ДАР ВАШИНГТОН МУАРРИФИИ КИТОБИ НАХУСТИН ДАР БОРАИ АНЪАНАҲОИ РАҚСИ ЗАНОНАИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

Дар маркази пойтахти ИМА – Клуби машҳури санъат (Arts Club of Washington), хонаи собиқ президенти панҷум Ҷеймс Монро маросими муаррифии китоби нахустин бахшида ба анъанаҳои рақси занонаи Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.

Бинобар маълумоти Сафоратхонаи мамлакати мо дар ИМА дар чорабинии мазкур арбобони намоёни санъат, намояндагони доираҳои расмӣ ва тиҷоратии ИМА ширкат варзиданд. Ба меҳмонон рақсҳои зебои ӯзбекӣ, аз ҷумла «Доирангни чал», «Лазгӣ», «Ҷонон бӯламан», ки аз ҷониби иштирокдорони гурӯҳи «Silk Road Dance» иҷро гардид, пешкаш карда шуданд. Ҳозирон аз нафосат ва шаҳомати рақсҳои миллии ӯзбекӣ ба ваҷд омаданд. 
Китоби «Анъанаи рақсҳои занонаи Ӯзбекистон» асари роҳбари ширкати «Silk Road Dance», иҷрогар ва хореографи шинохта, олими машҳур Лаурел Грей мебошад. 
Дар суханронии худ хонум Лаурел Грей таъкид кард, ки дар Ғарб аз нозукиҳои санъати рақси Ӯзбекистон, ки нафақат бозгӯйи таърихи ин кишвари Роҳи абрешим аст, балки боз асрори рақси занонаро инъикос менамояд, кам хабардор мебошанд. 
Китоб маълумоти хронологии эҳёи рақсҳои ӯзбекӣ буда, дар бораи тамоми хелҳои рақс муфассал нақл мекунад. 
Ин ҳодисаи пураҳамият мероси ғановатманди фарҳангии Ӯзбекистонро равшан ва ба паҳншавию ҳифзшавии он дар олам мусоидат хоҳад кард, – қайд карданд иштирокдорони чорабинӣ.
Лаурел Грей – олими фарҳангшиноси дараҷаи байналхалқӣ, иҷрогар ва хореографе мебошад, ки ҳаёти худро ба омӯхтану азхуд кардани маданияти рақсҳои кишварҳои Роҳи абрешим бахшидааст. Ӯ соли 1984 ба Ҷамъияти рақс ва маданияти Ӯзбекистон асос гузошт, соли 1994-ум бошад, Лагери ҳарсолаи рақси Осиёи Марказиро таъсис дод. Вай сазовори Ҷоизаи байналхалқии унвони «Хореографи беҳтарин» (2003) ва «Беҳтарин раққосаи миллӣ» (1999) гардидааст.
Ширкати «Silk Road Dance Company», ки Лаурел Грей асос гузошт, дар ҷашнвора ва чорабиниҳои байналхалқии фарҳангӣ мунтазам ширкат меварзад. Лагери рақси Осиёи Марказӣ, ки таҳти роҳбарии ӯ ташкил гардидааст ба амрикоиён имкон медиҳад, ки анъанаҳои рақсҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, уйғурӣ, афғонӣ ва эрониро омӯзанд. 
Вай анқариб 15 маротиба аз Ӯзбекистон боздид оварда, бо Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ ҳамкорӣ кардааст, узви ҳакамоти ҷашнвораҳои байналхалқӣ, аз ҷумла «Raqs sehri» («Муъҷизаи рақс»), «Sharq Taronalari» ва ғайра мебошад. 

АИ «Дунё», 
шаҳри ВАШИНГТОН.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: