4.«ОВОЗИ ТОҶИК»: 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ЁДИ ЁДҲО

(Давомаш.
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
     Аз очерке, ки баъдтар дар бораашон навишта будам, аз ин, ки ба меҳмонии «кулбаи шоир» фурсат наёфта, «ваъда ба вақти дигар» медодам, маҳзун буданд, худораҳматӣ. Одамӣ – шири хомхӯрда. Он вақт куҷо медонистам, ки ман чанд сол ба Афғонистон мераваму дидор ба қиёмат мемонад. 
Соли 1974 ёди устод Васфӣ ва Ҳоҷиқурбон ҳам танҳо дар хотираи ёрону ақрабо ва ҳамкорашон зинда буд...
Рӯзномаҳо, билхосса «Овози тоҷик», оинаи замон, хотира аз давр, ёдгор аз одамон аст.  «Овози тоҷик» аввалан, дар солҳои таъсисаш – 1924, сониян дар соли 1950, баъди таваққуфи даҳсолаи иҷборӣ, сонитар дар арафаи 80-солагиаш ба имтиҳони ҳаёт рӯ ба рӯ шудааст. Дар бораи мушкилоти солҳои аввали таъсис, мураккабии ҳаёти сиёсӣ, бархӯрди афкор, табъиду тазъйиқи баъзе аз ходимон (умуман озодандешон) дар ибтидо, иҷмолан сухан рафт. Мушкилоти солҳои ахир, тавре ба ҳама маълум, мавзӯи иқтисод аст, ки дар давраи гузариш ин ногузир, зеро акнун на бо роҳи амру фармон, балки таври озод, бо усули иқтисоди бозорӣ кор пеш бурдан рост омад, ки аҳли идораи  «Овози тоҷик» ба ин чандон омода набуд. Аз ин рӯ, дар охири соли 2003 адади нашр ба ҳафтсад нусха фаромада буд. Боз ҳам ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ӯзбекистон  «Овози тоҷик» ба табъу нашр идома бахшид. 
Мушкилоти солҳои 50, барқарор шудани  «Овози тоҷик» бо номи «Ӯзбек-истони сурх», асосан аз норасоии кадрҳои журналистӣ будааст. Тавре ки шоҳидон  шаҳодат медиҳанд, бо саъю кӯшиши муҳаррирони вақт ин камбудӣ бартараф шуда, рӯзнома бо номи  «Ӯзбекистони сурх», ки он замон ҷомеа рамзи «сурх» дошт, аз нав мавқеъ ва симои худро дар ҷомеа барқарор кард. Он солҳо муҳаррир ба донишгоҳҳо рафта, аз байни донишҷӯён кадр мекофт, бо илтимосу илтиҷо ба кор даъват мекард... Маҳз дар ҳамон солҳо Муҳаммадҷон Мухторов, Муҳсин Умаров, И. Очилдиев, А. Исҳоқбоев, Марям Нозимова, Тоҳир Олимбоев, Турсунбой Раҳимҷонов, Шавкат Ниёзов, баъди онҳо боз гурӯҳи дигар ба кори рӯзнома пайвастанд, ки аз байни ҳамаи онҳо бо хислатҳои наҷибонаи парастиши забон, дониш, одоб, одамшиносӣ рӯзгори шодравон Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода бароям намунаи ибрат шудааст.
 Бар замми ин, ки хушқалам буд, фазилати  наҷибе дошт, ки имрӯз ноёб шудааст. Аз вай  ёрии бетамаъ ва маслиҳати беғараз бисёр дидаем.

ЖУРНАЛИСТИ ХУБ, ОДАМИ НЕК
(БА ЁДИ ҲОҶИҚУРБОН  ҲАМИДЗОДА)

Ба касофати ҷанге, ки аз соли 1941 то 1945 тӯл кашид, дар соли 1963 аз курси сеюми факултети таъриху филологияи Институти педагогии Хуҷанд маро ба аскарӣ гирифтанд. Гап дар  он, ки  то ин вақт аз шуъбаҳои рӯзонаи институтҳо аскаргирӣ набуд. Гуфтанд, ки солҳои ҷанг мардҳо дар фронт будаанду писарҳо кам ба дунё омадаанд, баъди 18 сол армияи советӣ пур нашуда мондааст...
Аз он афсӯс нахӯрдам, чунки одаму олам дидан, аз имтиҳони мусофирӣ гузаштан, худ як дорулфунун будааст. Бе муҳобот ҷаҳонбиниам васеъ гардид. Ҳанӯз хидмат поён наёфта, ният  кардам, ки баъди аскарӣ давоми таҳсилам бояд дар шуъбаи шарқшиносӣ сурат гирад. Чунки аллакай ба Афғонистон ҷавонони хату саводи арабӣ доштаро ба кори тарҷумонӣ мефиристоданд. Ман бошам, кайҳо бо ин хат ошно, онро хондаву навишта метавонистам. 
Соли 1966 хидмат тамом шуд. Аз институти Хуҷанд бо як азобе ҳуҷҷатҳоямро гирифтам. Чунки устод Темур Мақсудов – проректор, ки ба ман солҳои 1961-63 дарс додаанд, монеъ шуда талаб мекарданд, ки аз Хуҷанд наравам. Бо ҳамон сарулибоси аскариам рост ба Тошканд омадам. Бо пурсуҷӯ Институти шарқшиносиро ёфта, арзи матлаб кардам, аз имтиҳони шифоҳӣ бомуваффақият гузаштам. Гуфтанд, ки рӯзи дигар бо ариза бояд оям. Вале рӯзи дигар «гӯсола чаппа омад», «забону адабиёти ӯзбекӣ нахондаед, намешавад» гуфтанд, тарбуз аз бағал афтид. Як шаб дар болои хараки ҳавлии вокзал «хоб» карда, рӯзи дигар «таваккал ба Худо» гуфта ба Институти забон ва адабиёти рус рафта, бо ректораш профессор Ҳисом Ғуломов дар мулоқот шуда, бо маслиҳати ин марди бо ман ноошно, роҳ ба Самарқанд гирифта, хурсанд аз он будам, ки агар дар Самарқанд қабул нашавам, дари Институти русии Тошканд ба рӯям кушода аст.
Аз рӯйи нақли Ҳ. Ғуломов он ҷо курсҳои кӯтоҳмуддати забони форсӣ будааст. Дар ин донишгоҳ замоне  Устод Айнӣ  дарс додаанду Шароф Рашидов хонда буд, бароям арши аъло менамуд. 
Дар охири хиёбони ба номи Горкий, факултети филологияи тоҷику ӯзбекро ёфта, чанд  бор аз ошёна ба ошёна баромада фаромадам. Дар ошёнаи дуюм суратҳои калони Шароф Рашидов ва дигар раҳбарони ҳукумат, шоиру адибон аз як тараф, аз тарафи дигар духтаракону ҷавонони хушлибоси донишгоҳ, чашми маро мебурданд. Аммо сару либоси аскарӣ, магар диққати дигаронро бештар мекашид, ки аз байни ин издиҳом як ҷавонмарди миёнақад, ки сараш нисбати ҷисмаш калонтар менамуд, китфҳояшро ба навбат пасу пеш карда, ба ман наздик омад. Мӯйи сар, чашму абрӯйи сип-сиёҳаш симои сафедгунаро ҷаззоб нишон медод. Чашмони уқобонаи ӯ ба ман дӯхта шуданд. Ба ман даст дароз карда пурсид: «Бародар, ба шумо кӣ даркор?» Худро шиносонда, мақсадамро гуфтам. Ӯ маро аз зери дастам гирифта, ба қабулгоҳи декани факултет раҳнамоӣ кард. Ӯ бо котиба Наталя Андреевна пурсупоси гарм карда, гуфт, ки ба қабули Раҳим Раҷабович омадаем. Аз афташ маҷлис буд, дӯсти ҳанӯз ба ман ношинос ба нишастан таклиф карду аз паҳлуям ҷой гирифт. Дар қабулгоҳ суҳбати мо аз таърих, доираҳои адабии  Самарқанд, Ӯротеппа, забон ниҳоят самимона буд. Тавре сонитар фаҳмидам, ҳамин суҳбат ба ман «тақдирҷунбон» шудааст...
Фурсате фаро расид, ки аз деканат ҳама баромаданд. Роҳбалади ношинос дареро, ки «декани факултет Р. Р. Муқимов» навиштагӣ буд, кушод. Ҳар ду дохили хона шудем. 
– Домулло, ин сержанти ӯротеппагиро аз Пединститути Хуҷанд «перевод» карда гирифтан даркор. Бинед, либосаш ҳам ба худаш зебидагӣ, аълохон, – гуфта китобчаи баҳогузории студентиамро ба устод дароз карда, «мо бо ин кас ошнои дерина», – гуфт. 
– Майлаш, Мулло Ҳоҷӣ, магар гапи ходими обкомро ду кардан мумкин? – ҳазломез гуфтанд Раҳим Раҷабович Муқимов. 
Ҳамин тавр, ризоияти ректор Воҳид Абдуллоев ҳам ба даст омад. Ёрии бетамаъ ва беғарази собиқ корманди «Овози тоҷик» маро ба мақсад расонд.

«БИЁ, ЭЙ АШК, ТО БАР РӮЗГОРИ ХЕШТАН ГИРЯМ»

Соли 1974, тобистон буд. Он рӯз хабари марги фоҷиавӣ ва нобаҳангоми Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода аз Самарқанд ба Тошканд мисли барқ расид. Сармуҳаррир (Шавкат Ниёзов) гӯё чизи аз ҳама пурарзишеро аз даст дода бошад, ниҳоят безобита буд. Дарҳол сари ҷилави мошин нишастам. Ҳамкорамон – Ҳомидака Қиличев низ ба мошин савор шуданд. Ҳанӯз бовар намекардем, ки ин ҷавони дарёдил, ки ҳанӯз аз сад гулаш яке нашкуфта, аз олам гузашта бошад. Вай рӯзноманигори оташсухан буд, ҳамеша бо самимият ба чашми кас нигоҳ карда сухан мегуфт. Чакидаҳои хомаи ӯ дар рӯйи коғаз, ҳар кадоме гӯйӣ китобе буданд. Китобе дар ишқи ватан, бо меҳри миллат ва забони ӯ саршор... Тавре ки дар донишгоҳ низ ба дигар забон таълим гирифтааст, аз илму адаби халқҳои дигар бисёр мехонду медонист. Лек навиштаҳояш ҳамеша ҳамовози «Овози тоҷик», дархури тоҷикон буданд. Китобаш набаромада, ӯро дар вилояти Самарқанд ба раёсати Иттиҳоди адибон пазируфта буданд. Ӯ дар байни адибон «файласуф» ном дошт. 
Сухану навиштаҳояш сар то по бо далел, аммо содаву фаҳмо буданд. Мақолааш «Лаҳчаи тоҷикони воҳаи Фарғона» таассуроти калон гузошта буд, ба ману шарикдарсон. Фурсате бе мутолиа  набуд. Ҳамеша дар пайи хонишу дониш, фарогирии илм буд. Ҷиддан ба навиштан омодагӣ мегирифт. Афсус, дарахти сабзи қалами ӯ барвақт хазон шуд... Ӯ дар роҳи иттиҳоду ваҳдати миллат ҷоннисоре буд. Чунин менамуд, ки гӯё ҳасудон ӯро ҳангоми ҷамъоварии маводи лозима нагузоштанд, ки «таоме» лазизу хушхӯр ва пуриқтидор тайёр намояд. Баски донишманд буд, пеши роҳи суханаш гирифтан наметавонистанд. Бо амри тасодуф дар фалокате тани ӯ беҷон, қаламаш бесоҳиб монд.
... Он рӯз дар роҳи байни шаҳри Самарқанд то аэропорт қариб, ки мошин намегашт. Шаҳр ба по хеста, барои видоъ бо як тан аз шаҳрванди худ села-села меомад. Мо низ ба ин селаи мотамзадагон бипайвастем. Базӯр худро то бинои Институти тадқиқоти илмии археология ва таърихи Самарқанд, ки дар гузари Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода аст, расонидем. 
...Тани беҷони Ҳоҷиқурбон Ҳамидзодаи зиндаёд он рӯз дар толори ин бинои муҳташам дар тобут, ҳанӯз барои видоъ рӯкушода буд... Ҳатто он лаҳза ҳам мехостам охирин ҳарфе аз ин донишманд бишнавам... Шунидам. Ҳамроҳонам ба ин шоҳиданд. Гирди тобут гурӯҳи созандагони ҳунарманд дар дастҳо рубобу ғиҷҷаку тор дар наво буданд. Оҳанги мотам сар ба фалак мепечид...
Бори аввал дар азо мусиқӣ мешунидам. Чунин будааст васият ва сухани охирини ин ҷавонмарги сухан, ки румишинос буд ва аз таърихи ҷанозаи Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ки ҳама габру мусулмон, дастзанону пойкӯбон рақсида, то сари гӯр рафтаанд. Дар ҷанозаи Ҳоҷиқурбон оҳанги мотам  ин ғазали Ҳазрати Ҷомӣ – «Гиря»-ро  ба ёд меовард, ки гуфтааст:
«Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям»...
(Давом дорад).
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: