳои таърихӣ аз таъмири хушсифат баромада, фавҷ-фавҷ сайёҳон аксбардорӣ мекунанд.
– Ҳаким Исломович, муштариёни «Овози тоҷик»-ро бо аҳли оилаатон шинос мекардед.
– Ҳамсарам Ирина дар Хуҷанд таваллуд ёфта, ба шаҳри мо омада, мактаби рақами 45-уми Самарқандро хатм кардааст. Вай хатмкардаи Донишкадаи авиатсияи Маскав, то нафақа дар бюрои конструктории киштии кайҳонии «Буран» фаъолият бурд. Ду нафар фарзанд дорем. Писарам Темуршоҳ иқтисодчӣ ва духтарам Умедабону соҳибкор аст. Бузургон гуфтаанд, ки «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ, ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ». Воқеан, аз солҳои мактабхонӣ ба адабиёти классикӣ ва муосир дил баста будам. Асарҳои Толстой, Достоевский, Чехов, Тургенев, Жюл Верн, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Чингиз Айтматов, Сергей Бородин ва дигарон, ба қавле, ҳар лаҳза дар танҳоӣ «сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест».

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: