Бо ҳамкории соҳибкорони белорус дар вилояти Қашқадарё чандин корхонаи муштарак бунёд ёфтааст, ки имрӯз ба салоҳияти кишварамон дар робита ба экспорти маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Аз ҷумла, дар соҳаи дорусозӣ низ қадамҳои нахустин гузошта шуданд.
Раҳбари ширкати “BelVitunifarm” Сергей Болшаков дар вилояти Қашқадарё бо намояндагони ҳокимияти вилояту коргоҳҳои мутааллиқи ин соҳа дидору гуфтугӯ намуд. Ширкати мазкур барои ҳайвонот доруҳои гуногун истеҳсол мекунад. Ҷонибҳо дар дидору гуфтугӯҳо ба тавофуқ расиданд, ки ба ривоҷи истеҳсоли давоиҳо барои ҳайвонот мусоидат намоянд. Таъкид гардид, ки солҳои охир дар вилояти Қашқадарё соҳаи чорводорӣ беш аз пеш ривоҷ меёбад ва солим нигоҳ доштани ҳайвонот яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Барои гирифтани пеши роҳи эҳтимоли сар задани ҳар навъ бемориҳои сироятии хоси ҳайвонот, ки ба ҳаёти инсоният низ хатарзо ҳастанд, ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои мавриди назар хеле зарур мебошад.
С.Болшаков гуфт, ки ширкати “Bel-Vitunifarm” омода аст, ки дар ҳудуди вилоят корхонаи муштарак бунёд намояд. Ин коргоҳ давоиҳои махсус истеҳсол хоҳад кард, ки барои пешгирии бемориҳои гуногуни ҳайвоноти хонагӣ истифода мешаванд. Интизор меравад, ки минбаъд бо ҳамкории ин ширкат дар Қашқадарё коргоҳи муштараки дорусозӣ бунёд шавад.
Белорус дар соҳаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзор дар вилояти Қашқадарё низ ширкатҳои муштараке сохтааст. Яке аз онҳо “UzShoes” ном дорад. Ин коргоҳ бо пешниҳоди Президент соли 2021 бунёд ёфта, барои сохтмони он ва хариди таҷҳизоти лозимӣ 6 миллион доллар масраф шудааст ва имрӯз дар он 600 нафар машғули кор ҳастанд. Инчунин соҳибкорони вилояти Қашқадарё дар соҳаи хоҷагии деҳот ва коркарди маҳсулоти ин соҳа бо тадбиркорони вилояти Витебскии Белорус ҳамкориҳои хуберо ба роҳ мондаанд.
Ш. ХАЛИЛОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.