Академик Муҳаммадҷон ШАКУРӢ: АЙНӢ ПЕШВОИ МАЪНАВИИ ТОҶИКОН АСТ

Ин суҳбат бо донишсолор Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки зодаи хокдону парвардаи мактаби Устод Айнӣ аст, беш аз даҳ сол пеш анҷом дода шудааст.

Ин суҳбат бо донишсолор Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки зодаи хокдону парвардаи мактаби Устод Айнӣ аст, беш аз даҳ сол пеш анҷом дода шудааст. Ҳоло акнун академик ва ҳам яке аз мусоҳибон дар қайди ҳаёт нестанд. Дар ин мусоҳибаи доманадор ба бисёр саҳифаҳои ҳаёти Устод Айнӣ, ки то ҳанӯз норавшан боқӣ монда буданд, рӯшанӣ андохта мешавад.
– Шумо, ки устод Айниро беҳтар мешиносед, суҳбатро аз баҳси сари соли таваллуди устод Айнӣ шурӯъ намуданием. Оё соли 1875 эълон намудани соли таваллуди эшон зарурат дорад?
– Бояд гуфт, худи устод Айнӣ медонистанд, ки таваллудашон 1875 аст, вале дар ин бора чизе нанавиштаанд, балки бо сабти соли таваллуди 1878 ҳуҷҷатҳо хонапурӣ карданду шиноснома гирифтанд. Пас, барои тағйир додан ё баҳс намудани соли таваллуди устод Айнӣ ҳоҷате нест. Чи хеле ки мегӯянд, дар ин бобат «ихтиёр дар дасти бахтиёр аст». Синни банда ҳам, масалан, аз ҳуҷҷатҳои расмӣ 3 сол зиёд аст. 
– Вақтҳои охир дар бораи Инқилоби Октябрро бо чӣ рӯҳия пешвоз гирифтани устод Айнӣ ақидаҳои мухталиф пайдо шудааст. Аз асарҳои худи устод ва ҳамзамононаш хондаем, ки Айнӣ ҳамчун маорифпарвар, ҳатто зидди намоишҳои оммавии ислоҳотхоҳон будааст. Пас, чӣ шуд, ки устод Айнӣ ба Самарқанд омаданду ба маслаки сиёсӣ рӯ оварданд, инқилобро бисёр ситоиш карданд?
– Домулло Айнӣ солҳои аввали фаъолияти маорифпарвариашон ба масоили сиёсӣ чандон таваҷҷӯҳ надоштанд, фикру андешаи эшон ба чӣ роҳе ба саводомӯзию мактабхонӣ ҷалб намудани мардум, ба хусус ҷавонон, яъне ба таҳаввулоти афкор, бештар банд будааст. Вале раванди ислоҳотхоҳии рӯшанфикрони Бухоро ва муносибати беэътиноёнаи аморат ба талабу дархости аҳли ҷомеа, ниҳоят, дар ин роҳ кушта шудани бародарашон Сироҷиддин ва гурӯҳе аз ҳаммаслаконашон, ба фикрам, дар андешаҳои домулло Айнӣ тағйирот ба амал овард. Дар ҳамин ҳол низ, домулло Айнӣ ба инқилобхоҳони Бухоро, масалан, бо сарварони Ҳизби ҷавонбухориён Ф. Хоҷаев, Ҳамдӣ, Мунзим, ки шиносии хуб доштанд, наздикӣ наҷустаанд, шояд бо сабаби ҳамақида набудан дар мавриди шеваҳои мубориза. Аз навиштаҳои домулло Айнӣ пайдост, ки инқилоби февралу инқилоби октябрро нағз пешвоз гирифтанд, ҳол он ки на ҳамаи рӯшанфикрони Бухорову Самарқанд, чунин ақида доштанд. Масалан, Беҳбудӣ инқилоби октябрро напазируфтааст. 
Домулло Айнӣ баъд аз инқилоб дигар ба Бухоро барнагаштанд, дар Самарқанд бо корҳои мактабдорию маорифпарварӣ машғул шуданд, ягон мансаби расмӣ низ қабул накарданд, ғайр аз Абдуқодир Муҳиддинов, дигар бо ягон нафаре аз сарварони ҳам инқилоби Бухоро ва ҳам ҳукумати нав, муносибати дӯстонаи наздик надоштанд. 
– Устод Айнӣ бо падари Абдуқодир Муҳиддинов – Мирзо Муҳиддин Мансурзода чӣ гуна муносибат доштанд?
– Дар нисбати Мансурзода эҳтироми зиёд доштанд, Мансурзода низ домуллоро ҳурмат мекард. 
– Пас чаро вақте Мирзомуҳиддин Мансурзода рӯзномаи «Бухорои Шариф»-ро таъсис дод, устод Айнӣ бо «Бухорои Шариф» ҳамкорӣ накарданд?
– Мансурзода ва домулло Айнӣ ва ҳаммаслаконаш дар таъсиси макотиби нав ва баровардани хароҷоти мактабҳо бевосита ёрдам мекард. Лекин дар мавриди ҳамкориашон бо Мансурзода дар «Бухорои Шариф» домулло Айнӣ ишораи хаттӣ надоранд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин ду сабаб дошта бошад. Аввал, шояд муассисону муҳаррирони «Бухорои Шариф» барои кӯмак ё ҳамкорӣ муроҷиат накарда бошанд. Дигар, домулло Айнӣ шахси бисёр эҳтиёткор буданд, ҳарчанд мактаби нав кушодану муаллимӣ кардан, дар он шароит худ ҷасорат тақозо менамуд. Замона бисёр танг буд. 
Агар таваҷҷуҳ дошта бошед, дар шеърҳои пеш аз инқилобии Айнии шоир танқиди иҷтимоӣ, ҳамон гунае, ки ҷанбаи танқидии эҷодиёти Аҳмади Дониш ё ин ки дигаронро ташкил менамояд, дида намешавад. Танқиди иҷтимоӣ дар ашъори Айнӣ асосан баъди ҳодисаҳои сахти ба сарашон омада, аз ҷумла, баъди кушта шудани бародар ва маҳбусии худашон, рӯй задааст. 
– Дар ин байн устод Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд кӯчида, аз дӯстонашон Мунзим, Ҳамдӣ, Меҳрӣ. . . дур афтода, ҳамроҳи кӣ буданд?
–  Домулло Айнӣ дар Самарқанд бо дӯстони самарқандӣ ҳамкорӣ доштанд. Масалан, бо Шакурии Самарқандӣ, ки аз асосгузорони мактаби нав буд, муаллимӣ карданд, дар рӯзномаю маҷаллаҳои давр «Ҳуррият» , «Шӯълаи инқилоб» ва матбуоти ӯзбекӣ иштирок доштанд. Аз дӯстони ҳамнабарди пешазинқилоб, ки дар Бухоро буданд, на бо ҳамаашон муомилаю муносибати ҳасана доштанд. 
Ба домулло Айнӣ муносибати пурихтилофи сарварони маҳаллии Ҳизби болшевикону Ҳизби ҷавонбухориён маъқул набуд. Ҳатто, баъде, ки комиссиони махсус бо роҳбарии Куйбишев дар Тошканд болшевикону ҷавонбухориёнро оштӣ дод, домулло Айнӣ ба самимияти «ҳамдигарфаҳмии» ҳизбиён чандон бовар накарда, «онҳо гургоштӣ шуданд», навиштаанд. 
– То ҷое, ки огаҳӣ дорем, устод Айнӣ ба ягон ҷараёни сиёсӣ ҳамроҳ набуданд?
– Домулло Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» менависанд, ки моҳи июни соли 20-ум, бо даъвати коммунистони Бухоро ба Тошканд рафтанд ва муддати як моҳ шиору даъватнома, баёнияву дигар навиштаҷоти онҳоро таҳия намудаанд. Аз ин мебарояд, ки домулло Айнӣ хоҳишу илтимоси дӯстону шиносҳои қаринро рад намекарданд, ҳарчанд ба ягон ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ ҳамроҳ набуданд. 
– Устод Айнӣ то шумораи 23-юми ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб», ки бо маслиҳату машварати аҳли зиёи Самарқанд таъсис шуда буд, иштироки фаъол надоштанд, яъне ба ғайр аз шеъри «Самарқанду Бухоро», чизи дигар нанавиштаанд. Сабаби ин дар чӣ бошад?
– Ба фикрам, дар ин ягон сабаби маслакие, ки гуфтаниед, набудагист. Боз ҳам шояд кӯмаки домулло Айнӣ лозим нашудааст, пас домулло аз пеши худ ба ҳамкорӣ нашитофтаанд. Дар шурӯъи фаъолияти «Шӯълаи инқилоб» кӯмаки домулло Айнӣ зарур набудааст, вале дар «Ҳуррият», «Ойина», «Самарқанд» шеърҳое ба табъ расонидаанд. Дуруст дарёфтед, ки фаъолияти рӯзноманигории домулло Айнӣ аз шумораи 23-юми «Шӯълаи инқилоб» оғоз меёбад ва навобаста аз напайвастан ба ҳаракати сиёсие, мақолаву нигоришоти сиёсии ҷиддӣ навиштанд. Барҳақ, бедории сиёсии домулло Айнӣ дар ҳамон «Шӯълаи инқилоб» сар зад. 
–  Баъд аз инқилоб устод Айнӣ дар Самарқанд мезистанд. Оё бо Бухоро робитаю рафтуомади мунтазам доштанд?
– Албатта, рафту омади доимӣ набошад ҳам, робита доштанд. Бино ба маълумоти Тӯрақул Зеҳнӣ, барои навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» домулло Айнӣ аз китобхонаи Садри Зиё 6 китоб гирифтаанд. Бори дигар барои навиштани мақола дар бораи китобхонаи Садри Зиё ва аккосии он барои маҷаллае, домулло Айнӣ ва Тӯрақул Зеҳнӣ ҳамроҳи фотографе ба Бухоро омадаанд. Зимистон будааст (ба сурати нодире, ки охирҳои соли 1925 дар хонаи Садри Зиё аксбардорӣ шуда, дар девори хонааш овезон аст, ишора намуда), дар мобайн сандалӣ ҷойгир аст, гирдогирд рафҳои китоб. Мақола ба табъ расида бошад, ё не, намедонам, лек ҳамин сурати ягона бо қиблагоҳ, ба ёдгор мондааст. Дарвоқеъ, асли сурат дар дасти Камол Айнӣ аст, ки нусхабардорӣ кардам. Худораҳматӣ Муҳиддин Олимпур аз рӯйи он чанд нусха негатив сохта, ба ҳамин шакл чоп кард. 
–  Шумо дар ин сурат чандсола ҳастед?
–  Ҳанӯз яксола ҳам набудам. Чун ман моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудаам, ин ҳолат моҳи декабри соли 1925 аксбардорӣ шудааст. 
–  Баъди ба воя расидан, вохӯрии нахустинатонро бо устод Айнӣ ёд доред?
–  Албатта. Дар як мақолача ҳам навишта будам, он вохӯрии фаромӯшношуданӣ аст. Дар Донишкадаи педагогии Душанбе таҳсил мекардем. Як рӯзи баҳор буд. Саидмурод ном додари Мирзо Турсунзода, ки бо мо мехонд (аз тақдири минбаъдааш огоҳ нестам), гуфт, ки домулло Айнӣ омадаанд, дар дачаи ҳукуматӣ ҷойгир шудаанд, биёед, ба зиёраташ равем. 
Дачаи ҳукуматӣ, ҳамин бӯстонсарои имрӯзаи ҳукуматӣ буд, он вақт фақат ду бинои рӯбарӯйи якошёна ва миёни боғ фаввора дошт. Он солҳо меҳмонони олиқадр, мисли Брагинский, Павловский, ҳангоми сафар ба Сталинобод, дар ҳамин бӯстонсаро мезистанд. 
Пас аз чанде баҳсу мунозира, ки оё ба назди Айнӣ барин шахси бузург рафтани мо – донишҷӯён, густохӣ намешавад, ману Саидмурод, се-чор шарикдарсон ва муаллими ҷавон Набиҷон Сатторӣ ба зиёрати домулло рафтем. 
– Донишҷӯёни курсҳои гуногун будед? 
–  Бале, аз курсҳои сеюму чорум. Моро ба як толори на чандон калон дароварданд, ки курсиҳо гузошта шудааст. Ман дар курсии аз ҳама охир нишастам. Домулло Айнӣ дар курсии рӯ ба рӯйи мо нишастанд. Чун фаҳмиданд, ки мо шогирдони Донишкадаи педагогием, як-як аз кадом шаҳру ноҳия ба таҳсил омаданамонро пурсиданд. Навбати шиносоӣ ба ман расид, гуфтам аз Бухоро ҳастам. 
Гуфтанд: – Э, аз куҷои Бухоро?
– Аз гузари Чорхалоқсой. 
Пурсиданд: 
–  Фарзанди кӣ ҳастӣ?
Гуфтам: 
– Фарзанди Садри Зиё. 
Ҳамин лаҳза чашмонашон гӯё барқ заду бисёр хурсанд шуданд. 
– Номат чӣ?
–  Муҳаммадҷон. 
–  Муҳаммадҷон, падаратон чӣ хел вафот карданд?
«Гӯё, ки намедониста бошанд, албатта медонанд, хабарашон будагист»,– аз дил гузаронидам, вале инро вонамуд накарда, ҷавоб додам, ки соли 32 ҳабс шуданд, барои тилло, маъракаи аз халқ тилло ҷамъ кардани ҳукумат. Модарам баъд озод шуданд, лекин падарам дар ҳамон ҷо вафот карданд. 
Домулло Айнӣ бодиққат гӯш карданду баъд гуфтанд, ки «Муҳаммадҷон, фаромӯш накунед, ки падаратон бо айби сиёсӣ нарафтаанд, ана ҳаминро фаромӯш накунед». 
Он вақт албатта, сарфаҳм нарафтам, ки ин гап чӣ маънӣ дорад. Лекин баъдтар маълум шуд, ки падарам гуноҳи сиёсӣ надоштаанд, зидди давлати Шӯравӣ ягон кор накардаанд, фақат барои мусодираи тилловорӣ, яъне сармояашон, ба ҳабс маҳкум гардидаанд. Инро баъд фаҳмидам, ман дар ягон ҳолат, ҳангоми дохилшавӣ ба комсомол, дигар маҳфилу маҷлисҳо, пинҳон накардаам, ки падарам дар зиндони Шӯравӣ вафот кардааст. Лекин ҳама вақт ҳамин гапи домулло Айнӣ дар гӯшам садо медод. 
Баъди ҷараёни ҳамон муколамаи мо дигар ҳамроҳон гӯё фаромӯш шуданд. Домулло фақат бо ман ҳамсуҳбат шуданд. Аз ину он хешу табори мо мепурсиданд, чун ман намешинохтам, худ нақл мекарданд, ки ин хел одам буду он хел кор мекард, бо фалонӣ он ҷо рафта будему фалонӣ ба шеъру шоирӣ ин хел муносибат дошт... 
Хуллас, ҳамин хел хеле пурсиданд. Охир диданд, ки аз ман ҳеҷ гап намерӯяд, худашон ҳам монда шуданд. Афсӯс, ки он вақт магнитафон гуфтагӣ чиз набуд, аз саросемагӣ бо худ қаламу коғаз ҳам нагирифта будем, ки он суҳбати муфассали домулло Айниро сабт намоем. 
– Ба мулоқот ё суҳбати устод Айнӣ боз кай мушарраф гардидед?
– Агар мулоқоти якумамон соли 1945 бошад, дидори навбатӣ бо домулло Айнӣ соли 1948 ба вуқӯъ пайваст. Ба аспирантура дохил шуда будам, доир ба осори Саидаҳмадхоҷа Аҷзӣ мавзӯи тадқиқоти илмӣ интихоб намуда, бо ҳидояти роҳбари илмиам Холиқ Мирзозода озими Самарқанд шудам. Мирзозода маслиҳат доданд, ки дар Самарқанд шахсоне ҳастанд Аҷзиро хуб мешинохтанд, баъзеяшон зинда, баъзеяшон зиндон шудаанд, вале устод Айниро ҳатман бояд бубинам. 
Пештар аз ин, ман ба домулло Айнӣ як нома навишта, дар бораи Аҷзӣ баъзе чизҳоро пурсида будам. Он кас ба мактуби ман ҷавоб доданд, ҳамон номаи домулло Айниро баъдтар дар китоб ҳам ба табъ расонидам. Ҳамту гирем, дар Самарқанд ба ҷуз домулло Айнӣ касеро намешинохтам, бинобар ин, рост хонаашон рафтам. Ҳамон ҳавлие, ки ҳоло Хона-музейи Айнӣ аст. Дар мобайни хонаи калон, як мизи калон буд, паси ҳамон миз нишастем. Камолиддин –  писарашон дар паҳлӯям шишту чой дароз кард. Ҳамон вақт дидам, ки ҳангоми чой дароз кардан, дасти Камолиддин андак меларзид. Баъд домулло Айнӣ берун баромаданд. Чашмам ба доруҳои қатору шишапеч афтод, ки рӯйи ҳар кадом бо хати форсӣ чизе навишта. Яктояшро синча карда, «доруи нафас», «доруи нафаскашӣ» хондам. Яъне, домулло касалии диққинафас доштаанд. 
Баъд суҳбатамон асосан дар бораи Аҷзӣ шуд. Илова ба ҳамон номаашон, ҳеч чӣ иловагӣ гап назаданд, фақат гуфтанд, ки фалон ҷой, пеши фалон кас меравӣ. Як ҳамкорамон, ки худ зодаи Самарқанд буд, маро роҳбаладӣ мекард. Ӯ маро ба назди як нафар бурд, ки мувофиқи гуфтаи домулло Айнӣ, дар бораи Аҷзӣ маълумоти зиёд дода метавонист. Вале саволҳои мо беҷавоб монд. Гапи он шахс фақат «ман намедонам», «дар ин бора чизе гуфтан наметавонам» буд. Баъд фаҳмидем, ки ӯ аз ҳабс нав озод шуда будааст, чун таъсири руҳияи ҳамон солҳо, ба шахси барояш ношинос, бо шубҳа нигоҳ мекардааст. 
– Устод Айнӣ ба мушкилоти мавзӯи кори илмии Шумо мароқ зоҳир накардаанд?
–  Дар ҳамон мактуби ёдрасшуда навишта будам, ки барои таҳқиқ ҳамин хел мавзӯъро интихоб намуданиям, оё дар «Ёддоштҳо» доир ба Аҷзӣ чизе менависед? Умуман, дар бораи Аҷзӣ чӣ фикр доред, ӯ аз адибони ҳамзамонаш бо кӣ, чӣ гуна муносибат дошт?
Домулло Айнӣ аз нақли каси дигар нақл карданд, ки Аҷзӣ дар зиндагӣ шахси фаъолу шоири нағз буд, лекин бо Беҳбудӣ муносибаташ чандон хуб набудааст. Он вақтҳо Беҳбудӣ бо тамғаи «душмани халқ» бадном гардида буд, шояд барои сафед кардани Аҷзӣ инро махсус таъкид карда бошанд. Вале ин гап ҳақиқат ҳам дорад. Зеро Аҷзӣ шахси ҳам бо хешону дӯстон, ҳам бо ҳамкасбонаш, сахтгап будааст. Шояд бо ҳамин сабаб, Беҳбудӣ ҳам ки одами доно, кордону забондон буд, мағрурӣ низ доштааст, аз Аҷзӣ паст омадан нахостааст. 
Домулло Айнӣ аз мавзӯи кори илмиам пурсида буданд. Ман дар мавридаш боз пурсидам, ки оё Аҷзӣ ба «Ёддоштҳо» дохил мешавад? Гуфтанд ҳанӯз намедонам, ба ҳамон давра, ки омадам, шояд ба ягон муносибат чизе қайд намоям, лекин махсус дар бораи вай ҳеч чиз наменависам. 
– Устод Айнӣ бо Аҷзӣ шиносоии наздик доштанд?
–  Аз рӯйи оҳанги гапҳояшон шиносоии он қадар наздик надоштаанд. 
–  Дар мавриди тақдири минбаъдаи ҳуҷраи барои устод Айнӣ харидаи Садри Зиё – падаратон, ки гӯё дар даврони Шӯравӣ вайрон карданӣ шуданду баъди мактуб навиштани Шумо нигоҳ доштаанд, метавонед равшанӣ андозед?
–  Домулло Айнӣ дар ошёнаи дуюми мадрасаи Кӯкалдош як ҳуҷра доштанд, вале ориятӣ. Баъде, ки аз он ҷо домуллоро пеш мекунанд, чанд вақт бехонаву беҷо мемонанд. Он вақт падарам дар Қаршӣ қозӣ будаанд, ҳамон ҷо мефаҳманд, ки Айнӣ дар кӯча мондааст, аз ҳамон Кӯкалдош як ҳуҷра харида медиҳанд. Домулло Айнӣ аз ҳамон вақт – соли 1917, яъне, аз зиндонӣ шудану 75 даррачӯб хӯрдан, дар ҳамон хуҷра будубош доштаанд. 
Ҳар дафъа Бухоро рафта медидем, ки дари ҳамон ҳуҷра доим қулф аст. Боре ҳангоми сафари Бухоро, хостам ҳуҷраи домулло Айниро даромада бинам. Раҳимҷон (профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Р. Воҳидов), ки моро роҳбаладӣ мекард, ҳар бор иҷрои хоҳиши моро ба рӯзи дигар мегузошт. Рӯзи сеюм ноилоҷ моро сӯйи ҳуҷрае, ки директори музей менишастааст, роҳбаладӣ намуд. Баъди шиносонидани мо ба директори музей, гуфт, ки ин кас ҷойгиршавии ҳуҷраи домулло Айниро аниқ медонанд. Ман гуфтам ҳамон, вай гуфт, ки не, ана ҳо, дар ошёнаи дуюм. Китоби «Ёддоштҳо»-ро, ки дар дасташ буд, кушода, саҳифаҳои ба тасвири ҳуҷраҳои мадрасаи Кӯкалдош бахшидашударо қироат намудем. Баъд гуфтем, ки «Мухтасари таҷумаи ҳоли худам» ва ҷилди якуми куллиёти домулло Айниро низ як назар кунем. 
– Лозим не, шарт не, ин кас фаҳмиданд,–  безобита шуд Раҳимҷон.
Баъд фаҳмам, ҳуҷраи аслии домулло Айниро канда, ташноб сохтаанд, бинобар ин, Раҳимҷон ин қадар кӯшиш доштааст, ки меҳмонони душанбегӣ нафаҳманд, ин аҳволро набинанд... 
Ҳангоми дафъаи дигар ба Бухоро рафтанамон, дидем, ки ҳамаро тоза карда, баъзе чизҳои ҳуҷраи домулло Айниро, ба мисли офтобаву коса, чойнику пиёла, ёфта мондаанд. Ҳамон ҳуҷраи домулло Айнӣ чун музей, ба фикрам, ҳоло ҳам ҳаст. Дар паҳлӯи як ҳуҷраи дигар, ҳуҷраи Икромӣ буд, баъди вафоти Икромӣ чӣ ҳол дошта бошад, намедонам. 
– Чӣ хел, ҳуҷраи Ҷалол Икромӣ дар он ҷо? 
–  Баъд аз инқилоб мадрасаи Кӯкалдош як гуна мактаби ҳунаромӯзӣ шуда будааст, ба мисли омӯзишгоҳ. Ҷалол Икромӣ чанд вақт дар Бухоро таҳсил ва дар яке аз ҳамон ҳуҷраҳо чун донишҷӯ зиндагӣ кардаанд. 
–  Оё он ҳуҷраҳо навиштаҷоти унвонӣ доранд?
–  Ҳамааш не, дар ҳуҷраи домулло Айнӣ ҳасту дар дигарҳояш не. Вале дар ҳамон музей суратҳову акси Садри Зиё ҳаст. Дар бораи домулло Айнӣ ва таърихи мадраса навиштаҷоту аксҳо ҳастанд. 
–  Вале оё шарҳи чӣ тавр соҳиби ҳуҷра гардидани устод Айнӣ дар он навиштаҷот ҳаст?
– Не, ин гапҳо нест, танҳо навиштаанд, ки Садриддин Айнӣ аз фалон сол то фалон сол дар ин ҷо таҳсил дошт. 
–  Баъде, ки устод Айнӣ аз Самарқанд ба Душанбе омаданд, оё Шуморо суроғ кардаанд?
–  Ҳа, як бор худашон ҷеғ заданд маро. 
–  Ин мулоқотатон бо устод Айнӣ кадом сол буд?
–  Соли 1946 рисолаи домулло Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» дар якчанд шумораи маҷаллаи «Шарқи сурх» ба табъ расид. Вале дар байн қариб ду сол гузашту ҳеч не, ки дар шакли китоб чоп шавад. 
Тахминан тирамоҳи соли 1951-52 буд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор мекардем. Аз ҷониби маъмурият эълон карданд, ки китоби ба чоп омодаи домулло Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» муҳокима мешавад ва мо, кормандони институт, мусаввадаи онро бояд хонем, то ки дар маҷлис фикру мулоҳизаҳоямонро баён дорем. 
Муллоҷонови Шаҳристонӣ (падари Маъсуд Муллоҷонов), ки аз идораи Главлит ба нафақа баромада, ба Институти забон ва адабиёт ба кор омада буд, ба дастнависи китоби мазкури Айнӣ тақризи манфӣ навишта будааст, бинобар ин, моро бисёр ташвиқ мекард, ки дар рӯзи муҳокимаи китоби Айнӣ камбудиҳои онро бигӯем. Муллоҷонов ба мо мегуфт, ки шумо – ҷавонҳо марксизмро медонед, реализми сотсиалистиро мефаҳмед, ин мӯйсафедони мо гапҳои замони навро дуруст сарфаҳм намераванд, масалан, ҳамин китоби Айнӣ дар фалон саҳифааш гапи нодуруст дорад, дар фалон саҳифааш ғалат рафтагӣ. 
Баъди чунин суханони Шаҳристонӣ, ки ҷавононро таърифу мӯйсафедонро танқид мекард, моро ё шердил сохт, ё кунҷковии ҷавонӣ боло гирифт, ҳаройина, бо қасди камбудӣ ёфтан, ба мутолиаи «Мирзо Абдулқодири Бедил» пардохтем. 
Дар муқаддимаи ин китоби домулло Айнӣ дар бораи Ҳиндустон ҳамчун ватани афсонаҳои Шарқ, сарзамини парвардаи намояндагони бузурги адабу фарҳанги дунё сухан меравад. Ман «камбудӣ ёфта» дар рӯзи муҳокима гуфтам, ки домулло Айнӣ Ҳиндустонро ватани афсонаҳо номидаанд, ҳол он ки Ҳиндустон кишвари озоду мустақил шуд, акнун Ҳиндустон фақат ватани афсонаҳо нест. 
– Дар маҷлис китоби устод Айниро танқид кардед?
–  Ҳа-дия. Домулло Айнӣ дар Сталинобод буданд, вале ба маҷлис наомаданд. Дар маҷлис Абдусалом Деҳотӣ, ки муҳаррири ҳамон китоб буданд, маърӯза хонданд. Хуллас, дар он рӯз Деҳотӣ китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро бисёр таъриф карданд. Дар қатори бисёриҳо, ки аксаран китобро ҳамчун як асари арзишманд баҳо доданд, банда ҳам чанд сухан гуфтам, ба маъное, ки замона дигар шудаасту устод Айнӣ ҳанӯз аз Ҳиндустон фақат афсона мекобанд. 
–  Ба ин эроди Шумо Абдусалом Деҳотӣ чӣ вокуниш доштанд?
–  Аз сухани ҷамъбастии Деҳотӣ фаҳмидам, ки ин гап ба Деҳотӣ маъқул нашудааст. Ҳангоми ҷамъбасти маҷлис, ки барои чопи китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» қарор шуд, ҳамчунин фаҳмидем, ки Шаҳристонӣ тақризи манфие навишта, муқобили чопи китоб будааст. 
–  Баъд китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» чоп шуд?
–  Албатта, эроду хурдагириҳои тақризро як-як дар ҳамон маҷлис рад карданд. Ба қарори ҳамон маҷлис китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-и домулло Айнӣ бо тиражи калон ба чоп расид. Лекин афсус, шояд бо сабаби эроди камина, сарсухани ин китоб партофта шудааст. Сарсухан бисёр муҳим буд, банда бисёр афсус мехӯрам, ки ба сабаби эроди ман ин сарсухан дар китоб чоп нашуд (аммо дар маҷаллаи «Шарқи сурх», соли 1946 чоп шуда буд). 
–  Пас аз танқидатон устод Айниро надидед?
–  Э, танқиди чӣ? Он вақт мо бача будем, одамҳоро намефаҳмидем... Баъди чанд рӯзи ҳамон маҷлис Холида Айнӣ, ки дар институт ҳамкор будем, ба ман гуфтанд, ки «Домулло мехоҳанд Шуморо бинанд». 
 Бо худ гуфтам, бисёр хуб шуд, ки худи домулло даъват мекунанд, зеро ба чанд савол мехостам аз домулло Айнӣ ҷавоб пайдо намоям. Аз тарафи дигар, дилам хиҷил буд, ки ҳамон гапҳои маҷлис то домулло расида бошад, чӣ мегӯянд?
Хуб, дар вақти таъин намудаашон, қаламу дафтарамро гирифта, ба ҳузури домулло Айнӣ рафтам. Домулло дар паси мизи барқади миёни хона, рӯйи диван дароз кашида буданд. Нимхез шуда, гуфтанд, ки «нотоб ҳастам, мебахшед, аз ҷой намехезам» ва баъди аҳволпурсӣ ба курсии рӯ ба рӯ ишора намуданд. Дар курсӣ нишаста, дафтарамро кушодаму суолҳоямро додан гирифтам, домулло ба суолҳо батафсил ҷавоб доданд. Гарчанд дафтар дар пешам буд, аз тарси он ки суҳбати домулло халал наёбад, ба навиштан ҷуръат накардам, гӯшу ҳуш шуда нишастам. 
Баъд пурсиданд, ки ҷавоби ин суолҳо ба Шумо чӣ даркор? Ман гуфтам, ки барои кори илмие, ки аз пасаш ҳастам. 
– Дар чӣ мавзӯъ кор карда истодаед? – боз пурсиданд. 
Номи мавзӯъро гуфтам. Гуфтанд, ки ҳа, ҳа, нағз, вале мавзӯи хурд аст ин, худро бо мавзӯъҳои хурд овора накунед, мавзӯъҳои калони ҷиддӣ гирифтан даркор, ҷиддӣ шишта кор кардан даркор, масъалаҳои калонро ҳал кардан даркор. 
– Устод Айнӣ аз танқиди Шумо гила накарданд?
– Рӯйирост гила накарданд. Аз ину он пурсиданду дар поёни суҳбат гуфтанд, ки «фақат, бо асобағал гаштанро ёд нагиред». Он лаҳза албатта, сарфаҳм нарафтам, ки ин гап чӣ маъно дорад. Баъдтар фаҳмидам, ки ҳикмати ин сухан ба гапи ҳар кас даромада, фаҳмидаю нофаҳмида, ба ҳар кор даст назаданро доштааст. 
– Дар мавриди як масъалаи дигар низ андешаи Шуморо фаҳмиданӣ будем. Чаро устод Айнӣ дар нисбати забони модариамон ду истилоҳ – «забони форсӣ» ва «забони тоҷикӣ»-ро истифода бурдаанд?
– Албатта, то оғози солҳои 20-ум истилоҳи «адаби форсӣ», «забони форсӣ» маъмул буд. Бинобар ин, домулло Айнӣ ҳам дар навиштаҳояшон ин истилоҳҳоро истифода мебурданд. Баъде ки Ҳукумати Шӯро барқарор шуд, барои халқҳои Осиёи Миёна масъалаи тақсими ҳудуди миллӣ пеш омад ва пантуркистон соҳиби ҳудуди худ ва давлати худ гардидани тоҷиконро намехостанд. Даъвои онҳо ин буд, ки аз Рӯдакӣ то имрӯз, пештар дар ин ҷо забони форсӣ буд, ин моли эрониён аст, тоҷикон ба ин ҳақ надоранд, тоҷикон ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадрасаҳо забони худро гум кардаанд. 
Домулло Айнӣ вақте ба таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохтанд, бинобар зарурати сиёсии масъала, дидаву дониста, истилоҳи «забони тоҷикӣ»-ро истифода бурданд, ҳарчанд чун донандаи закии забону адаб медонистанд ва то ҳамин солҳо «забони форсӣ» мегуфтанду менавиштанд. Ҳамчунин, ба тазкира танҳо адибони Мовароннаҳрро дохил намуданд. Домулло Айнӣ бо ин таъкид намуданӣ буданд, ки тоҷикон мардуми бумии ин сарзамин ва соҳиби забону адабиёти худ ҳастанд. 
Яъне, дар нисбати забони модарӣ истилоҳи «забони тоҷикӣ»-ро таъкидан истифода бурдани домулло Айнӣ сирф ғарази сиёсӣ дошт. 
–  Дар рӯзҳои вопасини умри устод Айнӣ, ки бемор буданд, дидор надоштед?
– Рӯзҳои охирини ҳаёти домулло Айнӣ, ки дарҳақиқат, бемори вазнин буданд, ростӣ, ба аёдаташон нарафтаам, намехостам, ки эшонро ташвиш диҳем. 
– Оё устод Айнӣ васият накардаанд, ки эшонро дар зодгоҳашон ба хок супоранд?
– Дар бораи васияташон аз Камолиддин (Камол Айнӣ, писари устод Айнӣ.) пурсидан даркор. Соли 1949 домулло Айнӣ сафари Бухоро пеш гирифта буданд. Дар ин сафар Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Борис Кимёгаров ва чанд нафари дигар ҳамроҳи домулло Айнӣ буданд. Сотим Улуғзода дар очерки сафарномаи худ ҳикоя мекунад, ки устод Айнӣ чун ба Ғиждувон, ба деҳаи худ – деҳаи Соктаре омаданд, манзараҳои зебои он ҷоро аз назар гузаронида, бо нимовоз гуфтанд, ки «кас хок шавад, дар ин гуна ҷойҳо хок шавад». Ин суханони Устод, албатта, васият набуд, лекин ба ҳар ҳол, хоҳиши хок шудан дар зодгоҳи худро дар дил доштанд. Вале дар Боғи марказии пойтахти Тоҷикистон, ки он солҳо Сталинобод мегуфтанд, ба хок мондан ва минбаъд ба мақбараи алоҳидае дар Боғи имрӯзаи Айнӣ интиқол додани ҷасади домулло Айнӣ ташаббуси Бобоҷон Ғафуров буд. 
Аслан домулло Айниро аз Самарқанд ба Душанбе, ба сифати президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон овардан ҳам кори Бобоҷон Ғафуров буд. Домулло Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба ҳамдигар чунон ҳурмату эҳтиром доштанд, ки яке гапи дигарро намегардонидаанд. 
–  Қабри устод Айниро чӣ хел интиқол доданд?
–  Домулло Айнӣ 16 июли соли 1954, дар як гӯшаи Боғи марказии пойтахт, ки «Қабристони қаҳрамонон» мегуфтанд, дафн шуданд. Ҷойи ин қабристон ҳоло ба маҷмааи Боғи Рӯдакӣ дохил шудааст. 
Тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, маросими ба боғи ҳозираи Айнӣ интиқол додани ҷасади Айнӣ 3 октябри соли 1960 баргузор гардид. Фарзандону хешу табори домулло Айниро даъват карданд, ёдам ҳаст, ки Камолиддин ҳузур надошт, дар сафари хидматӣ буд, ду духтари домулло Айнӣ буданд. Намояндагони расмӣ, котибони обкому райком, раиси шаҳр, роҳбарони Академияи илмҳо омаданд. Маросим шабона, баъди соатҳои 12, бо камодам шудани кӯчаҳову рафту омади мошинҳо шурӯъ гардид. 
Маро вазифадор карданд, ки протоколро нависам. Боғ чароғон буд. Қабрро кушода, тобутро бароварданд. Ҷасади домулло Айнӣ то сари сина аз шишаи тобут менамуд. Дар сар тоқӣ, дар тан кител, гӯё, ки домулло Айнӣ зинда бошанд. Доктор Мансуров, ҳамин Ҳамид Мансуров, барои якчанд сол балзам кардагӣ будаанд. Ҳамон ҷо фаҳмидем, ки Мансуров майнаи домулло Айниро низ баркашида будааст, гуфтанд, ки аз майнаи Ленин вазнинтар аст. Лекин баъди расидани ҳаво, шишаи тобут арақ карду дида натавонистем. Акт тартиб дода, ба даруни як лӯлаи филизӣ гузоштанд. Баъд Вадуд Маҳмудӣ омаданду гуфтанд, ки як шеър навиштам, таърихи вафоту таърихи ана ҳамин воқеаро. Он шеърро ҳам дар даруни лӯлаи филизӣ монданд. 
Сипас тобути домулло Айниро ба Боғи имрӯзаи Айнӣ бурда, зери мақбара, ки ҷойи калон будаааст, гузоштанд. Лӯлаи филизиро низ дар паҳлӯи тобут ҷой доданд. То қарибиҳои саҳар дар ҳамон ҷо будем. 
Камолиддин, ки набуданд, хоҳиш намуданд, интиқоли қабри домулло Айниро батафсил нависам. Ман ҳамон вақт, ки ҳанӯз таассурот тоза буд, тафсилоти воқеаро навишта, баъд ба Камолиддин дода будам. 
–  Дар маросими интиқоли қабри устод Айнӣ аз раҳбарони ҷумҳурӣ киҳо буданд?
– Котиби СеКа (Кумитаи Марказӣ), албатта, будагист, калоншавандаҳои бисёр буданд, ман он вақт калонҳоро намешинохтам. 
–  Дар кадом ҷашнатон Камолиддин Айнӣ ба Шумо ҷома пӯшонданд ва шӯхиомӯз гуфтанд, ки ҷомаи қарзро бармегардонам. Ин ишора ба ҳамон ҷомае буд, ки дар вақташ падаратон ба устод Айнӣ дода буданд?
– Ҳамун-дия. Лекин домулло Айнӣ ҷомаи туҳфакардаи Садри Зиёро азиз медонистанд. Ҳар баҳор он ҷомаро аз сандуқ бароварда, офтоб медоданду боз ба таги сандуқ мегузоштанд. Камолиддин Айнӣ ба ман гуфта буданд, ки дар солҳои душворӣ устод Айнӣ маҷбур шуда буданд баъзе чизҳоро аз хона бароварда, фурӯшанд, аммо ҳар бор таъкид мекардаанд, ки он ҷома тасодуфан ба бозор наравад. Ҳангоми кушода шудани музейи домулло Айнӣ он ҷома чун нигораи таърихӣ овезон буд, ҳоло намедонам дар чӣ ҳол бошад. 
–  Ба фикратон, аз устод Айнӣ ягон чизи чопнашуда мондааст, ё ҳама дастхатҳои устод чоп шуд?
–  Фикр мекунам, ки то имрӯз на ҳамаи дастхатҳои домулло Айнӣ чоп шудаву ба хонандагон дастрас гардидааст. Барои мисол. Шунида будам, ки домулло Айнӣ дар бораи Садри Зиё ба таври маълумотнома чанд саҳифа чизе навишта доранд. Аз музейи Айнӣ, пинҳонӣ аз Камолиддин, онро ба ман оварданд. Навишта бо забони ӯзбекӣ буд ва маълум мешавад, ки домулло Айнӣ ҷавобан ба саволҳои идораи ягон нашрия, дар бораи Садри Зиёву падарашу худашу китобхонаашон, якта-якта сарлавҳача монда, ҷавоб гуфтагӣ. 
Онро тарҷума карда, дар ҳамон китоби «Садри Бухоро» чоп кардам. Лекин матни ӯзбекиаш, ба фикрам, чоп нашудааст. Чунин дастхатҳои домулло Айнӣ ҳоло боз будагист. 
Мисоли дигар. Домулло Айнӣ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мақолаи калоне ба мисли «Маънои калимаи тоҷик», барои Бобоҷон Ғафуров навиштаанд. Дар ин мақола фикру андешаҳои домулло Айнӣ дар бораи таърихи халқи тоҷик ва муҳимтарин рӯйдодҳои он баён шуда буд. Ин мақолаи домулло Айнӣ ҳанӯз чоп нашудааст. Чун Бобоҷон Ғафуров соли 1947 «Мухтасари таърихи халқи тоҷик» ном китобе чоп кард, домулло Айнӣ тақриз навиштанд. Тахмин меравад, ки дар домулло Айнӣ, гӯё, ки асосҳои консепсияи таърихи иҷтимоӣ низ ҳаст. Ҳамон чизро ман аз Камолиддин пурсида будам, гуфт, ки ҳа, ҳаст. Ман гуфтам, ки агар бошад, чаро хоб кардааст, онро тайёр намуда, чоп кардан даркор. Лекин ҳанӯз натиҷа нест. 
– Омӯзиш ва интишори дастхатҳои устод Айнӣ танҳо ба писарашон – Камолиддин Айнӣ вобаста аст?
– Бойгонии шахсии домулло Айнӣ дар дасти Камолиддин аст. Ӯ мутаассифона, ба дигарон роҳ надод, ки ба он бойгонӣ дохил шавад. Ман метарсам, ки бисёр дастхатҳои домулло Айнӣ бо мурури замон нохоно нашуда бошанд. Масалан, домулло Айнӣ одате доштанд, ки рӯзномаю маҷаллаҳои давриро дароз кашида мехонданд ва бо қалам дар ҳошия шеър ё мақоларо ислоҳ мекарданд ё мулоҳизаашонро бо хати форсиашон, ба қавли худашон хати безеби форсиашон, менавиштанд. Бар замми он, ки хати домулло Айниро на ҳар кас дуруст хонда метавонад, он бо қалам навишта шудаасту имкон дорад, рангаш дар ин чанд даҳсола парида бошад. 
–  Магар ҳоло барои ба чоп омода намудани осори номатбӯи устод Айнӣ зарурат нест?
–  Албатта, зарурат ҳаст. Институти забон ва адабиёт вазифадор шуда буд, ба муносибати 130-солагии домулло Айнӣ китоби дуҷилдаи мақолаҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносии Айниро омода ба чоп кунад. 
–  Ба фикри Шумо, мо устод Айниро пурра шинохтаем ва ба таври зарурӣ қадршиносӣ намудаем?
–  Аз қуҷо? Агар гӯем, ки одамони бо домулло Айнӣ ҳамроҳ коркардаю ӯро аз наздик мешинохта кам мондаанд, нисбати дигар бузургони миллат низ муносибат самимӣ нест. Масалан, дар бораи Бобоҷон Ғафуров, ки имсол дарвоқеъ, 100-сола мешаванд. Кори арзанда шуд, ки бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон қадр кардем. Вале бисёранд онҳое, ки бо Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳ кор кардаанд, аз хидматҳои бесобиқаи ин шахсияти фарзона чаро намегӯянду наменависанд? Ҳол он ки Бобоҷон Ғафуров бар замми навиштани шоҳкитоби «Тоҷикон», халқи моро дар ҳамин замони осоиштаи шӯравӣ, аз парокандагию хавфи нестӣ наҷот доданд. 
 Як воқеаи шунидаамро, ки бофта нест, шояд дар архивҳои ҳизбӣ бошад, нақл кунам. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, соли 1948 буд ба хаёлам, қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар бораи сохтмонҳои бузурги коммунизм баромад. Дар он қарор баробари бунёди Канали калони Волгаю Дон, якчанд ГЭС, сохтани иншооти азими Канали калони Туркманистон низ дар назар дошта шуда буд. Мақсад, бо роҳи қадимаи рӯди Ому то резишгоҳаш ба баҳри Каспий, канали калон ва тавассути оби канал обёрӣ намудани заминҳои дашт ба заминҳои пахтакорӣ табдил додани он будааст. Рӯзе вазири умури дохилаи Тоҷикистон, як марди рус, назди Бобоҷон Ғафуров – Котиби якуми КМ ҳизби коммунист, яъне роҳбари Тоҷикистон, даромада, супориши Берия дар бораи ба даштҳои Туркманистон сафарбар намудани қисми аҳолии Тоҷикистонро мерасонад. Гап сари кӯчонидани хешу табор ва авлоди онҳое, ки солҳои бистуму сиюм дар ҳаракати босмачигарӣ иштирок доштанд, мерафтааст. Мазмун, қарори КМ ҲК Тоҷикистонро бароварда, аз пайи супориши Маскав бояд шуд. 
 Бобоҷон Ғафуров ба вазири умури дохилӣ мегӯяд, ки мо ин корро намекунем. Вазир низ ин гапро ба Берия мерасонад. Рӯзи дигараш вазир ба қабули Берия даъват мешаваду аз Маскав барнамегардад. Пас аз 3-4 рӯзи ин воқеа Бобоҷон Ғафуровро Сталин ҷеғ мезанад. Бобоҷон Ғафуров ба пойтахти Шӯравӣ рафта, дар меҳмонхонаи «Москва» мунтазири даъвати Сталин мешавад. Рӯзи сеюм ҷавоне омада, Бобоҷон Ғафуровро пиёда аз Майдони Сурх гузаронида, ба кабинети Сталин мебарад. Бобоҷон Ғафуров ба кабинети Сталин ворид мешаваду салом медиҳад. Сталин, ки сари миз нишаста, чизе навишта истода будааст, сӯйи Ғафуров нигоҳ ҳам намекунад. Пас аз чанд дақиқа сарашро бардошта як дашноми русӣ мекунаду мегӯяд:
– Это с каких пор, ты не стал выполнять решение Политбюро?
–  Товарищ Сталин, разрешите объяснить. 
– Валяй!
 Бобоҷон Ғафуров ба Сталин мефаҳмонад, ки дар бораи авфи босмачиҳои собиқ қарор баромада буд. Онҳое, ки дар Тоҷикистон ба ҳаракати босмачигарӣ алоқаманд буданд, ҳама дар ҳаёти осоиштаи созандагӣ пайвастанд, аз миёни онҳо бисёриҳо дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон диловарӣ нишон дода, соҳиби ордену медалҳо шудаанд, бисёриҳо дар роҳи озодии Ватанамон каҳрамонона ҳалок гардиданд. Акнун мо чӣ хел ҳамон иштирокчиёни ҷанг ва хешу табори онҳоро ба тамғаи босмачӣ аз макону манзилашон кӯчонем? Дигар ин, ки ҳар касе, ки босмачӣ шуда буд, чанд бародару хоҳар, амаку тағо ва хешованди дигар дошт ва ҳар яке аз ин хешовандон чандин фарзанду набераву абера доштанд. Агар ҳамаи онҳоро аз Тоҷикистон бадарға кунем, дар Тоҷикистон кам одам мемонад ва ман нақшаи пахтаро бо кӣ иҷро мекунам?
 Сталин гӯш кардаасту гӯшаки телефона бардошта, ба Берия фармудааст:
– Лаврентий Павлович, кажется, Гафуров прав, нужно отменить эту пункт решение Политбюро. 
– Бобоҷон Ғафуров ҳамон корҳои устод Айниро, ки дар солҳои 20-ум анҷом доданд, дар солҳои 40-ум идома додаанд... 
–  Домулло Айнӣ пешвои маънавӣ буданд. Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум пешвои сиёсии халқи мо гардиданд. Афсус, ки умрашон вафо накард, бо туҳмат ҳабс шуда, нобуд шуданд, аммо Бобоҷон Ғафуров даҳ сол котиби СеКа буданд, боз беш аз 20 сол дар Маскав, барои Тоҷикистону халқи тоҷик хидмат карданд. 
– Агар тамоми хидматҳои устод Айниро як сӯ ҳам гузорем, дар шароити солҳои 20-ум навишта шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» магар кофӣ нест, ки устод Айнӣ дар сархати фарзонафарзандони миллат қарор дошта бошанд?
–  Бе шакку шубҳа. Абдуқодир Муҳиддинов, таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро маҳз ба домулло Айнӣ фармуда буд. 
 Имрӯз, дар ин шароити мусоиди худшиносӣ, воқеаву ҳодисаҳои гузаштаро баррасӣ намудан, ба онҳо баҳо додан, гоҳо ноҳақ танқид кардан осон шудааст. Лекин солҳои бистум, ки замони хеле ҳассос, айёми тақдирсози халқу миллатамон буд, барои домулло Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Чинор Имомов осон набуд, ки ҷонашонро ба каф гирифта, ба корҳои таърихгардонӣ ва миллатсозӣ даст зананд. 
 
Мусоҳибон
 Қироншоҳ ШАРИФЗОДА. 
Пайванди ГУЛМУРОДЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: