КОРҲОИ БАҲОРӢ

Дар ноҳияи Попи вилояти Намангон мавсими баҳории ниҳолшинонии лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» идома дорад.

Дар доираи ин лоиҳа соли гузашта 1 миллиону 300 ҳазор бех дарахту бутта шинонда шуда буд, ки нақшаи имсола низ аз он кам нест. Аз ҷумла, чорабинии ниҳолшинонӣ дар мавзеъи «Ӯзбекистони Нав», ки дар ҳудуди Ғурумсарой ташкил шуда буд, таҳти роҳбарии ҳокими ноҳия баргузор гардид. Намояндагони корхонаю ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа дар ҷойҳо дарахту буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонданд.
Дар ноҳия бобати истифода бурдан аз заминҳои бекорхобида ва камоб, обод гардондан ва ба кабудизор табдил додани онҳо низ корҳои амалӣ ба ҷо оварда, сохтори обёрии қатрагӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар мавсими баҳории соли равон дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» шинондани 862 ҳазор бех ниҳоли боровар, ороишӣ ва буттаю қаламчаҳо дар назар аст.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти 
Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: