Риштон яке аз қадимтарин шаҳрҳои водии Фарғона буда, дар Роҳи бузурги абрешим қарор гирифтааст.
Дар асрҳои миёна Риштон ба ҳайси шаҳристоне дар чорроҳаи корвонгузар, аз як сӯ байни Чину Ҳинд ва аз сӯи дигар байни Эрону Ховари Миёна ҷойгузин буда, барои ҳамин ҳамчун маркази тиҷорат маълуму машҳур гашта, ба ин ҷо аз кишварҳои гуногун тоҷирон меомадаанд ва баъди фурӯши молу мавод бо худ маҳсулоти кулолгариро мебурдаанд. Хосатан, мардуми Риштон дар маҳаллаҳои Даҳбед, Чиннигарон, Кӯзагарон, Кулолон ва амсоли он аз замонҳои қадим ба ин касбу кор машғул шуда, ба рушду такомули истеҳсоли маҳсулоти сафолин саҳми босазо гузоштаанд.
Ҳатто имрӯзҳо низ Риштони куҳанбунёд мунтазам меҳмонони зиёди хориҷиро аз қораҳои гуногуни олам пазироӣ мекунад ва ин бесабаб нест. Маҳсулоти дастони мӯъҷизакору мӯъҷизаофари риштониён, ки аллакай дар чаҳор иқлим маълуму машҳур гардидааст, беш аз пеш таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб менамояд. Аз ин ҳисоб даромади кулолон меафзояд ва зиндагии онҳо фаровон мегардад.
Дар ҳошияи Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд, ки чанде муқаддам баргузор гардида буд, меҳмонони зиёд ба Маркази кулолгарии Риштон ташриф оварданд.
– Санъати кулолгарии Риштон таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Ҳоло барои ҳар як хонаводае, ки ба ҳунари кулолгарӣ машғул аст, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Шокирҷон Аҳмадҷонов, ки аз зумраи устоёни санъати кулолгарӣ мебошад, аллакай аз ҳисоби содироти маҳсулоти худ даромади зиёд ба даст овардаву корхонаи истеҳсолии худро беш аз пеш тавсеа медиҳад, – гуфт ҳокими ноҳияи Риштон Баҳодурҷон Холиқов.
– Таъсиси ин марказ, ки бо ибтикори сарвари давлатамон рӯи кор омадааст, дорои тамоми шароитҳо мебошад. Он орзуи ҳазорсолаи кулолгарони риштонӣ буд, ки маҳз дар давраи истиқлол бунёд гардидаву тамоми аҳли ҳунари кулолгариро дар худ таҷаммӯъ додааст. Сохтмони ин маҷмӯъ натиҷаи таваҷҷуҳи бузурги мақомоти мамлакат нисбати кулолгарон мебошад. Мо бояд тарзе анъанаҳои гузаштагони ин марзу буми ҳунарзову ҳунарпарварро давом диҳем, ки барои коромӯзии ҷавонони имрӯза ва фаровон шудани ҳаёти онҳо ҷиддан мусоидат намояд, – тазаккур медиҳад Баҳодурҷон Холиқов. – Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин соҳа муаррифии бренди ҳунарҳои миллии мардуми мо барои ҷаҳониён аст.
Ҳоло ин марказ ба маскани омӯзишу парвариши кулолгарони оянда табдил ёфтааст. Дар ин ҷо мисли Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, академик Шарофиддин Юсуфов, Алишер Назиров ва дигар ҷавонон аз гирду атроф омада ба таври ройгон ҳунар меомӯзанд. Устоёнашон ба онҳо асрори кулолгарии суннатиро ёд медиҳанд ва дар барқарор намудани навъҳои гумшудаи ин навъи санъат гомҳои ҷиддӣ мебардоранд.
– Дар маҷмӯъ беш аз ҳафтод соли умрамро ба касбу ҳунари кулолгарӣ бахшидам. Агар дар гузаштаи начандон дур одамони зиёд ба писари кулол духтарони худро барои арӯсӣ намедоданд, ҳоло акси ин ҳол мушоҳида мегардад. Чунки дар мамлакати мо барои рушду такомули санъати кулолгарӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва аксари кулолони риштонӣ аз ҳисоби даромади худ сарватманд шудаанд. Ҳар кадом ғайр аз он ки хонаҳои наву барҳаво сохтаанд, соҳиби мошинҳо низ мебошанд. Ин ба гуфтан осон аст, – гуфт изтироби худро пинҳон надошта Шарофиддин Юсуфов.
Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз соли 1950 падараш дар ҳавлии худ корхонаи кулолгарӣ сохтааст ва он ҷо тақрибан 40 нафар машғули истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ шудаанд. Шарофиддин Юсуфов намояндаи насли ҳафтуми сулолаи кулолгарон мебошад. Асарҳои нодири ин устои кулолгарӣ дар осорхонаҳои гуногуни мамлакат, инчунин мамолики хориҷӣ, аз ҷумла, Осорхонаи санъати Шарқи Маскав, Осорхонаи мардумшиносии Санкт-Петербург, Эрмитаж, коллексияҳои Эстония ва амсоли он нигаҳ дошта мешаванд.
Алишер Назиров ва бародари ӯ Бахтиёр ба бештар аз 200 нафар шогирд ин ҳунарро ёд додаанд ва ҳамеша дар такомули касби кулолгарӣ саҳми хешро мегузоранд. Алишер ба он аҳамият равона кардааст, ки аз оилаҳои камбизоати Риштон шогирдонро ҷалб намояд, то ки онҳо баъди андак вақт аз ҳисоби даромади ин касб аъзои хонаводаашонро хӯрондаву пӯшонанд.
Ба наздикӣ аз суҳбат бо раҳбари кластери кулолии «Мингбошӣ керамик» Шокирҷон Аҳмадҷонов дарёфтам, ки бо ширкати амрикоии «Даймонд инк» ба маблағи панҷ миллион доллар созишнома ба имзо расидааст. Аллакай як қисми маҳсулот то ба Амрико расидааст, ки маблағи умумии он ҳудуди 80 ҳазор долларро ташкил мекунад. Содир намудани маҳсулоти сафолин дар айни ҳол ба кулолони риштонӣ хос мебошад. Онҳо тарзу усулҳои беҳтарини сохтани зарфҳои гуногунро фикр карда мебароранд, ки яке аз дигаре пурҷилову пурҷозиба ва мавриди таваҷҷуҳи харидорон қарор мегирад. Аз ҷумла, Алишер ва Бахтиёр кайҳо маҳсулоти худро ба мардуми кишвари офтоббаро – Ҷопон дастрас намудаву онҳоро ба мизоҷони доимии худ табдил додаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.