ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ – ВАЗОРАТИ ҲАМА

Вазорат, кумита, муассисаву созмонҳои зиёд мавҷуд, ки ба соҳаҳои гуногун дахлдор мебошанд.

Вазорат, кумита, муассисаву созмонҳои зиёд мавҷуд, ки ба соҳаҳои гуногун дахлдор мебошанд. Вазорати тандурустӣ бошад, фикр мекунем, ба кулли одамон, сарфи назар аз он ки чӣ касбу кор доранд ва чандсолаанд, мутааллиқ буда, фаъолияти он дар навбати аввал ба ҳифзи саломатӣ нигаронида шудааст.
Тандурустӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ, ки ҳаст роҳбари давлати мо рӯзҳои аввали ба даст овардани мақоми президентӣ (чӣ дар давраи аввал ва чӣ дар давраи дуюм) ба мутахассисони соҳаи тиб вохӯрд. Муҳимтарин масъалаҳои тандурустӣ дар мулоқоти кушоди ӯ бо олимон, шифокорон, дорусозон, ҳамшираҳо ва ходимони сохтор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Суҳбати роҳбари давлати мо бо олимону профессорҳо, ходимони пешбари Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон дар таърихи 29 сентябри соли 2021 низ хотирмон сурат гирифт. Мулоҳизот, таклиф ва супоришҳое, ки Президент дод, дар клиникае, ки зикр кардем, муҳокима гашт, дастгирӣ ёфт. Умуман, аз рӯйи вазифаҳое, ки ӯ дар назди ходимони соҳа гузошт, имрӯзҳо корҳои муҳим ба иҷро расонида ва навигариҳои зиёд ба назар мерасанд.
Масалан, Президент аз масъулони соҳа суол кард, ки сохтор баҳри пешбурди кор фикру андешаҳои аҳолӣ  дар навбати аввал, мулоҳизаҳои ходимони соҳаро ба эътибор мегирад ё не?
Ҳақиқатан ҳам барои боз ҳам ривоҷ додани сохтор, ҳалли саривақти мушкил ва норасоиҳое, ки ба пешрафти кор халал мерасонанд, ба инобат гирифтани фикри шаҳрвандон ва таклифоти мутахассисони соҳа хеле зарур. Ин аст, ки Вазорати тандурустӣ таҳти рақами 1295 Маркази call-ро ташкил намуд. Аксарияти муроҷиатҳое, ки ба он афтодаанд, аз ҷониби мутасаддиёни вобастакардашуда ҳаллу фасл мешаванд. Қисми дигари муроҷиатҳо бошанд, тавассути мулоқотҳои кушод бо олимон, табибон, фармасевтҳо ва ходимони сохтор бевосита ба Президент расонида мешаванд.
Маълум, ки имрӯз ва фардои сохтори тандурустии Ӯзбекистони Нав ба фаъолияти ходимони тандурустӣ вобастагӣ дорад.  Барои пешравии кор ва ҳалли мушкилоту норасоиҳо қабл аз ҳама фикр ва таклифоти ходимони соҳа, ки ба рушди тибби замонавӣ бефарқ нестанд, нақши муҳим бозиданаш мумкин. Ғоя ва мулоҳизоти солими онҳо, албатта, ба назари эътибор гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам Вазорати тандурустӣ ба намояндагони соҳа пешниҳод кардааст, ки тавассути муроҷиатҳои худ ба тараққии сохтори тиббӣ саҳм гузоранд.
Айни замон фикру дархост, ариза ва муроҷиатҳои худро аҳолӣ бевосита ба Вазорати тандурустӣ мефиристад. Номаҳо сари вақт омӯхта ва ба онҳо ҷавобҳо гардонда мешаванд.
Аз муроҷиатҳое, ки меафтанд, маълум мешавад сокинон аз сифати хидматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо чандон қонеъ не. Тавре дар ҷамъомади ғайринавбатии Вазорати тандурустӣ, ки ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваст, таъкид ёфт, тӯли 11 моҳи соли равон ҷамъи муроҷиатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 12 ҳазор адад афзуда ва 57,6 ҳазорторо ташкил менамоянд. Аксарияти томи муроҷиатҳо, тавре қайд карда гузаштем, оид ба сифати нохуби кӯмаки таъҷилӣ ва беэътиноии табибон ба беморон, муносибати хунукназаронаи онҳо ба кор.
Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, дар сохтори тиббии ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудӣ ва норасоиҳо хеле зиёд. Дар аксарияти ҳудудҳо сифати хидматрасонӣ ҳанӯз ба дараҷаи талаботи замон нест. Дар соҳа монеаҳои бюрократӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ, мутаассифона, ҳамон дучор меоянд. Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни мулоқотҳояш бо аҳолӣ ва вакилони ҷамоат дар ин бора гаштаю баргашта таъкид месозад.
Тавре баромадкунандагон қайд карда гузаштанд, бинобар ноҳинҷории вазъият, сарам-дилам кор кардани ходимони тиббӣ, малакаи хуби касбӣ надоштани қисме аз шифокорон шаҳрвандон ҷуз аз Вазорати тандурустӣ маҷбур шудаанд ба Қабулхонаҳои халқиву виртуалии Президент, Қабулхонаи виртуалии Сарвазир, Сарпрокуратура ва дигар идораҳои масъули болоӣ номаҳои шикоятӣ нависанд. Ғайриқаноатбахш будани муносибатҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ дар тиббиёт, ба дараҷаи дилхоҳ ташкил карда нашудани суғуртаи тиббӣ, литсензиясозӣ, номнависсозӣ, самтҳои рақамигардонии соҳа имконият намедиҳанд натиҷаҳое, ки нигаронем, ба даст оварда шаванд.
Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар дар сохтор – нарасидани кадрҳое, ки салоҳият дошта, идоракуниро ба дараҷаи талабот ба роҳ мегузоранд. Хусусан, ба ҷавонони фаъолу ташаббускор соҳа бештар ниёз дорад. Кадрҳои ҷавони фикрҳояшон тоза, ки ба асосҳои дониши замонавии тиббӣ мусаллаҳанд, камшумор мебошанд. На ҳама масъалаҳои доғу ҳалталаб аз нуқтаи назари касбӣ ва креатив дар ҷояш ҳал карда мешаванд, ки ин боиси эътирози барҳақи шаҳрвандон мегардад.
Онҳое, ки дар Вазорати тандурустӣ фаъолият мебаранд, дар иҷрои вазифа ва маҳорату таҷриба, бояд ба ходимони тиббӣ, ки дар зинаҳои поёнӣ кор мекунанд, аз ҳар ҷиҳат намуна бошанд. Вале маълум гашт, на ҳама кадрҳое, ки худро корманди ин вазорат мешуморанд, ба вазифаҳои худ лоиқанд. Бинобар ҳамин 40 фоизи ходимони дастгоҳи марказӣ дар ҷамъомади зикршуда аз вазифаашон озод карда шуданд. Сабукдӯшшудаҳо маҷбуранд аз зинаҳои поёнии сохтор барои худ кор кобанд. Вале танҳо бо навсозии кадрҳо дар доираи вазорат масъалаҳо ҳал намешаванд. Ислоҳот дар тиббиёт водор менамояд чӣ дар идораҳои тандурустии вилоятӣ, иттиҳодияҳои тиббии ноҳиявию шаҳрӣ ва чӣ дар ҳамаи муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ кадрҳои лаёқатнок, масъулиятшиносу фидоӣ чун обу ҳаво зарур. Табибон ба нозуктарин масъала – саломатии инсон, ки як бор ба дунё меояд, сарукор доранд. Дар ин касб роҳ гузоштан ба хунукназарӣ, бесаводӣ ё каммасъулиятӣ умуман мумкин нест.
Вале ҳамаи онҳое, ки муассисаҳои таълими олии тиббиро хатм карда, дар масканҳои табобатӣ фаъолият мебаранд, аз нозукӣ ва асрори касб куллан воқифанд? Ҳамаи пизишконе ҳам, ки хилъати сафед ба бар карда, аз паи касб ризқ меёбанд, бо дил ва нияти пок вазифаи худро сидқан ва қалбан ба иҷро мерасонанд?
Рӯзҳои душвори пандемияро аз сар мегузарондем. Ҳоло низ хавфи паҳншавӣ ва сирояти вируси тоҷдор аз байн нарафтааст. Дар ин гуна шароит, яъне дар мубориза алайҳи душмани хатарноки ба чашм ноаён қабл аз ҳама соҳиби яке аз касбҳои шарифтарин – духтур ва ҳамшираҳо, гуфтан мумкин, қаҳрамонӣ нишон доданд. Дар пешлавҳ ва плакату мониторҳое, ки дар ҷойҳои ба назар намоён устуворанд, ҳанӯз ҳам ба навиштаҷоти «Офарин, духтурон!» дучор меоем. Ҳақиқатан духтурони фидоӣ ба ҳар гуна таърифу ситоиш сазовор!
Вале шахсони тасодуфӣ, бюрократу тамаъгар низ дар соҳа кам не.
Хусусан тӯли чаҳор-панҷ соли охир муассисаҳои тиббии давлатӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд. Барои муолиҷа ҳамаи шароит фароҳам. Замонавитарин таҷҳизоти тиббӣ – мавриди истифода. Вале чунин ба назар мерасад ислоҳоти воқеӣ дар соҳаи тиб ҳанӯз мелангад, ҳол он ки давлат барои ривоҷи соҳа чӣ қадар маблағ ҷудо ва муттасил ғамхориҳо менамояд.
Ҳаминро низ бояд таъкид кард, ки дар марказҳои тиббии замонавӣ гоҳо бо иштирок, гоҳо бе иштироки мутахассисони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ мураккабтарин ҷарроҳиҳо бомуваффақият анҷом дода мешаванд. Айни замон чун бемори оддӣ ба қабули духтур медароиву пай мебарӣ дараҷаи саводнокии тиббиаш чӣ қадар паст. Яъне соя ҳам ҳаст баробари равшанӣ...
Хуб аст, ки ҳоло мошинҳои «ёрии таъҷилӣ» баробари даъват дар вақташ ҳозир ва ба бемор кӯмаки аввалин мерасонанд. Хуб аст, ки табибу ҳамшираҳои поликлиникаҳои оилавӣ танҳо дар идора нанишаста, ба маҳалҳо низ мебароянд, аз аҳволи аҳолӣ, хусусан пиронсолон ва модару тифл хабар мегиранд, ҳеҷ набошад телефонӣ ҳолпурсӣ менамоянд. Вале вақте бемор шудӣ ва ба поликлиника рафтӣ...
Рӯзе гувоҳ шудам, ки дар чаҳор утоқи кории барои бемориҳои терапевтӣ ҷудошуда, ки ба маҳалҳои ҷудогона хидмати тиббӣ мерасонанд, дар як утоқ духтуру ҳамшира беморонро қабул мекунанду халос. Бемороне, ки навбат мепоянд ё духтури вобасташударо нигаронанд, хеле зиёд. Нафаре хабар расонд, ки духтури яке аз утоқҳо дар кадом як ҳуҷра машғули нависонавис. Чанд нафар маҷбур шуданд якҷо ӯро ҷеғ зада оранд, то қабул кунад.
Духтуру ҳамшираи ду утоқи дигар дар куҷо? Онҳо шояд бемор ё бо сабаби дигар дар ҷои кор ҳозир не. Вале дар ин гуна шароит кор дар поликлиника бояд «хоб равад?» Гоҳо лозим меояд бемор, ки худро бо азобе ба поликлиника расондааст, соатҳо навбати худро интизор шавад. Асабиёна оҳ мекашад. Бемор будам, бемортар шудам, мегӯяд бадард.
Нигоҳи ҳама ба дар... Вале беморе, ки дар дарун аст, ҳеҷ не, ки барояд. Духтур бо кадоме бо «мобилӣ» дурудароз суҳбат мекунад.
Зимнан, нависонависҳои аз ҳад зиёд низ – дар зиммаи духтур. Зоеъшавии вақт – ба коғазбозӣ вобаста.
Бармеояд алъон дар муассисаҳои тиббӣ шифокор ва ҳамшира маҷбур аст дар 26 навъ журнал, дар 33 навъ дафтар барои ҳисобот, айни замон бештар аз 10 навъ бланкаро хонапурӣ намояд.
Журнале мавҷуд будааст бо номи «Қайди ҳолатҳои ходимони тиббие, ки ҷароҳат бардоштаанд». Хушбахтона, ин гуна вазъиятҳои нохуш қариб рӯй намедиҳанд, лекин ҳамшира маҷбур аст, ҳар рӯз бо мазмуни «имрӯз ҳолати ногувор содир нагашт» дар журнал чизеро қайд кунад.
Ҳол он ки вазифаи асосии шифокор – муолиҷаи бемор. Вай бояд ба ҳар як бемор ба ҳисоби миёна 15 дақиқа вақт ҷудо кунад. Вале тавре дар баёноти Вазорати тандурустӣ қайд шудааст, вақти зиёд бо ҳуҷҷатпуркунӣ кӯр мешавад.
Баъди вазири тандурустӣ таъин гаштани Беҳзод Мӯсоев, тавре аксарият алоқамандони соҳа қайд мекунанд, корҳо дар сохтор ранги дигар мегиранд. Барои бартараф сохтани норасоӣ ва коғазбозиҳое, ки қайд карда гузаштем, дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Хуб мешуд интизоми қатъӣ ва тартиби ба талаботи замон созгор дар зинаҳои поёнӣ – нуқтаҳои тиббии деҳот низ ҳарчи зудтар татбиқ меёфт. Натиҷаҳое, ки ба даст омадаанд, ба рӯҳияи бемор низ таъсири хуб гузошта, сиҳатёбиҳо ба барқарории тарзи солими зист мусоидат менамуд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: