ОЛИМИ ЭРОНӢ НУСХАИ ЯКЕ АЗ АВВАЛИН ДАСТХАТҲОИ «БОБУРНОМА»-РО БА САФОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН СУПУРД

Дар сафорати Ӯзбекистон дар Теҳрон бо муовини раиси Академияи забон ва адабиёти форсии Эрон Муҳаммад Нассирӣ, дабири кулли Шабакаи байниисломии виртуалии донишгоҳҳои (CINVU) назди Кумитаи ҳамкории илмию техникӣ (COMSTECH) Карим Барзегар Наҷафӣ вохӯрӣ ба амал омад.

Дар ин чорабинӣ Муҳаммад Нассирӣ нусхаи дастнависи «Бобурнома»-ро, ки дар осорхонаи «Қасри Гулистон» -и Теҳрон нигоҳ дошта мешавад, ба роҳбари намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Эрон Баҳодир Абдуллоев супурд. 
Ҳамсуҳбат қайд кард, ки ин дастхат беназир аст ва дар ҷаҳон шабеҳи он нест. Он бо сабки «настаълиқ» навишта шудааст. Бисёр олимони маъруфи бобуршиноси саросари ҷаҳон ягонагӣ ва аҳамияти ин дастхатро тасдиқ кардаанд.
Тибқи баъзе маъхазҳо, дастхат шояд дар замони зинда будани Бобур нусхабардорӣ шуда бошад. Китоб ба Эрон дар давраи ҳукмронии Насриддиншоҳи Қоҷор (1848-1896), вакилони сулолаи коҷорҳо омадааст. 
Ин асар дар 150 соли охир дар осорхонаи “Қасри Гулистон” нигоҳ дошта мешуд.
Дар ҷараёни мулоқот Муҳаммад Нассирӣ гуфт, ки дар нимаи моҳи май ба Ӯзбекистон ташриф оварда, бо олимони ӯзбек мубодилаи таҷриба хоҳад кард, инчунин бо дастхатҳои дар фондҳои Ӯзбекистон маҳфузбуда ҷиҳати пурра кардани китоби худ дар бораи «Бобурнома» бо маводи нав ошно хоҳад шуд. 

АИ Дунё, 
ТЕҲРОН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: