Дар Самарқанд шоире ҳаст.
Дар Самарқанд шоире ҳаст. Шоире, ки дилаш танҳо бо ишқи Ватан зинда аст. Мазмуни зиндагӣ барои вай танҳо ҳамин диёри офтобӣ, замини ҷаннатмакон ва меҳани азиз мебошад. Вақте бо вай суҳбат мекунед, пай мебаред, ки дигарон мазмуни муқаддас будани Ватанро ҳанӯз дарк накардаанд. Дар як шеъраш ӯ мегӯяд:
Қасам бар Самарқанди ҷонам,
қасам,
Ки фарзанди содиқу мардаш
манам!
Наҷӯед, азизон, дигар гӯри ман,
Намирам зи ишқи Ватан ҳеҷ ман...
Дар ҳақиқат, ӯ фарзанди содиқу марди Самарқанд аст. Хонанда вақте ин мисраъҳоро мехонад, онҳоро ба Ҳабиб Юсуфӣ нисбат медиҳад. На... Ин маҳсули қалами шоири самарқандӣ, Баҳодури Убайдуллоҳ (Раҳмонов) аст, ки бахшида ба 105-солагии шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ навиштааст.
Баҳодури Убайдуллоҳ аз овони мактабхонӣ ба шеърнависӣ шурӯъ кард. Ҳар як шеъри тозаэҷодаш аз назари падари нуктасанҷу донишманд, шодравон Убайдуллоҳ Раҳмонов мегузашт. Падари шоир аз ӯ мехост, ки танҳо ҳақиқатро нависад, ростгӯй бошад.
Яке аз маҷмӯаҳои шеърии шоир – “Ватани бахт” соли 2019 интишор гардида, ба зудӣ аз ҷевони китобхонҳо ҷой гирифт. Зеро, навиштаҳояш бо забони содда эҷод шудаанд. Хонандагон ҳангоми мутоила ба мушкиле рӯ ба рӯ намеоянд ва барои худ олами наве пайдо мекунанд.
Саҳаргаҳ ханда резад аз лаби гул,
Бирақсад шохи гул амсоли кокул.
Дар ин дунёи бегаҳсурати кулл,
Наҳори зиндагонӣ ҳам ғанимат.
Дар ин шеър шоир тасвири зебоеро рӯйи коғаз оварда, аввали умри одамиро ба саҳаргоҳи пуртароват монанд мекунаду дар ниҳоят, ғанимат будани рӯзу шабҳои зиндагониро таъкид менамояд. Аз машаққатҳои ҳаёти пуршебу фароз ҳарф мезанад. Ӯ дар шеъри “Ба савдогарони одам” хислатҳои бади одамҳои имрӯзаро бо маҳорат фош мекунад ва ишора менамояд, ки чунин хислатҳои зишт умри тӯлонӣ надоранд. Дар байти охирин шоир нафрати худро нисбат ба хоинони Ватан изҳор кардааст:
Дар хок монад бекафан фарди
хиёнаткори халқ,
Савдогарони беватан,
меҳанфурӯшӣ то куҷо?
Дар баробари ин гуна шеърҳои саршор аз меҳри меҳану халқ, дар дафтари шеърҳои шоир ошиқонаҳо ҳам пайдо мешавад. Мисли шоирони дигар дар ӯ сархушӣ аз май, ё девонагиҳои барзиёд нест. Дар ошиқӣ низ ӯ ба иродаву шуури инсонӣ такя мекунад.
Баҳодури Убайдуллоҳ на танҳо дар навиштани шеърҳои суннатӣ, балки эҷоди шеърҳои нимоӣ низ маҳорат дорад. Мусоҳиб бо ӯ дар кадом мавзӯъ сӯҳбат накунад, як байти обдор ё аз Ҳофиз, ё аз Ҳилолӣ, ё аз Лоиқ, ё аз Симини Беҳбаҳонӣ ва ё дигар бузургон пешкаш менамояд, ки ин боиси рушди маънавии тафаккури ҳамсуҳбаташ мегардад.
Дар маҷмӯаи “Ватани бахт” ғазалҳои шоир таҳти унвони “Девони дил”, рубоӣ ва дубайтиҳояш бо номи “Шоҳроҳи Хайём” ба хонанда пешниҳод гардидаанд. Ӯ дар эҷоди рубоӣ ба дунболи Хайём меравад:
Бо ном ба даҳр омада бе ном
равем,
Аз пеши ҳама пухтасарон хом
равем.
Авзои ҷаҳон бигуфта бо байте ду,
Сармаст зи бода ҳамчу Хайём
равем.
Ё:
Қонуни ҳаёт аст: ҷавон пир шавад,
Ин умри азиз бигзарад,
охир шавад.
Имрӯз ғанимат бишумар
ҳар нафасе,
Фардо чу шавад, хок шавӣ,
дер шавад.
Мавзӯи ғазалҳои шоир низ рангоранг буда, аз тасвиру маъниҳои зебо саршоранд.
Баҳодури Убайдуллоҳ аз шоирони навқалам маслиҳатҳои худро дареғ намедорад. Ба онҳо то қадри имкон роҳнамоӣ мекунад.
Аз шоир мо шеърҳои тару тоза интизорем.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ,
шаҳри САМАРҚАНД.