ЗАБОН ВА УСЛУБИ АШЪОРИ ШОИР

Рангорангии таркиби луғавӣ, қабатҳои лексикӣ дараҷаи ҳусну қубҳ, сабку услуби хоси эҷодии соҳибқаламро равшан менамояд.

Маълумоти чанде аз сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки забони мардуми Бухоро аз қадимулайём содаву оммафаҳм буд. Аҳли илму адаб дуруст таъкид намудаанд, ки асосгузори забони адабӣ Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ дар замони  давлатдории Сомониён ба масъалаҳои мубрами забон, сабку услуб ва маданияти сухан таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Илова бар ин, бо шеърҳои «саҳли мумтанеъ» имконоти луғавӣ, сарфию наҳвӣ ва услубии забони модариашро равшан менамуд. Бо шеърҳои тозаи хеш дар қалби мардум тухми посдории забон, хештаншиносӣ, ифтихормандиро кошта, дар рушду нумӯи забони адабӣ саҳми арзанда мегузошт. Ровиён шеърҳои шоирро дар гузару кӯчаҳои Шаҳристон, назди даромадгоҳи Дарвозаи Ғуриён (дарвозаи самти шимолӣ), Дарвозаи Регистон (дарвозаи самти ғарбӣ)-и Арк, назди даромадгоҳи дарвозаҳои Ҳазрати Имом, Самарқанд, Файзобод, Баҳоуддин, Қаршӣ, Қавола Маҳмуд, Қарокӯл, Шергирон, Тали Поч, Шайх Ҷалол ва инчунин дар атрофи мадрасаҳои Бухоро бо овози дилнишину форам қироат намуда, тарғибу ташвиқ менамуданд. Шоири ҳамзамони мо  Асад Гулзодаи Бухороӣ дар ҳамин гуна шаҳри бостонии шоирпарвару фузалодӯст ба дунё омадааст. 
Равшанзамирон медонанд, ки рӯзгоре амир Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ҳангоми сафари тӯлонӣ дар Ҳирот вақти шунидани қасидаи «Эй Бухоро шод бошу дер зӣ ...» мутаҳаййири суханҳои илҳомбахши шоир гардида, бо шодмонӣ ба сӯйи Бухоро раҳсипор гардида будааст. На танҳо қасидаи мазкур, балки кулли шеърҳои гуногунжанри Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ бо интихоб ва корбасти вожаҳои пурмаъно, суханҳои муассиру мутантан ва санъатҳои бадеӣ таълиф гардидаанд. Маҳорати суханварӣ, нуктадониву нуктасанҷии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ ба шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ илҳом бахшидааст. Ӯро дар офариниши шеър яке аз пайравони сабку услуби Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ метавон гуфт. Гуфтаҳои моро суханони шоир Ҷаъфар Муҳаммад низ тақвият мебахшад: «Асад Гулзодаи Бухороӣ худро вориси ҳақиқии Рӯдакӣ эълом мекунад ва ворисиро табъан ва шартан, идомадиҳандаи суннатҳои ниёи худ медонад. Асад Гулзода муқаллиди Рӯдакӣ буданро барои худ шараф ва саодат медонад ва бидуни ҳеч тараддуде ба коргоҳи шоирии устоди шоирон сар мезанад ва аз сабку сиёқи ӯ сабақандӯзӣ мекунад». Асад Гулзода  яке аз шеърҳояшро «Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ» ном ниҳода, дар он шеър рӯзҳои дар Бухоро будани Рӯдакиро хотирнишин менамояд. 
Дар наврасӣ Рӯдакӣ
Дар Бухоро зиста буд.
Дар ин шаҳри дилоро
Тақдираш пайваста буд.
Дар дарбори Сомонӣ
Як фарди вораста буд.
Дар хидмати шоҳонаш
Як умр пайваста буд.
Як шоири зарбардаст
Дар олами адаб буд.
Ашъори пурошӯбаш
Бар шуҳраташ сабаб буд.
Унвони баланди шеър,
Ӯро насиб карда буд. 
Дар замони Сомонӣ
Маърифат гул карда буд. 
Муҳаққиқ ва бозҷӯйи осору эҷодиёти Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ, поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ, муаллифи асари «Қисмати шоир» Сотим Улуғзода дуруст қайд намудаанд, ки Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ дар Бухоро солҳои тӯлонӣ зиста, барои асолати забони форсии тоҷикӣ мубориза бурдааст. Шоири муосири мо Асад Гулзодаи Бухороӣ аз гузаштагон таҷрибаи ҳаёт ва дарси ибрат омӯхтааст. Ӯ намехоҳад, ки забони тоҷикӣ дар  замони истиқлол, алалхусус дар шароити блингвизм, бо вожаҳои ғайр (вомӣ) олуда бошад. Пайваста шеър менависаду баҳри ҳалли масъалаҳои мазкур ва мубрами забон, сабку услуб кӯшиш мекунад. 
Бухорои Шариф бо аҳли илму адаб ва ворисони накӯгуфтору накӯрафтораш ифтихор дорад. «Таърихи Бухоро»-и муаррих Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар ан-Наршахӣ, асарҳои нодири Садриддин Айнӣ оинаи дурахшони таъриху фарҳанг, санъату маданият, халқу миллат ба шумор мераванд. Ба фикри мо, дар эҷоди шеър ва тасвири воқеаҳои таърихӣ таҷрибаи гузаштагон сарманшаи эҷодии Асад Гулзода гардидааст. Ӯ дар як қатор шеърҳояш дар хусуси сулола, шаҷара, воқеа ва ҳодисаҳои таърихӣ чун муаррихи нуктадон ҳарф мезанад. Ҳақ гуфтаанду рост: «Асад Гулзода гоҳ чун Рӯдакӣ ба мадҳи Оли Сомону Бухоро мепардозад, гоҳ ҳусни табиати меҳанро ба риштаи назм мекашад. Гоҳ чун Наршахиву Айнӣ бо чакидаҳои килк ворисонро баҳри ошноии таърих, мадрасаву манора, раставу гузар, деҳу шаҳр, маросим ва анъанаҳои миллии мардуми Бухоро ҳидоят менамояд. Инчунин «Мансурвор ба ҳар дару девор, гарду хок, гунбазу манор, арку кӯшк, ҳавзу рӯдҳои ин шаҳр девонаосо ишқ меварзад. Фақат Бухороро мебинад, фақат онро мешунавад, фақат бо он гуфтугӯ мекунад». Афкори рангинаш, суханҳои пурмуҳтавояш чун оби пурмавҷи дарё дар силсилашеърҳо мунъакис гардидаанд. 
Нигориши сабк ва услуби Асад Гулзода дар офариниши шеър ҳамранги сабку услуби Рӯдакӣ ва Мирзо Турсунзода мебошад. Кулли шеърҳои Гулзода мисли шеърҳои Рӯдакиву Турсунзода содаву фаҳмову барҷастаанд.  Ҳангоми шиносоӣ бо китобҳои шеърии ӯ «Насими Бухоро», «Хати пешона», «Шукуфаҳои Бухоро», «Нафаси баҳор», «Намози рӯйи барг», «Арзи сипос», «Куллиёти осор» (дар чаҳор ҷилд), «Паёме аз Бухоро» ба ин гуфта боварӣ ҳосил менамоед. 
Таркиби луғавӣ ва қабатҳои лексикии ашъори шоирро пеш аз ҳама вожаҳои умумиистеъмолӣ ва омиёна ташкил медиҳанд. Дар шеърҳои бачагона калимаҳои ҳамқофияи оҳангдор, ҷумлаҳои саволии риторикӣ бештар ба назар  мерасанд. Асад Гулзода байни мардуми ориётабори кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Африқо ва ғайра ҳамчун шоири хурдсолону наврасон шуҳрат пайдо кардааст. 
Ӯ дар ҳар як байту сатр бо забони хоси хурдсолон ва наврасон ҳарф мезанад. Қаҳрамонҳои ашъори ӯ бачаҳои хешзеҳну ҳозирҷавоб ва нуктасанҷу нуктадонанд. Онҳо гоҳ бо падару модар, бобову  модаркалон, холаву амма, амаку тағо, бародару хоҳар ва инчунин бо худи шоир мубодилаи афкор менамоянд.  Шоир бо ёрии шеърҳояш ба назари хонанда гоҳ дар сурати дӯсти ҳамсинну сол, гоҳ бародари меҳрубон, гоҳ падари раҳнамо, гоҳ бобои насиҳатгӯ ва гоҳ шахси некфол намоён мегардад.      
Шоир пеш аз ҳама ба яке аз масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ, хусусан ба интихоби ном ва номгузории тифли навзод эътибор медиҳад. Ӯ хоҳони он аст, ки волидон дар номгузории фарзанд бефарқ набошанд. Ба «ҷигаргӯша» номҳои зебову дилнишин интихоб намоянд.  
Шоир дар шеъри 14 сатраи «Номгузорӣ»-и худ нақл менамояд, ки ҳангоми тифли навзод ақрабонаш назди бобо омада, бо маслиҳат ба кӯдак номи Ҳилоларо интихоб мекунанд. Ҳилола яке аз номҳои хоси духтарона мебошад. Агар аз таркиби номи мазкур садоноки «а» ихтисор гардад, он гаҳ дар шакли «Ҳилол» номи яке аз писарон, агар бо ҳарфи хурд навишта шавад, шакли моҳи нави серӯзаро ифода мекунад. Қамар, бадр, ҳилол вожаҳои ҳаммаъноянд. Дар адабиёти бадеӣ ва нутқи поэтикӣ шахси абрӯҳояш ба шакли моҳи нопурра монандро ҳилолабрӯ мегӯянд: 
Модарҷонам фарзанд дид
Муждаашро ҳам шунид.
Кӯдаке буд, чӣ зебо,
Дилкашу ҳам дилрабо.
Нусхаи модарам буд,
Хушрӯ чу хоҳарам буд. 
Дасту рӯро мо шустем
Исми муносиб ҷустем.
Масъаларо бобоям
Бобои пурдуоям,
Оқибат ҳал намуданд
Ҳилола ном ниҳоданд.
Исмаш ба ҷисмаш монанд
Гуфтаву дуо хонданд. 
Дар шеъри «Шаҳзода» ва «Фалсафаи кӯдак» масъалаи парҳез аз талаффузи нодуруст, мушаххасу дақиқ гуфтан ба миён гузошта шудааст. 
Яке Шаҳзода гӯяд,
Дигар Озода гӯяд.
Шумо гӯед бачаҳо,
Духтару писарчаҳо.
Чаро ба як кас ду ном,
Ё бошад кори момом?!
– Аз афташ Озода аст,
Озодаву тоза аст ...
Кӯдакеро бидидам
Исми ӯро пурсидам,
Фурсате нагузашта
Ҷавоби ӯ шунидам:
Ҳоло Шералӣ гӯянд
Чизи дигар нагӯянд.
Фардо калон мешавам
Шояд Алишер гӯянд.
Ҳангоми талаффузи «иғо», «иға», «да-да», «на-на», «був», «бу-ва», «ҷи-ша», «ги-ша» пеш аз ҳама падару модар ва инчунин хешовандон хурсанд мешаванд. Аз ин гуна ҳолат, хусусан, ҳангоми гуфтани  калимаҳои на-на, да-да, бо-бо, мо-мо, ма-ма, ал-ла аз ҷониби наберааш Шабнам шоир шод гаштааст. Бо суханони «Ғамро ҳаргиз набинад», «Умри чинорро бинад» набераашро дуо кардааст.
Шабнами меҳрубонам
Ширинтар аст аз ҷонам.
Тоза забон барорад
Забони ширин дорад.
Модарро «Нана», гӯяд
Падарро «Дада», гӯяд,
Маро «Бобо» мегӯяд
Бибиро «Момо» гӯяд.
Хӯрокро «Мама» гӯяд
Хоб ояд «Алла» гӯяд
Ҳарфҳоро чида, гӯяд
Занги дилро бишӯяд.
Чу ғунчаи хонадон аст
Шодии хандон аст.
Ғамро ҳаргиз набинад
Умри чинорро бинад.
Вожаи «Бухоро» дар эҷодиёти шоир серистеъмол аст, онро дар аввал, мобайн ва охири порчаҳои шеърӣ истифода бурда, ҳадаф ва матлабро некандешона изҳор менамоянд.
Эй Бухоро, кӯчаҳову боғу 
роғат дилкушо,
Шоҳрӯду Масҷиду Арку 
Манорат дилрабо ...
***
Эй Бухоро, сархати номам 
туӣ,
Эй Бухоро, шаҳд дар комам 
туӣ.
Обу хокат доруву дармони 
ман,
Он ҳумои бахт бар бомам туӣ. 
***
Ту шаҳри фозилонӣ, 
эй Бухоро,
Ту шаҳри шоиронӣ, 
эй Бухоро!
Ту ҳасти маркази илму
 амалҳо,
Ту шаҳри олимонӣ, 
эй Бухоро!  
Бухороро ҳамчун шаҳри қадим, шаҳри шоирон, шаҳри олимон, шаҳри фозилон, шаҳри гулрухон, шаҳри булбулон, шаҳри ошиқон, шаҳри дилписанд, шаҳри бегазанд, шаҳри ҷовидон,  шаҳри бостонӣ, шаҳри тоҷикон, давлати ҳар ду ҷаҳон, маркази мулки Хуросон ва ғайра ситоиш ва тараннум менамояд. 
Савлатам Ӯзбекистон!
Давлатам Ӯзбекистон!
***
Аё шаҳрам, Душанбеи
 дилоро,
Барои ман ту ҳастӣ чун
 Бухоро...
***
Самарқандам, Самарқандам,
Ту кони шарбату қандам...
***
Навбати доир ба микротопонимҳои ашъори шоир мухтасар ҳарф задан расид. Номи маҳалҳои хурд, гузару кӯчаҳо макротопонимҳои ашъори шоирро ташкил медиҳад. Ин гурӯҳи топонимҳо на он қадар зиёданд. Шоир дар яке аз шеърҳо дар кадом деҳ ба дунё омаданашро мушаххас хотирнишин менамояд. Аз матни шеър ва гуфтаҳои шоир равшан мегардад, ки ӯ дар деҳаи Шавгон ба дунё омадаааст. Шавгон номи яке аз мавзеъҳои тоҷикнишини ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба шумор меравад. Давраи бачагӣ ва наврасиву ҷавонии шоир дар он деҳ гузаштааст. Дар шеъри «Зодгоҳам деҳаи Шавгон» маълумотҳои этнографию ҷуғрофӣ муҷассам гардидааст. Дар матни шеър ду микротопоним ба назар мерасад. Яке вожаи Шавгон, дигаре Ҷӯйи Тайлоқ. 
Зодгоҳам,
Деҳаи Шавгони ман,
Сарпаноҳу маскани 
мардони ман...         
***
Ҷӯйи Тайлоқ
Манбаи оби равон...
Микротопоними дигар номи деҳаи Садриддин Айнист. Соктаре яке аз номҳои ноҳияи Шофиркони вилояти Бухорост. Садриддин Айнӣ дар  «Ёддоштҳо» қайд менамояд, ки ӯ давраи бачагиашро дар ҳамин деҳа ва инчунин дар шаҳри Бухоро гузаронидааст. Микротопоними Соктаре дар асарҳои Садриддин Айнӣ нисбати дигар микротопонимҳо бисёртар вомехӯрад. Он дар ашъори шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ ҳамчун унвони шеър ба назар мерасад.
Микротопоними дигар деҳаи яке аз пирони Бухоро, пешвои тариқати нақшбандия Ҳазрат Баҳоуддин мебошад. Сарчашмаҳои динӣ ва дунявӣ далолат медиҳанд, ки Ҳазрат Баҳоуддини Нақшбанд соли 718 ҳиҷрӣ (1318 милодӣ) дар деҳаи Қасри Ҳундувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Деҳа бо мурури замон номи «Қасри Орифон»-ро гирифтааст. Зиёратгоҳи Ҳазрат Баҳоуддини Нақшбанд дар ин деҳа ҷой гирифтааст. Шоир Асад Гулзода навиштааст:  
Деҳае бо номи 
«Қасри Орифон»
Дода буд пешвои динро 
бар ҷаҳон...
Хулоса, Асад Гулзодаи Бухороӣ дар жанрҳои гуногуни шеърӣ қувва озмуда, дар корбаст ва интихоби калимаҳо имконияти забони адабии тоҷикро ба эътибор гирифтааст. Шеърҳои кӯдаконаи ӯ ба китобҳои дарсӣ ворид шудаанд. Умед аст, ки дар Бухоро дари мактабҳои тоҷикӣ боз мешаванд ва аз шеърҳои шоир, мисли дигар кӯдакон, хурдсолони Бухорои Шариф низ баҳра мегиранд.

Таваккал ЧОРИЕВ,
номзади илмҳои 
филологӣ, профессор.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: