НАВЪҲОИ НАВИ ЗИРОАТ ВА МЕВАҶОТ

Кишоварзон ҳар сол ба ҳазорҳо гектар майдон навъҳои гуногуни зироат кишт ва парвариш менамоянд, то ки эҳтиёҷоти аҳолиро қонеъ созанд.

 Бо вуҷуди ин як қисми маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Ба вуҷуд овардани навъҳои ба иқлими маҳал мутобиқ ва айни замон серҳосил айни муддаост. Барои мисол, бигирем боғҳои Бахмалро. Дар ин ҳудуд себзорҳое барпо сохтаанд, ки меваи шаҳдбори он бо хуштаъмӣ маълуму машҳур аст. Себҳои сурхи «Панҷситора» ва зарди «Голден» бо навъи аълояш бартарӣ дорад ва аллакай натанҳо дар дохил, балки дар хориҷа ҳам ном баровардааст. Боғбонон аз як гектар беш аз бист тонна мева мегиранд. Ба ҳисоби миёна як дарахти себ сад-саду панҷоҳ килограмм ҳосил медиҳад.
Бигирем форишиёнро, дар заминҳои наздиҳавлиашон токи заминӣ парвариш мекунанд. Тӯли сол бозорро бо ангурҳои сиёҳу сурх таъмин менамоянд. Ё худ хушк карда, мавиз тайёр мекунанд, онро низ мефурӯшанд.
Бояд гуфт, ки кишт ва парвариши ҳар як рустанӣ ба иқлими ин ё он маҳал хосу мос аст. Чунончи, дар ҳудуди маҳаллаи «Навбаҳор» кишт ва парвариши растании «Sorgo»-ро таҷриба карданд. Як гектари ин растанӣ қодир аст, ки то 50-60 тонна моддаи   оксиген ихроҷ намуда, ҳавои атрофро тоза созад.
Ходимони хоҷагии қишлоқ ва мутасаддиёни соҳа сари масъалаи ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироат, рустаниҳои ғалладона кор пеш мебаранд. Аз ҷумла, навъҳои нави офтобпараст ва соя, ки ғолибан барои  истеҳсоли маҳсулоти равғанӣ муҳим ва зарур маҳсуб меёбанд, аз таҷриба мегузаранд ва самара медиҳанд. Аз як гектар навъи «Пиoнер»-и офтобпараст то 5-6 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Навъи «Aley» ҳам ҳосилхез буда, дар давоми  ду-се моҳ  пухта мерасад, – мегӯянд мутахассисон. 
Бахшида ба ин масъалаҳо ба қарибӣ дар вилояти Ҷиззах семинари амалии ҷумҳуриявӣ доир гардида буд. Дар он аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ кормандони хоҷагии қишлоқ ширкат варзиданд.  Дар ҷараёни семинар оид ба роҳҳои ба вуҷуд овардани навъҳои афзалиятноки ба иқлим ва хоки ин ё он маҳал мувофиқи зироат, рустанӣ, аз он ҷумла, парвариши соя ва пахта мубодилаи афкор намуданд. Солҳои охир тухмии пунбаи «Барака» ва «Равнақ-2»  ҳосил гардид, ки ин ба хоҷагиҳои қаламрави вилоят барака ва равнақ овард. Дар заминҳои беканори ноҳияи Ғаллаарал ҳамчун кишти такрорӣ навъҳои нави соя самара медиҳад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: