Дар баробари вусъати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ дар кишвари мо шаклҳои муомилоти ин моддаҳо низ тағйир меёбанд.
Таассуфовар аст, ки ҷинояткороне, ки қаблан ҷавононро ҳамчун ҷабрдида ба доми худ мекашанд, ҳоло онҳоро барои савдои моддаҳои нашъавор ҷалб менамоянд.
Мутаассифона, вақтҳои охир ба муомилот ба ҷойи маводи мухаддири маъмул доруҳои бештар таъсиркунанда ва моддаҳои психотропӣ ворид шуда, барои паҳн кардани онҳо аз кӯдакон истифода мебаранд. Натиҷа бошад маълум: шантаж, таҳдид, ба нашъамандӣ руҷӯъ кардан, ҷиноятҳои дигар, латукӯб, зӯроварӣ ва ниҳоят дар паси панҷара мешаванд.
Ба ин маънӣ, имрӯз ҳар як падару модар бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳад, ки фарзандаш давоми рӯз ба куҷо мераваду бо чӣ машғул аст. Дарди кӯдаки ба доми савдогарони маводи мухаддир афтодаро сари вақт дарк намуда, ба ӯ кумак расонидан лозим аст. Пеш аз ҳама, падару модарон бояд кӯшиш кунанд, ки бо фарзандашон дар бораи ташвишҳои худ ошкоро ва самимона суҳбат кунанд.
Пас, шахси ба нашъамандӣ руҷӯъкардаро чӣ гуна бояд шинохт? Бояд гуфт, ки ин гуна одамон иштиҳояшонро гум мекунанд, доимо ташна мешаванд, дар онҳо бехобӣ мушоҳида мешавад. Азбаски маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ ба луобпардаи пӯст осеб мерасонанд, зуд-зуд хунравии бинӣ ба амал меояд. Падару модаре, ки дар фарзандаш чунин аломатҳои бегонаро пай мебарад, фавран барои бартараф кардани хатар чораҳо меандешад.
Аммо баъзе аз кӯдакон аз беэътиноӣ ё бепарвоии волидайн ба муомилоти маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ шурӯъ мекунанд. Гарчанде дар ҳеч куҷо кор накунад ҳам, дар дасташ пули калон, чизҳои қиматбаҳо пайдо мешавад, либосаш низ дигар мешавад. Агар волидайн аз чунин тағйироти тарзи зиндагии фарзандаш чӣ қадар зудтар пай барад, баргардонидани онҳо аз ин роҳ осонтар мешавад.
Тибқи қонун барои паҳн кардан, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ нисбат ба навраси ба синни 16 расида ҷазо муқаррар шудааст. Кӯдаке, ки ин ҷиноятро содир мекунад, ба мӯҳлати аз як то се сол аз озодӣ маҳдуд ё ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 274-и Кодекси ҷиноӣ, ҷалб намудан ба истеъмоли воситаҳои нашъавор, аналогҳои онҳо, моддаҳои психотропӣ ё дигар моддаҳои нашъадор, ки ба ақлу идроки шахс таъсир мерасонанд – ҷазоҳо бобати бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то се сол ёхуд маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол муқаррар шудааст.
Акнун саволе ба миён меояд, падару модарон агар гумон дошта бошанд, ки фарзандашон маводи мухаддир ё моддаҳои психотропиро истеъмол ё паҳн мекунад, бояд кадом роҳро пеш гиранд?
Пеш аз хама бояд бо кудак ошкоро суҳбат кунанд, агар аз ӯҳдаи ин кор набароянд, метавонанд аз ёрии равоншинос истифода баранд. Ҳатто волидайне, ки бо фарзандашон муносибати наздик доранд, аз кумаки мутахассис истифода баранд, мувофиқи мақсад мебуд. Агар кӯдак иқрор шавад, ки ба ин гуна моддаҳо майл дорад, фавран ба нарколог муроҷиат кардан лозим аст.
Хулоса, мубориза бар зидди ин иллат вазифаи на танҳо падару модарон ва ё мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди муқими ин кишвар бошад. Зеро, ҷавонони мо мададгор ва такъягоҳи рушди кишварамон мебошанд.
Мавлуда ИБРОҲИМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.