6. «ОВОЗИ ТОҶИК»: 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ЁДИ ЁДҲО

(Давомаш.
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

ЛОҲУТӢ ВА УСМОН ЮСУФОВ ДАР ҲАЛҚАИ ТОҶИКОНИ ЭҶОДКОРИ ТОШКАНД

Авлоди арзандаи маорифпарвари тоҷик ва ӯзбек Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – Мидҳад Беҳбудӣ муҳити онвақтаи эҷодии тоҷикони Тошкандро ин тавр ба қалам додааст:
«... Манзили Бурҳоновҳо аз чор хона иборат буд. Дар он Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Салима Хоҷаева бо хоҳари зебояш истиқомат мекард. Яке аз хонаҳои хурд, ки як пианино меистод, коргоҳи Мутаваккилҷон буд. Ӯ шабҳо шамъ афрӯхта, мусиқӣ эҷод мекард. Асбобу ускунаи хона омиёна буд. Ҳофизон, бастакорон ба ин коргоҳ омада, оҳангҳои навашонро аз назари Мутаваккилҷон мегузаронданд.
Дар ин ҷо Усмон Юсупов, Абулқосим Лоҳутӣ, Султон Умаров, Фотеҳ Ниёзӣ, бисёр бастакорони номии Маскав, Санкт-Петербург ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна меҳмон мешуданд.
Баъди чанд сол ба сари ин зани муштипар (Фотимахон) боз як мусибат омад. Шавҳараш Фитратро сабаб нишон дода, ӯро аз вазифаи наттоқӣ, аз радио озод карданд. Ин ба вай сахт асар кард, умри ӯро кӯтоҳ кард. Аз шунидани хабари марги Фотимахон, ки барои мо аз хоҳар ҳам зиёд буду ҳурматашро пос медоштему медорем, сахт ғамгин шудем. 
Боре яке аз наздикони ин хонадон, журналист Яҳёҷон Юлдошев ба муносибате моро ба хонааш таклиф кард. Ҳавлии ӯ дар паси боғи Ҷанггоҳи  шаҳри кӯҳна воқеъ буд. Мо се нафар мардина ва Фотимахон бо Дилбар каме барвақт ҳозир шудем. Мутаваккилҷон гуфтанд, ки ана дар ҳамин хонача дар замони ҷанг Абулқосим Лоҳутӣ бо ҳамсарашон Бону зиндагӣ мекарданд. Хонача дар самти ҷанубии ҳавлии мазкур воқеъ буда, як тирезаи хурд ва дари паст дошт. Хонача назарногир буд, аммо бинобар дар он иқомат доштани устод Лоҳутӣ дар пеши назар ҳамчун кӯшки бошукӯҳ ҷилва менамуд. Фотимахон ҳикоя карданд, ки як рӯзи ид хешу табор, ёру ошно дар ин ҷо ҷамъ омадем. Зану мард давра сохта, суҳбату сурудхонӣ мекардем. Дар давра Лоҳутӣ ва Бону ҳам менишастанд. Дилбари хурдсол ба миёнаи давра баромада, зери кафзании умум рақс мекард. Нохост Лоҳутӣ аз ҷой бархоста, ба хонача даромада, баъди фурсате коғаз дар даст пас омад ва шеъри: «Каф бикӯбед, эй рафиқон, Дилбари мо гашта рақсон...»-ро хонда доданд. Мутаваккилҷон шеърро дарҳол ба оҳанг даровард, ҳама кафзанон он сурудро зам-зама кардем, Дилбар мерақсид. Ин шеъру оҳанг он замон машҳур гардида буд. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Назира Аҳмадова дар ҳар консерташ бо маҳорати фавқулода онро месуруд. Дигар ҳофизон ҳам онро иҷро мекарданд. 
Он бегоҳӣ меҳмонони бисёр омаданд. Дар байни онҳо Саъдихон Табибуллоев, Лутфулло Нарзуллоев, Олим Хоҷаев, Шариф Қайюмов низ буданд. Ҳофизи он шабнишинӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров буданд...»
     Муаллифи ин сатрҳо бо Маъруфхӯҷа Баҳодуров шояд охирин бор суҳбате доштам, ки   дар солҳои аввали истиқлолият ҳангоми баргузории Фестивали дӯстие, ки бо иштироки Бунёди фарҳанги тоҷик «Ориёно» дар Қасри тобистонаи «Туркистон» дар Тошканд баргузор  шуда, он вақт Ҷӯрабек Муродов низ ташриф оварда буд. 
Маъруфхоҷа Баҳодуров дар тан ҷомаи беқасаб, дар даст тор, то расидани навбати сурудхонӣ, дар як гӯшаи саҳни қаср, ки ба соҳили Анҳор мерасад, болои сабза чорзону менишаст. Баъди ин, ки ман бо ҳамроҳии Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Мардон Мавлонов наздашон рафта, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуда омадам, боз чашм он сӯйи Анҳор, ба тарафи шаҳри кӯҳнаи Тошканд сукут доштанд. Кӣ медонад, шояд ҳамон шабнишиние, ки бо Лоҳутиву Мутаваккил Бурҳонов доштанд, ё вохӯриву суҳбатҳои дӯстонаи дар «Овози тоҷик» доштаи худро ба ёд меоварданд. 
Ба ёд овардани одамони нек, хидматгузорони халқ, васлгарони миллатҳо, онҳое, ки ба хотири дӯстӣ, ваҳдати миллат қалам рондаанд, суруд хондаанд, корест савоб. 
Одамиро аҷиб хислатест: якеро рӯзи бад ва кори шарр, дигареро рӯзи нек ва кори хайр дар ёд мемонад. Аз бадаш кам сухан мегӯяд, хайраш ба некӣ ёд мекунад. Одамони неккирдор, некгуфтор, некпиндор, хайрхоҳи дигарон ҳамеша дар ёдҳо зиндаву ҷовиданд. 
Чӣ хубест кори хайр, ки бо гузашти солҳо ёдаш ба хайр гӯянду номаш зинда намоянд.

АВВАЛИН ҚАДАМҲОИ «ӮЗБЕКИСТОНИ СУРХ»

Соли 1950, вақте ки «Овози тоҷик» баъди даҳ соли таваққуф аз нав ба майдон омад, тавре қаблан гуфтем, ба имтиҳони навбатии ҳаёт рӯ ба рӯ шуда, ба шарофати дастгирии муташаккилонаи соҳибзабонҳо  «Овози тоҷик» бо номи «Ӯзбекистони сурх» умри дубора ёфтааст.
Чуноне ки маълум аст, ҳамон солҳо бо ҳидояти Сталин, СССР «сурхпӯшу сурхдӯст»шуда, газетаи марказии ӯзбекӣ ҳам «Қизил Ӯзбекистон» ном гирифта  буд.
Масъалаи ҷоннок намудани «Ӯзбекистони сурх» дар назди сармуҳаррир, ҷонишин ва котиби масъул кори аз ҳама муҳими ҳаётӣ буд. Азбаски пештар дар бораи фаъолияти сармуҳаррири ҳамонвақта ва тадбиру ташвишҳои ӯ батафсил сухан рафт, алҳол чанде аз сифатҳои корӣ ва фазилатҳои котиби масъуламон Раҳматҷон Норовро ба ёд меоварем, ки ибрати хубест.
Медонем, ки Саидризо Ализода, ҳамчун аввалин котиби масъули  «Овози тоҷик» кор карда буд. Соли 1969 роқими ин сатрҳо дар ин вазифа шахсеро дидаам, ки мисли Ализода дилу ҷигар  ва тору пудаш ба кору бори газета вобаста буд. Ба ин нисбат, моён он касро, «сутуни идора» меномидем.  
Дар хонае, ки болои дараш «Котибот» навишта буданд,  Раҳматҷон Норов ва сураткаш-ретушчӣ Аҳмадҷон Изомов кор мекарданд. Ҳар ду ҳам хушандому хушлибос, одамони ҷиддӣ, моҳири касби худ, ҳар ду ҳам сигорӣ, ҳар ду ҳам дар зиндагӣ аз бахти хандон намеболиданд...
Акаи Раҳматҷон салобату ситораи гарм дошт. Суханҳои нарму бомағзаш ҳамсуҳбаташро ром мекард. Ба ҳузураш алломаҳои Самарқанд, ба мисли Ботурхон Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Раҳим Муқимов ва дӯстони самарқандиашон, ба мисоли Болтақул Диёрӣ, Мардонқул Муҳаммадқулов бисёр меомаданд. Ҳамсоягузари ӯ Азиз Юнусзодаи ҳуқуқшинос мегуфтанд, ки агар Раҳматҷон ба кори илмиаш давом медод, аз вай олими олимақоме мебаромад.
Раҳматҷон Норов унвони илмӣ нагирифт, аммо олим ва одами хуб буд. Сариштагии мизи кориаш, тартиби кордориаш, ба ҳамаи ходимони рӯзнома намунаи ибрат буд. Ҳангоми кор ҷиддан бо кор, ҳангоми тафреҳ фақат дар доираи одобу адаб, ҳазлу мутоиба мекард.
Барои маҷлисҳои ҳайати таҳрир – «летучка» (муҳокимаи шумораи навчопшуда), «планёрка» (маҷлисе, ки дар он масъалаи дар шумора ҷой додани материалҳо ҳал мешуд) дафтарҳои алоҳида-алоҳидаро дар як гӯшаи мизашон медидем. Дар як дафтари алоҳида он кас луғат менавиштанд. Дар луғатдонӣ фарҳанги зинда буданд. 
...Ин воқеа дар хотирам нақш бастааст. Рӯзе ба дасти устод чизе супурдам, ки дар он калимаи «экскватор» ду маротиба зикр шуда, ҳар ду бор ҳам дар шакли мазкур аз ман «гузашта» буд. Акаи Раҳматҷон ду маротиба болои ин калимаҳо «а» монда, онро «экскаватор» сохтанд. Аз нодонӣ ман эрод гирифтам. Устод аз паси айнак ба ман як чашм давонд. Маълум: шубҳа дар миён омад, устод дарҳол луғат ба даст гирифта, ин калимаро ёфтанд. Баъд хушҳолона айнакро як сӯ гузошта, сигор дуд карда, аз ҷой хестанд ва фармуданд: «ба ислоҳам бовар доштам, аммо эътиқоде, ки ба шумо дорам, маро ба иштибоҳ андохт». 
Оре, ӯ қадри ҳамкорон медонист, бе далел баҳс намекард, вақт бо ҳарза ҳаргиз зоеъ намекард.


(Давом дорад).


Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: