МОМОИ ДУОГӮИ ДЕҲА

Оре, ҳақ аст, ки ҳаёти пирон, ранҷу азоб, сабру қаноат ва панду насиҳати онҳо барои мо дарси ҳаёту зиндагӣ аст.

Агар бо пирони равшанзамир сӯҳбат кунед, анъанаҳои миллии чандасра ва ҳаёти гузаштаи онҳо моро дар ҳайрат мегузорад. 
Мо бояд он анъанаҳои миллии аҷдоди худро давом дода, аз қалби худ ҷой диҳем.  
Нанай макони зебоманзари ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд буда, бо кӯҳҳои пасту баланд, дарёчаҳои пурмавҷ, шаршараю чашмаҳои шаффоф ва олами ҳайвоноту набототи худ диққати атрофиён, алалхусус, сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.
Дар ин деҳаи назаррабо бобою момоҳое, ки қариб як аср умргузаронӣ мекунанд, башумор мондаанд, ки саргузашту сӯҳбати онҳо ҳар як фардро ба ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, сабру қаноат, ватандӯстӣ, донишандӯзию покдомонӣ водор менамояд.
Яке аз он момоҳое, ки пастию баландӣ, ранҷу азоби солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон ва талхию ширинии ҳаётро бо сабру бардошт паси сар намудааст, Тӯхтаҷон Сафоева мебошад.
Зисту зиндагӣ ва ҳодисаю воқеаҳо дар хотири ин момои дуогӯй монанди нақши кандакорӣ нақш бастааст.
Инак, аз забони пиразани қариб садсолаи равшандил, шуморо ошно месозем. 
– Ба ҳама зарбаҳои зиндагӣ сабру қаноат кардам, – мегӯяд Тӯхтаҷон Сафоева. – Дар хонадоне, ки ман ба воя расидам, гуфтаи падарам ду нашудааст. Ва гузашта аз ин, амал накардан ба панду насиҳат ва маслиҳати волидайн гуноҳ шуморида мешуд. Ба шавҳар низ бо розигии падарам баромадам ва аз ҳеч кас кам нашудам. Шавҳарам Миртулло Сафоев иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон. Он кас қатори ҳазорон нафар аскарон ба ҳифзу ҳимояи Ватан рафтанд ва аз ҷанг якпоя ба деҳа баргаштанд. Аммо худашонро маъюб шуморида, дар хона нанишастанд. Ба донишҷӯёни мактаби миёнаи рақами 44-уми деҳа аз фанҳои химия, биология ва забони русӣ дарс доданд.
Ман низ ёфту тофти шавҳарам ҳамин будааст, гуфта нанишастам. Албатта, хонондану пӯшондан, таълиму тарбияи 11 нафар фарзанд осон набуд. Мо онҳоро бо меҳнати ҳалоли худ ба воя расонидем.
Ман ҳеч гоҳ аз меҳнат нагурехтам, чӣ коре, ки барои оилаам лозим бошад, кардам. Ин кори зан, ин кори мард нагуфтам. Ба бозор меваи замини назди ҳавлӣ, ки аз рӯзгор зиёд меомад, бароварда мефурӯхтам. Бо сӯзан куртаю куртапоча, кӯрпаю кӯрпачаи мардумро медӯхтам. Тобистон гову гӯсфандонро ба кӯҳи Мерсандон бурда, чайлаву чодир кашида, то тирамоҳ дар он манзил машғули кор мешудам.
Ҳоло рӯзгордорӣ тамоман ранги дигар гирифтааст, бахусус, чандин кори занонро мошинҳо мекунад. 
Ман ҳар саҳар ҳоло субҳ надамида говдӯширо сар мекардам, шир мепухтам, гуппӣ зада, равған мегирифтам. Баъд ба бачаҳо хӯроки пагоҳӣ омода карда, ба кору хонданашон мефиристондам. 
Момо сабрро дар дил маскан карда будаанд ва инро ба ҷавонони бесабру бетоқат маслаҳатомезона мегӯянд: сабр кунед, роҳат, албатта, меояд. 
Момо фазилатҳои неки инсониро ҳеч гоҳ фаромӯш накардаанд, касе, ки ба хонаашон меояд, ҳеч гоҳ бо дасти холӣ гусел намекунанд, ба бачаҳое, ки аз пеши роҳашон мебарояд, ба дасташ қанду қурс медиҳанд. 
Синни момо қариб ба сад расида бошад ҳам, бе айнак газетхонӣ мекунанд...
Аз дубайтиҳои мардумӣ, ки дар хотираашон нақш бастааст, ёдовар мешаванд:
Таги соя сангаш не,
Камбағала рангаш не,
Як пуд гандум як ҳазор, 
Гирам гӯяд пулаш не.
        ***
Байтгӯяк бошад ёрам,
Дилёбак бошад ёрам,
Байтгӯяку дилёбак, 
Аз аскар бошад ёрам.
        ***
Мол ҳай кардам далава,
Дастам расид лолава,
Апа-додом надоданд, 
Нағз дидагӣ ёрамба.
Касе, ки ба зиёрати ин момои ҳушёрдил меояд, кӯшиш мекунад дуои ӯро гирад, момо бошад аз дуогӯӣ монда намешавад.
– Он рӯзҳое, ки мо бо ранҷу азоб гузаронидем, ба сари ҳеч кас наояд. Худо умри маро ба шумоён низ насиб кунад.
Роҳи тайкардаи дуру дарози момои Тӯхтаҷон барои ҷавононе, ки имрӯз аз сабабҳои ночиз аз баҳри фарзанду оила мегузаранд, намунаи ибрат аст.

Коммуна БОБОЕВА,
ноҳияи Бӯстонлиқи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: