Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Олмон омад

  • Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Олмон омад

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо таклифи Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс 28 сентябр ба шаҳри Берлин омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Берлин-Бранденбург” меҳмони олиро вазири корҳои дохилӣ, рақамисозӣ ва варзиши иёлати Федералии Берлин Ирис Шпрангер ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Раҳбари Ӯзбекистон фардо, 29 сентябр дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ширкат карда, бо Президенти Федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва Канслери Федералӣ Олаф Шолс музокира хоҳад кард.

Дар барномаи сафар чорабиниҳои тиҷоратӣ низ пешбинӣ шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: