Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Замзамаҳои истиқлолият
Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Дар дили мо мароми Истиқлол,
Шаш ҷиҳат аз каронаи Миҳан
Мениюшем гоми Истиқлол,
Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Дар дили мо мақоми Истиқлол!
Покдин, покрою покойин,
Покзодему мардуми бодин,
Бодаи маърифат ҳаменӯшем,
Бо ҳаловат зи Ҷоми Истиқлол!
Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Дар дили мо мақоми Истиқлол!
Гар биҳиште ба паҳнаи дунёст,
Он биҳишти Ватан барои мост,
Худшиносӣ – Ватаншиносӣ аст,
Зимни тафсири номи Истиқлол!
Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Дар дили мо мақоми Истиқлол!
Рахши аҷдод мепарафшонем,
Соликони раҳи дурахшонем!
Парчами дӯстӣ ба каф дорем,
Бо муроду мароми Истиқлол!,
Дар лаби мо саломи Истиқлол,
Дар дили мо мақоми Истиқлол!
Ҷашни Истиқлоли мо хуш омадаст!
Ҷашни Истиқлоли мо хуш омадаст!
Бахти мо, иқболи мо хуш омадаст!
Ормон, омоли мо хуш омадаст!
Ҳоли некӯфоли мо хуш омадаст!
Мизбон аст ӯ, на меҳмон омадаст,
Дилкушоду чеҳрахандон омадаст,
Нақди хайру ҷӯду эҳсон омадаст,
Посдори аҳду паймон омадаст,
Хушхиромаш бод доим файзбор,
Хушпаёмаш дилнавозу ғамгусор,
Ӯ, ки аз батни Ҳазора зодааст,
Рӯзгораш бод беш аз сад ҳазор!
Хок дар дасташ Илоҳо, зар шавад!
Осмонаш софу некахтар шавад!
Ҳиммати мардона бодо ёри мо!
Нури Истиқлоламон раҳбар шавад!
Мулке надидам пургуҳар, чун хоки тоҷикони мо
Эй тобиши тобони ту метобад аз
чашмони мо,
В-эй қалби гармат бурда дай,
оварда тобистони мо.
То боғу то бӯстони ту дилгарм
тобистон шудем,
То решаат бор оварад, хун рехт
аз мижгони мо.
То Мулк ободон шавад,
саҳни Ватан бӯстон шавад,
Пояндаву созанда шуд, Имони мо,
Виҷдони мо.
Эй дар тараб танбӯри мо,
ною навои ҷӯри мо,
Эй сури мо, эй зӯри мо,
эй беҳтарин дармони мо!
Бисёр дидам баҳру бар, бисёр
гаштам шебу фар,
Мулке надидам пургуҳар, чун хоки
тоҷикони мо.
Хокат пур аз ганҷинаҳо,
обат давои синаҳо,
Рӯзу шабат одинаҳо,
эй файзи дастархони мо.
Эй Файзхоҷа дам мазан,
андар санои ин Ватан
Мову санои ӯ куҷо, аҳсони ӯ,
нуқсони мо, ҳазёни мо.
Амсоли Истиқлоли мо, зарбулмасал ҳар кас надид
Эй аз ҳузури гарми ту морост
ваҷду ҳолҳо,
Бишкуфта дар дил саҳнаҳо
гулҳои истиқлолҳо.
Бӯстони моро нурҳо, бунёни моро
сурҳо,
Шарёни моро шӯрҳо, тайрони моро
болҳо!
Ворастагӣ, ҳамбастагӣ, озодвора
зиндагӣ,
Дар дил мунаққаш гашта чун
волотарин тимсолҳо!
То боли Истиқлоли мо, бикшуд
парру боли мо,
Бас обҳо аз сар гузашт,
бас моҳҳову солҳо…
Тай шуд басе роҳи дароз,
тай шуд басе шебу фароз,
То шуд муҳаввал қалб боз,
то аҳсани аҳволҳо!
Бояст ҳимматёр шуд, дар кору дар
пайкор шуд,
Лаб баст аз ақволҳо,
пайваст бо афъолҳо!
Амсоли Истиқлоли мо,
зарбулмасал ҳар кас надид,
Чашмони дил бояст шуст,
то дид ин амсолҳо!
Тахрихи мозӣ муттако,
бояст бошад баҳри мо,
Ҳар субҳ то созад тулӯъ,
Хуршеди истиқболҳо!
Эй Файзхоҷа, кам хурӯш,
дар кор бегуфтор ҷӯш,
Дил то нахуспад дар бадан,
аз аллаи ақволҳо.
Сӣ сол намеомад аз мушкилии Виза
Хандидаву рақсида як куртачакан
омад,
В-аз тарфи хироми ӯ ҳулбӯи
Ватан омад.
Сӣ сол намеомад аз мушкилии
Виза.
Бе Виза ба тайрон шуд,
аз кӯҳу даман омад.
Бар Чоч чу ӯ хандид,
ҳар пистадаҳан шармид,
Сад пистадаҳан ғалтид,
як пистадаҳан омад.
Болош чу мавзун буд,
писханд ба гардун буд,
Сад дуздаки дил андар як мижжа
задан омад.
Ӯ тавқи ҳавояшро бар Одаму
Ҳавво баст…
Бе банд дили мо баст,
бе банду расан омад.
Корида хиром омад, борида
ғулом омад
Озоду сабук омад, чун барги
суман омад.
Ҳафтоду ду ман кам буд вазни дилу
ҷони мо,
Аз файзи хироми ӯ ҳафтоду
се ман омад.
Меҳмони ман аст имшаб
он пистаи хандонлаб,
Набвад дигарам матлаб,
маъдан зи Адан омад.
На аз Адану Канъон,
н-аз Тӯру на аз Эрон ,
Ҷону ҷигари Хатлон, сад рашки
Хутан омад.
Файзхоҷа МАҲМУД