ҒАЗАЛ БА ҶИСМУ ҶОНАШ РОҲАТ МЕБАХШИД

Рӯзе устод Ҷумъа Ҳамроҳ занг зад ва гуфт, ки ба қаҳвахонаи “Бухоро” оям.

 Баъд илова кард, ки он ҷо чанд нафар аҳли адабу фарҳанг ва ҳунар гирдиҳам меоянд ва бо ҳам як маҳфил баргузор мекунем.
Рости гап, пойро монда ба ин қаҳвахона бо сар давидам. Аммо ҳанӯз касе наомада буд. Устод изҳор кард, ки меҳмонҳо дар роҳанд ва ҳамин лаҳза меоянд. 
– Медонед, ки ҳар вақт ба Тошканд барои як-ду рӯз оям, ҳатман аз дидору мулоқот бо чанд нафар одамони хубу самимӣ баҳра бурда, баъд ба Самарқандам бармегардам. Ҳозир Ғайбулло Ҳоҷиев низ омада мемонанд, – гуфт Ҷумъа Ҳамроҳ ва таваҷҷӯҳе накард, ки аз ин хабари ӯ ман то чӣ андоза хушҳолу сарфароз шудам.
Гирди миз оҳиста пур мешуд. Аксари онҳоро қаблан мешинохтам, аммо хабари омадани Ғайбулло Ҳоҷиев маро бештар ба фикр банд менамуд. Ӯро ғоибона мешинохтам. Вай дар филмҳои зиёди ҳунариву сериёлҳои миллӣ нақшҳои гуногун бозидааст. Аммо аз суҳбату мулоқоташ ҳаргиз баҳраманд нашуда будам.
Маҳфиламон хеле гарм, суҳбатҳои самимӣ онро боз ҳам гармтар месохт. Табъи ҳама болидаву шод буд.
Мазмун ва мундариҷаи суҳбат гуногун буд: гоҳ илму фанро фаро мегирифт, гоҳ дар бораи ҳунар ё шеъру адаб фикрҳои ҷолибу шуниданӣ баён мегардид, гоҳ аз ҳодисаву воқеае ёдоварӣ мешуд, ки дар майдони илму фарҳангу ҳунар ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо маро шеъру ғазалдонии Ғайбулло Ҳоҷиев дар ҳайрат гузошт. Ғайр аз он ки зодаи Бухорои Шариф будани ӯро донистам, аз қувваи ҳофизааш огоҳ шудам, ки бо ҳамон маълӯлӣ ва хастагии овозаш нигоҳ накарда таваҷҷуҳи аҳли маҳфилро ба худ мекашид. Баъзе шеъру ғазалҳоро бори нахуст аз забони вай мешунидам. Маълум шуд, ки падараш низ дар сурудани шеър хеле ҳунарманд будааст.  
Дар дил аз устод Ҷумъа Ҳамроҳ ибрози хушҳолӣ мекардам, ки барои ширкат дар ин маҳфил даъватам кардааст. Вай чанд бор дар Тошканд ба ҳайси мизбон меҳмонҳои зиёдро пазируфтаву бо санъати ба худ хос меҳмоннавозӣ кардааст. 
Дар маҳфил устод Ҷумъа Ҳамроҳ ба ҳама худро мизбон муаррифӣ кард.
Пешхидмат гоҳ-гоҳ ба рӯйи миз чойи гарм ва салатҳои гуногун оварда мемонд. Устод Ҷумъа Ҳамроҳ ба сифати мизбон меҳмонҳоро ба тановули он даъват мекард.
– Хӯроки фармоишдодаатон аллакай тайёр шудааст. Чӣ мефармоед, андак мунтазир шавам ё биёрам? – гуфта пурсидани пешхидмат суҳбати моро як андак қатъ кард.
– Албатта, биёр, бачем. Шикамамон нақора мезанад,– гуфт Ҷумъа Ҳамроҳ бо ҳамон лутфи ба худ хос ва баъди дур шудани пешхидмат: – “Аввал таъом ва баъдан калом” гуфтаанд, – илова намуд вай.
Баъди анҷоми гирдиҳамоӣ устод Ҷумъа Ҳамроҳ хоҳиш кард, ки Ғайбулло Ҳоҷиевро то хонааш бурда монам. Ин хоҳиши ӯ бароям айни муддао буд. Гумон мекардам, ки Ғайбулло Ҳоҷиев дар синну сол аз ман бузургтар аст. Вақте ки ба манзили зисти вай наздик шудем, суҳбатамон дубора қӯр гирифт ва қариб як соат дар дохили мошин давом кард. 
Маълум шуд, ки бар асорати хастагӣ ва бад шудани саломатӣ нисбати синнаш калонсол менамояд. Аммо ин бароям муҳим набуд. Донистам, ки аз тоҷиктаборони содиқи Бухорои Шариф аст ва ба шеъру адаби форсӣ арҷу эҳтироми хос мегузорад.
– Падарам ҳамеша талқин менамуд, ки аз шеъру адаби форсӣ ҳарчи беш бархурдор бошам. Мегуфт, ки Бухоро маркази тамаддуни Шарқ ҳисоб меёбад ва ҳар як сокини он бояд дарк намояд, ки ин шаҳр чӣ олимону фозилон ва адибони забардастро зодаву парвардааст ва мероси онҳо қобили омӯзишу пайравист. Гузашта аз ин, меросбарони онҳоро лозим меояд, ки дар пешрафти тамаддун қадри тавони худ ҳисса гузоранд. Ман ба ҳамон гуфтаҳои падарам амал мекунам,– гуфт Ғайбулло Ҳоҷиев.
Нуктаи дигари қобили қайд хоксориву фурӯтании ӯ буд, ки алҳол низ дар ҳунармандони зиёд чандон эҳсос намегардад.  Гоҳ-гоҳ мегуфт, ки ман барои интиқоли вай овора шудаму вақти худро сарф намудам, аммо боз ба шеърхонӣ машғул мешуд. Ӯро аз хиҷолат баровардам ва гуфтам, ки ин аз суҳбатҳоест, ки бароям хеле нодиру беназир маҳсуб меёбад.
Бо вуҷуди ин, бо арзи маъзарати зиёд аз мошин фаромад. Маълум шуд, ки писараш – Равшан ба пешвозаш баромадааст. Ҳамин тавр, гоҳ-гоҳ дар маҳфилу ҷамъомадҳое бо ӯ вомехӯрдам, аммо имкони суҳбат мавҷуд набуд. Кай донам, ки ҳамон суҳбату мулоқотам бо ӯ вопасин аст ва дигар аз суҳбати вай ҳаловат нахоҳам бурд.
Рӯзе дар сафар шунидам, ки Ғайбулло Ҳоҷиев бар асари ҳамон беморӣ, ки ҷисмашро фаро гирифта буд, ҷон ба Ҷонофарин супурдааст. Аз ин хабар дилу вуҷудам хеле ба риққат омад ва нороҳат шудам.  
Ғайбулло Ҳоҷиев аз ҳунармандони театру синамо ва дубляж мебошад. Соли 1977 Донишкадаи санъати Тошкандро хатм кардааст. Аз соли 1976 фаъолияташро дар Театри ба номи Аброр Ҳидоятов шурӯъ намудааст. Аз соли 1987 ба Театри давлатии академикии ба номи Ҳамза ба кор даъват шуда, нақшҳои зиёдро рӯйи саҳна бозидааст.
Тавре ки дар ҳолномаи ӯ  омадааст, нақшҳои Абӯбакр Калавӣ дар “Сарбадорон”-и Азим Суюн, Хоҷа Аҳмад Яссавӣ дар “Соҳибқирон”-и Абдулло Орифов, Солеҳ Махдум дар “Каждум аз меҳроб”-и Абдулло Қодирӣ, Афандӣ дар “Панҷ завҷаи Афандӣ”-и Иброҳим Содиқов, Аҳмади Фарғонӣ дар “Пири коинот”-и Ҳайитмат Расул, граф Глостер дар “Шоҳ Лир»-и У.Шекспир, Сабало дар “Ҳафт фарёд”-и Александр Косано ва амсоли он номи ӯро дар байни ҳамкорон ва муштариён маъруфу машҳур гардонидаанд.
– Ман ба чунин беморӣ дучор шудам ва иҷборан аз кори театр рафтам. Аммо агар дида бошед, боз дар чанд филму сериалҳо нақшҳои гуногунро иҷро кардам, – гуфта буд Ғайбулло Ҳоҷиев.
Вай дар синамои ӯзбек ҷойгоҳи хосро ишғол менамуд. Иҷрои нақшҳои ӯ  дар филмҳои ҳунарии  “Уқубат”, “Умед”, “Оқипадар”, “Папагандус”, сериали “Шайтанат” барои бинандагони зиёд қобили қабул мебошанд. Ғайбулло Ҳоҷиев дар дубляжи филмҳои зиёд  ширкат кардааст. Филмеро, ки ному садои ӯро дар байни тамошобинон хеле маъруфу машҳур намудааст, “Командаи Касто”-ро номбар метавон кард. 
Дар охир яке аз навиштаҳои мухлиси доимии Ғайбулло Ҳоҷиевро иқтибос меорам. “Аз тамошои “Саргузаштҳои зериобии команди Касто” давраҳои кӯдакиам ба ёдам мерасанд. Не, маро ғаввосони мурғобимонанд ва ё мавҷудоти дигари баҳри бекарон ба шавқ намеорад, балки  “ҳарфзаниҳо”-и баҳрнавардони ин филм ба шавқу завқ меорад, ки аз паси кадр садо медиҳад ва соҳиби он садои хеле марғуб дорад. Вай ҳунарманди моҳир ва намояндаи варзидаи синамову театр ва дубляж Ғайбулло Ҳоҷиев мебошад». 
Бе муҳобот, ин навишта хелеякак одӣ, аммо бо эҳсоси масъулият  ва самимӣ рӯйи коғаз омадааст, ки ҳоҷат ба тавзеҳу ташреҳ нахоҳад буд. Равони Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Ғайбулло Ҳоҷиев шоду хонаи охираташ обод ва ёдаш гиромӣ бод. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”. 
Аксбардор: Т.ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: