ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИ ҲАРБИЮ ВАТАНПАРВАРӢ

Ҳамчун ислоҳоти пурсамар 32 сол пеш аз ин дар Ӯзбекистон Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуда буд.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли  ин  солҳо ба комёбиҳои беназир ва натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Пеш аз ҳама дар кишвар сулҳу амният, бехатарии сарҳадҳо, ҳаёти осудаву хушбахтонаи мардум таъмин карда шуд. Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хидмати Модар-Ватан карда, саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти сартосарӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гузошта истодаанд. 
Имрӯз аз чеҳраи ҳар як сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва қиматтар аз ҳама, амнияти сартосарӣ ҷавонмардона бо сидқу  вафо хидмат менамоянд.
Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳ ташкилоти ҳарбии давлат ва маҳаки сохтори мудофиавии мамлакат буда, барои ҷилавгирии моҷароҳои ҳарбӣ, инчунин таъмини амнияти ҳарбии давлат ташкил карда шудааст. Фаъолият, вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, “Доктринаи мудофиа« ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешавад. Ба таркиби Қувваҳои Мусаллаҳ мақомоти идоракунӣ, лашкар, сохтори ҳарбии Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулода, хидмати амнияти давлатӣ ва дигар идораҳо, инчунин Гвардияи миллӣ дохил мешаванд. Роҳбарии мудофиаи мамлакат ва Қувваҳои Мусаллаҳро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал мебарорад. 
Хидмати ҳарбӣ намуди алоҳидаи хидмати давлатист, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ уҳдадории ҳарбиашонро иҷро мекунанд. Ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони солашон ба ҳаждаҳ расида, бино ба саломатиашон барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ лоиқ даъват карда мешаванд. 
Ҷавонон мехоҳанд, ки баъд аз хатми мактаб, литсей, ё коллеҷ  ба хидмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандиро адо намоянд. То имрӯз ҷавонони бисёр ба хидмати ҳарбии яксола, якмоҳа ҷалб карда шудаанд. Ҷавонон ва кулли мардум медонанд, ки Ӯзбекистон Артиши миллии пурқудрат дорад. Ватанро чун  Модар ва гавҳараки чашм ҳимоя намудан ва ба рушду нумӯи он бомеҳру муҳаббат, сидқу вафо саҳм гузоштан орзуву умеди дар қалб маъвоёфтаи ҳар як инсони кӯчаку бузург ба шумор меравад. Дуруст гуфтаанд, ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст кардан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагист. Яъне ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода сафарбар менамояд.
Аз рӯзи нахусти таъсис то имрӯз ба такмили сохтори ташкилӣ ва низоми ҷойгиркунии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҷаҳҳаз гардонидани қӯшунҳо бо аслиҳа ва техникаи муосир, омодагии ҷангӣ ва тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ, такмили маҳорати касбии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ҷонибдорӣ ва ташаббуси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Академияи нави Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуд, фаъолияти омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ такмил ёфт. Дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ шуъбаҳои ибтидоии Иттифоқи ҷавонон ташкил карда шуданд. Дар мактабҳои таълими миёна, литсей, коллеҷ ва дигар муассисаҳои таълим тарбияи ҳарбию ватанпарварӣ ба роҳ монда шуд. Ба ғайр аз ин, дар Ӯзбекистон “Темурбеклар мактаби« таъсис ёфт. Тарбияи ватанпарварӣ аз оила оғоз ёфта, он минбаъд дар масканҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва ғайра қавитар гардонида шуд. Дар мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ, алалхусус, аз соли 2017 таълими фанни “Омодагии ҳарбӣ« ҷорӣ карда шуд. Донишомӯзони синфҳои 10-ум ва 11-ум ба воситаи омӯзиши фанни мазкур аз ҷавонӣ мафҳуми тарбияи ҳарбию ватанпарвариро ба хубӣ эҳсос намуда, бо шасту шуҷоъ ба ҳимояи Ватан ҳозир буданро дарк менамоянд. 
Ислоҳоти пурсамари Қувваҳои Мусаллаҳ халқ ва армияро бо ҳам наздик намуд. Халқ ва армия бо матлаби накуи “Халқ ва Артиши миллӣ – як тану як ҷон« ҳамкориҳои манфиатоварро идома медиҳанд. Барои ҷавонон ва падару модарон дару дарвозаҳои Артиши миллӣ боз аст. Падару модарон дар вақти дилхоҳ ба аёдати фарзандони ба хидмати ҳарбӣ ҷалбшуда мераванд. 
Ҳамчун яке аз корҳои муҳим кӯшишҳои бунёди манзилҳои замонавӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, таъмири фонди мавҷудаи манзил, бунёд ва азнавсозии шаҳракҳои муосири низомиро номбар кардан мумкин аст. Имрӯз дар Вазорати мудофиа зиёда аз бист муассисаи табобатӣ-профилактикӣ, ки бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз ва бо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ таъминанд, шумораи зиёди марказҳои тиббӣ, ки ҳалқаи аввалиндараҷаи системаи хидматрасонии тиббӣ мебошанд, инчунин санаторияҳои ҳарбӣ ва ғайра мавҷуд. 
Тайёрии ҷангӣ ва обрӯи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол меафзояд, ки ин дар мусобиқаҳои дар арсаҳои байналмилалӣ баргузоршаванда низ аён мегардад. Дастаҳои Вазорати мудофиа чанд сол боз дар Бозиҳои байналмилалии артиш ҷойи ифтихориро ишғол намуда, дар мусобиқот беш аз даҳ рекордро қайд карданд. 
Хулоса, ҳар як ҷавоне, ки хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳро орзу мекунад, бояд аз хурдсолӣ ҷисмонан бақувват буда, ҳамеша бо варзиш машғул шавад, ҳамаи фанҳои мактабиро пухта аз бар карда, аз вақти холӣ пурсамар истифода намуда, дар озмунҳо иштирок карда, ҳамеша барои комёбию муваффақият бикӯшад. Бо ифтихор бояд гуфт, ки дар натиҷаи такмили соҳаи мудофиа ва таваҷҷуҳ ба ин соҳа ҷавонони имрӯза хидмат карданро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ, балки ҳамчун як ихтисоси ҳарбӣ қабул мекунанд. Вақтҳои охир дар асоси озмун гузаронда шудани даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ далели равшани ин аст.
Ба  муносибати таъсиси 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷашни мутантани 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан, Артиши миллӣ, хидматчиёнӣ ҳарбӣ, ҷавонон ва тамоми шахсони ватандӯсту ватанпарварро аз номи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Ҳизби “Адолат«, Кумитаи мудофиа ва масъалаҳои амният, профессорон-омӯзгорони Донишгоҳи амнияти ҷомеавӣ табрику таҳният менамоям.
Осмони диёрамон мусаффо ва дар тамоми гӯшаву канори кишварамон сулҳу осоиштагӣ, фаровонии ҳаёт ҷовиду бардавом бошад. Эҳсоси ватандӯстӣ ва ватандорӣ чун нурҳои хуршеди партавфишон дар дилу дидаҳо маъво ёфта бошад.   

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
узви Кумитаи мудофиа ва масъалаҳои амният.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: