ДАР ТОШКАНД ФОРУМИ II ҶАҲОНӢ ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Чи хеле ки маълум аст, дар кишвари мо оид ба ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ гардида, дар ин бобат Ӯзбекистон ба тамоми ҷаҳон ҳамчун намуна хидмат мекунад.

Дар ин бора дар ҷамъомади кумитаи тадоруки Фонди II ҷаҳонӣ оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ дар ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор сухан рафт.
Раиси Сенат Танзила Норбоева қайд кард, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон бори нахуст моҳонаи Мақсадҳои рушди устувор баргузор шуда, дар поёни он – 30 ноябр форум ташкил карда мешавад.
Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ ҳудуди сад нафар роҳбарону намояндагони парлумонҳои хориҷӣ, сарони созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ ва дигар коршиносони хориҷӣ ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд.
Дар рафти ҷамъомад ҳолати кунунии тайёрӣ ба форум: масъалаҳои ташкилӣ, рӯзномаи чорабиниҳо, мулоқотҳои дуҷониба бо ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд. Инчунин алгоритмҳои ҳамкории вазорату идораҳои барои баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланд масъул муайян шуданд.
Дар ҷамъомад, ки дар он аъзои кумитаи тадорук, Комиссияи парлумонӣ оид ба назорати татбиқи Мақсадҳои миллӣ ва вазифаҳо дар соҳаи рушди устувор, сенаторон, депутатҳо, роҳбарони вазорату идораҳо, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ширкат варзида, вазифаҳо оид ба коркарди ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи лоиҳаи коммюникеи Тошканд ва резолютсияи Ассамблеяи генералии СММ «Дар бораи густариши иштироки ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор» муайян шуданд, ки онҳо бинобар ҷамъбасти форум, инчунин назардошти фикру ақидаи марбут ба лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатии манфиатдор, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва коршиносони хориҷӣ қабул хоҳанд шуд.

Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: