Дудмони Чағонии Оли Муҳтоҷ аз хонадонҳои бузурги илму адаб ва раёсату вазорати тобеи Сомониён буда, дар асрҳои чаҳорум ва панҷум дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Чағониёни Мовароуннаҳр ҳукм рондаанд ва бунёдгузори он Муҳаммад ибни Муҳтоҷ мебошад.
Дудмони Чағонии Оли Муҳтоҷ аз хонадонҳои бузурги илму адаб ва раёсату вазорати тобеи Сомониён буда, дар асрҳои чаҳорум ва панҷум дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Чағониёни Мовароуннаҳр ҳукм рондаанд ва бунёдгузори он Муҳаммад ибни Муҳтоҷ мебошад. Чағониён пеш аз таҳоҷуми арабҳо яке аз вилоятҳои бузург ва қудратманди Тахористон шинохта шуда, “он дар ғарб то Дари Оҳанин, ки дар байни Деҳнаву Шаҳрисабз воқеъ гашта, давлатҳои бузурги Тахористону Суғдро аз ҳам ҷудо мекард... Дар шарқ он бо Аҳорун, дар шимол бо вилоятҳои Суғд, дар ҷануб бошад бо Қубодиёну Тирмиз ҳамсарҳад буд”. В.В.Бартолд дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маҳдудаи ҷуғрофиёии Деҳнави имрӯзаро Чағониён дониста, афзудааст, ки дар замони Сомониён Тирмиз ва вилоятҳои Шумону Ҳорун (Аҳорун – Ҷ.Ҷ.) ба амири Чағониён итоат мекарданд.
Муҳаққиқон аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва туҷоратию фарҳангии Чағониён ва табааи онро дар гузашта барои минтақа муҳим арзёбӣ карда, нақши калидии хонадони Оли Муҳтоҷро бахусус дар нигоҳдошти ҳавзаҳои илму адаби форсии тоҷикӣ ва ташвиқи шоирону нависандагон барои ҳифзу идомаи суннатҳои илмиву адабии миллӣ дар давраҳои мураккаби таҳоҷуми бегонагон бузург ва таъсиргузор шинохтаанд.
Абубакри Чағонӣ ва фарзанди ӯ Абӯалӣ аз нахустин ва таъсиргузортарин умарои Оли Муҳтоҷи ҳоким бар Чағониён буда, ки дар як вақт сипаҳсолории Насри Сомониро низ бар ӯҳда доштаанд. Решаи авлодии ин хонадонро баъзе муҳаққиқон ба “чағон-худот” ва “...ким-кадом умарои араб” низ пайванд додаанд, ки В.В.Бартолд чандон дақиқ намедонад.
Умарои Оли Муҳтоҷи Чағонӣ дар аввали садаи чаҳорум ва миёнаи ҳокимияти пурбори аморати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба ин амири донишманд ва раҳкушо пайваста, бо талошҳои чашмгири ободгариву адабпарварӣ номи хешро дар таърих ба некӣ сабт кардаанд. Баъди пирӯзиҳои туркон ва мағлубияти Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдураззоқ, ки “...дар соли 351 кушта шуд ва Абӯалии Чағонӣ, ки пеш аз он даргузашта буд, хонадони Оли Муҳтоҷ ҳамчунон аз бузургони хиттаи Фарорӯд ва ҳокими диёри Чағониён ва фозилу фарҳехта буданд, то ин ки пас аз барафтодани Сомониён ва суқути Саффориён (дар соли 393 ба дасти Маҳмуди Ғазнавӣ) яке аз маъдуд вилоёте, ки метавонист паноҳгоҳи шеъри удабои қаламрави сомонӣ ва саффорӣ шавад, Чағониён ва умарои фарзонаи он буд. Дар ҳамон солҳо, ки Фирдавсии Тӯсӣ саргарми сурудани ҳамосаи миллии Эрон дар Тӯс буд, хонаводаи Оли Муҳтоҷ ҳам ҳомии шоирон ва адаби форсӣ буданд”.
Дар боби таҳаммулпазирӣ ва устувории Абӯалии Чағонӣ дар муқобила бо хасмон ва садоқаташ ба ҳукумати миллӣ ривоятҳои зиёде дар таърих сабт аст. Вале муҳимтарин санади рӯзгори ӯ эътироз ва вокунишҳояш дар баробари ғуломони турки исёнгар ва фақеҳони ҳомии эшон, дастгириаш аз аҳли адаб, созмон додани ҳавзаи адабии форсии тоҷикӣ ва ҷалби шоиру нависандагон дар ин муҳит мебошад.
Низомии Арӯзии Самарқандӣ аз дудмони Оли Муҳтоҷ ба некӣ ёд карда, таъкид мекунад, ки “Абулмузаффари Чағонӣ ...ин навъро (яъне шоиронро – Ҷ. Ҷ.) тарбият мекунад ва ин ҷамоатро сила ва ҷоизаи фохир ҳамедиҳад ва имрӯз аз мулуки асру умарои вақт дар ин боб ӯро ёр нест”. Чунон ки мебинем, ин ҷо сухан нафақат аз “силаву ташвиқ” меравад, балки “лавозими марбут ба онро ҳам” дар назар дорад, ки ҳунар ҷавҳари он аст. Ба ин далел, маҳз ҳамин фазилати ҳунаршиносии хонадони Оли Муҳтоҷ боис шудааст, ки шоирони нағзгӯи латифтабъе мисли Дақиқиву Мунҷик, Бадеъии Балхиву Лабибӣ ва Фаррухӣ рӯ ба ин даргоҳ оваранд ва мавриди таваҷҷуҳи подшоҳи вақт воқеъ шаванд.
Ба ин тартиб, Дақиқӣ аз аввалин шоироне будааст, ки ба қавли Муҳаммад Авфӣ “дар хидмати умарои Чағониён будӣ ва зикри эшон эрод карда”. Авфӣ бо таъкиди он ки Дақиқӣ “қасидае мегӯяд дар мадҳи Амир Абӯсаид Муҳаммад Музаффари Муҳтоҷи Чағонӣ”, дар дарбори ҳамин амири Чағонӣ зистан ва эҷод кардани Дақиқиро таъйид кардааст. Таваҷҷуҳи умарои Оли Муҳтоҷ ба ин шоири тозагӯву ҳунарманд ба ҳукми тасодуф сурат наёфтааст. Вай ба василаи ҳунар ва “эъмоли (корбурди) рӯъят (дид) дар шеъру шоирӣ” мавриди эътимоди амирони адабпарвари Чағонӣ қарор гирифта, дар ин даргоҳ мақом ва мартаба пайдо кардааст ва ба ифодаи Абулқосими Фирдавсӣ, “ҳаме ёфт аз меҳтарон арҷу ганҷ”. “Арҷу ганҷ” ёфтани шоир аз меҳтарони Оли Муҳтоҷ аввалан гувоҳи эътибори ҳунари ӯст, сониян далели адабпарвар будани ин хонадон аст, ки дар замони Мунҷик муҳити бехалали адабиро дар Чағониён ба вуҷуд оварда буданд. Бинобар ин мо ҳақ надорем, чунон ки дар баъзе таҳқиқотҳо ба назар мерасад, дар ин замина модеҳ (Дақиқӣ) ва мамдуҳ (амирони Чағонӣ)-ро коҳиш карда, паҳлуҳои мусбати муҳити адабии ин ё он дарбор, аз ҷумла дарбори Чағониёнро нодида гирем.
Дақиқӣ албатта сазовори хидматҳояшон амирони Чағониро мадҳ гуфта, хисоли адабпарварии онҳоро сутудааст, ки яке аз онҳо Абӯалии Чағонӣ ва дигаре Абулмузаффари Чағонӣ будаанд. Зимнан бояд гуфт, ки Дақиқӣ дар марги Абӯнаср ном мамдӯҳе марсия гуфта ва аз адабпарварии ӯ ифтихор ҳам кардааст. Сайид Нафисӣ ин шахсиятро ҳамон Абӯнаср ибни Абуалии Чағонӣ ҳадс мезанад. Вале Муҳаммад Дабири Сиёқӣ ин гумонро таъйидшуда намеҳисобад. Ба ҳар сурат, дар марсияи Дақиқӣ чеҳраи Бӯнаср ҳамчун яке аз “родмардони ҷаҳондор” ба тасвир омадааст, ки “Чун гул бошанд кӯтаҳзиндагонӣ”.
Аз пораҳои боқимондаи ашъоре, ки Дақиқӣ дар мадҳи хонадони Оли Муҳтоҷ гуфтааст, метавон натиҷа гирифт, ки шоир танҳо аз барои таъмини маишат ба ин даргоҳ наомадааст. Вазъи нисбатан ороми сиёсиву маъмурие, ки дарбори Чағониён дошт, беш аз ҳар чизи дигар шоирро мутаваҷҷеҳи ин муҳит сохта буд. Зеро шоир медонист, ки “дарбор маркази сиёсӣ ва мубодилаю ба ҳам бархӯрдани манфиатҳо ва нуқтаи назари иҷтимоӣ буда, барои кори шоирӣ, ки ҷанбаи мафкуравӣ дорад” мусоидат мекунад. Аз ин назар, муҳити адабие, ки Дақиқӣ, Мунҷик, Бадеии Балхӣ, Лабибӣ ва Фаррухӣ дар муддатҳои гуногун он ҷо зистаанду фаъолият кардаанд, барои онҳо шароити табиӣ аз ҷиҳати майли табъу завқ ба эҷод машғул шуданро низ фароҳам оварда буд. Мунҷик баъд аз Дақиқӣ дар дарбори Чағониён зиста, бо чанд тан аз умарои Чағонӣ робитаи наздик доштааст, ки Амир Абулмузаффар Фахруддавла Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ ва Амир Абуяҳё Тоҳир ибни Фазл ибни Муҳаммад ибни Муҳтоҷи Чағонӣ аз ин ҷумла будаанд. Аввалин маълумоти дақиқ дар бораи Мунҷик ва бо хонадони Оли Муҳтоҷ пайванд доштани ӯ дар “Лубоб-ул-албоб” зикр шудааст. Муҳаммад Авфӣ Мунҷикро “аз соҳирони шоирон” медонад ва авсофи “шеъре ғариб ва алфозе хуб ва маоние бикр ва ибороте балеғ ва истиороте нодир”-ро аз имтиёзоти ҳунарии шеъри ӯ ба шумор меоварад, ки сидқ дорад.
Дар муҳити адабии Чағониён Мунҷик аз шоироне будааст, ки бо имтиёзоти ҳунарӣ ҷойгоҳи рафеъ дошта, девонаш дар қарни панҷум ва шашум миёни форсигӯён машҳур ва мавриди истифодаи аҳли адаб қарор доштааст. Ба иттифоқи аҳли назар Мунҷик дар сурудани қасоиди мадҳиву васфӣ, ғазал ва ҳаҷв “саромади шоирони аҳди худ шумурда” шуда, “касе аз тири таънаш” ва “каманди ҳаҷваш” нараста будааст. Дар муҳтавиёт ва жанри осори шоир низ тозагӣ ва равияҳои мухталифи ақидатӣ ба мушоҳида мерасад, ки заминагузори он муҳити бехалали адабии Чағониёни асри шоир буда, ба сиёсати адабпарварии хонадони Оли Муҳтоҷ рабт мегирад.
Шоири дигаре, ки дар дарбори Чағониён зиста ва фаъолият кардааст, Лабибӣ мебошад. Лабибӣ давраи бобаракати фаъолияташро дар муҳити адабии Чағониён, дар даргоҳи Абулмузаффар гузаронида, боқимондаашро дар дарбори Ғазнавиён сипарӣ кардааст. Аз як пораи марсияе, ки Лабибӣ дар сӯги Фаррухӣ сурудааст ва онро муаллифи “Тарҷумон-ул-балоға” иқтибос кардааст метавон ҳадс зад, ки ин ду шоир рӯзҳое, ки дар хидмати хонадони Оли Муҳтоҷ будаанд, шояд бо ҳам вохӯрда бошанд. Марсияи пурсӯзи зерини Лабибӣ ин андешаро илқо мекунад:
Гар Фаррухӣ мурд чаро Унсурӣ намурд,
Пире бимонд деру ҷавоне бирафт зуд.
Фарзонае бирафту зи рафтанаш ҳар зиён,
Девонае бимонду зи монданаш ҳеч суд.
Лабибӣ дар муҳити адабии Чағониён дар замони ҳукмронии Абулмузаффар (992-1010) зиста, вале санаи дақиқи буду боши ӯ дар ин даргоҳ маълум нест. Мероси шоир далели шоири тавоно ва ҳунарманд будани Лабибӣ буда, садоқаташро низ ба умарои хонадони Оли Муҳтоҷ собит месозад. Дар сурудани ашъори ошиқона ва ахлоқӣ маҳаки эътибораш суннатҳои неки маънавии миллӣ буда, гоҳо воқеиятҳои мушаххасро низ шеър карда ва дар ин гуна ашъор озодандеш аст, ки бешак, илқои муҳити басомони адабии Чағониёни асри Мунҷик мебошад. Зайли намуна қитъаи зерро мисол меоварем:
Корвоне ҳаме аз Рай ба сӯйи Дасқара шуд,
Об пеш омаду мардум ҳама бар қантара шуд.
Галаи дуздон аз дур бидиданд чу он,
Ҳар яке з-эшон гуфтӣ, ки яке касвара шуд.
Тамоюли фикрӣ ва ҳунарии эҷодиёти чанд тан аз шоироне, ки дар муҳити адабии Чағониён фаъолият намудаанд, далели ташаккул ва таҳаввули шеъри форсии тоҷикӣ ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам ҳунар дар ин ҳавза буда, таҳқиқоти алоҳидаро тақозо мекунад. Дар замина масъалаи “модеҳе куштаи мамдуҳ” набудани шоирони ин ҳавза низ арзёбии воқеъбинонаро тақозо дорад.
Дигар аз шоироне, ки дар муҳити адабии хонадони Оли Муҳтоҷ нақш ва ҷойгоҳи хос дорад, Фаррухӣ мебошад. Фаррухӣ аз қасидаи “Корвони ҳулла” “барге (тӯшаи сафар) бисохт ва рӯй ба Чағониён ниҳод”. Ӯро Амид Асъад, ки “кадхудои амир буд”, истиқбол кард ва “пайи амир” бурд. Фаррухӣ “лоиқи вақт” дар “васфи доғгоҳ... қасидае пардохт сахт некӯ” ва онро дар ҳузури амир “ба овози ҳазину хуш” қироат кард. “Чун тамом бархонд, амир шеършинос буду низ шеър гуфтӣ, аз ин қасида бисёр шигифтиҳо намуд” ва Фаррухиро бо “ҳазор сар курра,... ҳама рӯй сапеду чаҳор дасту пой сапеди хуталӣ” сарфароз гардонид.
Аз ёддошти Низомии Арӯзии Самарқандӣ бармеояд, ки “кори Фаррухӣ дар хидмати” амири Чағонӣ он замон танҳо ба василаи ҳунар ва истеъдоди шоириаш “олӣ шуд ва таҷаммуле тамом” ёфт.
Назар ба шаҳодати Низомии Арӯзии Самарқандӣ вақте охирин подшоҳи Саффории Сиистон “бо дасти Маҳмуди Ғазнавӣ барчида шуд”, Фаррухӣ “муддате аз зиндагониро ба хидмати яке аз деҳқонони Сиистон гузаронид ва дар ҳамон сол суроғи дарбореро мегирифт, ки харидори шеъри ӯ бошад”. Ва ин харидор амир Абулмузаффари Чағонӣ аз машоҳири умарои Оли Муҳтоҷ буд. Фаррухӣ қасоиди бисёр зебо ва машҳурашро дар ҳамин муҳит суруд, ки бо содагӣ, тасвиркорӣ ва васфи воқеъбинона фарқ мекунанд.
Аз воқеиятҳои баъдинаи ҳаёти Фаррухӣ маълум мешавад, ки вай дар дарбори амири Чағонӣ зиёд наистода, баъди гузашти фурсате ба дарбори Ғазнавӣ бозмегардад ва то даргузашташ дар соли 429 (1038м.) дар хидмати ин хонадон будааст. Вале аз ин таърих муҳим он аст, ки аввалан дудмони адабдӯст ва адабпарвари Оли Муҳтоҷ Фаррухӣ ва дигар шоиронеро, ки ёд кардем, дар лаҳзаҳои душвори зиндагиашон паноҳ доданду дастгирӣ ва ёрии моддиашон карданд, сониян ҳолу ҳавои ин водӣ ва муҳити адабии он ба таҳаввули андешаву ҳунари шоирони зикршудаи муҳити адабии Чағониён мусоидати комил кардааст, ки мисолаш намунаи осори дар ҳамин маҳдудаи макону замон таълифкардаи ин суханварон мебошад. Ин бузургтарин хидмати ҳунардӯстона ва инсонпарваронаи амирони Чағонӣ аст, ки зиндагӣ ва ҳунари беҳтарин шоирони аҳдро ҳифз намуданд ва ба ин васила таҳаввул ҳам бахшиданд.
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.