ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ – ДАР САҲНАИ ТЕАТР

Ба шарофати ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат дар ҷумҳурӣ мунтазам корҳои таҷдид ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии театрҳо ба роҳ монда шудаанд.

Ба шарофати ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат дар ҷумҳурӣ мунтазам корҳои таҷдид ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии театрҳо ба роҳ монда шудаанд. Ба ҷалби васеи тамошобинон, бахусус ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Корҳое, ки бобати беҳтар кардани ҳолати муассисаҳои санъат дар минтақаҳо амалӣ мешаванд, ҳамаро хурсанд мекунанд.

Бинои Театри мусиқиву драмавии вилояти Сирдарё низ симои нав пайдо кард. Таҷҳизоти замонавӣ муҳити муҳташами онро таъмин кардаанд, ки ба бинандагон кайфияти хуб мебахшад. Таҷҳизоти навтарини саҳнавӣ сифати ҳунари нақшофаронро низ беҳтар мекунад. Дар чунин шароит онҳо бо завқу шавқи беш аз пеш эҷод мекунанд. 
Дар ҷараёни таъмири асосӣ, ки се сол идома ёфт, театр фаъолияти худро дар бинои куҳна идома дод. Ҳатто дар чунин шароит ҳам ба шарофати ташаббуси режиссёри театр Равшан Раҷабов гурӯҳ дар тайёр кардани намоишномаи асарҳои машҳури классикӣ фидокорона иштирок кард. Ҳамин тариқ, театр мавсими 44-уми худро бо нахустнамоиши драмаи Чингиз Айтматов «Момозамин» 11 сентябри соли 2018 дар Театри миллии академии драмавӣ оғоз намуд. Ҷамоаи театр аз душвориҳо шикоят накард. Баръакс, дар болои асарҳои нав кор карда, ба комёбиҳои муайяне муваффақ шуд. Ҳамзамон ба сафарҳои ҳунарӣ баромад, тӯли солҳои охир ҳаводорони санъати театрии вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах ва Самарқанд асарҳои мазҳакиву фоҷиавии Нурулло Аббосхон «Инсон туӣ», драмаи Чингиз Айтматов «Момозамин»-ро тамошо карданд.
Ғайр аз ин гурӯҳи эҷодии Театри мусиқиву драмавии вилояти Сирдарё дар ҷашнвораҳои бонуфузи миллӣ ва байналхалқӣ ҳам бомуваффақият ширкат меварзад. Соли 2018 театр дар ҷашнвораи VII-и байналхалқии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Толдиқӯрғон (Қазоқистон) баргузор шуд, намоишномаи «Момозамин»-ро пешкаш кард. Он замон Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Мавлуда Маматиллаохунова дар нақши Тӯлганой ғолиби номгӯйи «Беҳтарин нақши зан» гардид. Рассом-таҳиягари намоишнома, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Шуҳрат Абдумаликов бошад, дар номгӯйи «Таҳиягари беҳтарин» пирӯз шуд.
Театр соли 2019 бо намоишномаи Максим Каримов «Номзад ба инсонӣ» дар озмуни V-и ҷумҳуриявии театрҳо, ки таҳти васояти Вазорати фарҳанг дар мавзӯи «Туро ситоиш мекунем, ҳамзамон!» баргузор шуд, иштирок намуд ва соҳиби ҷойи ифтихории 3-юм гардид. Дар бораи ин намоишнома суханони тавсифӣ ва самимӣ, бахусус аз ҷониби мутахассисон, арбобони шинохтаи санъати театрӣ зиёд гуфта шуданд.
Ҳатто дар соли 2020-ум, ки барои тамоми олам вазнин ва мураккаб буд, ҷамоаи театр бо вуҷуди ҷараёни душвори эҷодӣ (лозим омад, ки берун аз саҳна машқу тамрин кунанд) кори пурмаҳсули худро идома дод. Натиҷаи хуб ба даст омад. Аз ҷониби коргардони театр Мансур Холиқов песаи Чингиз Айтматов «Дилбари рӯмолсурхаки ман» ва намоишнома барои бинандагони хурдсол «Соати яхбаста» бомуваффақият ба саҳна гузошта шуданд. Драмаи Тоғай Мурод «Саҳрои мероси падарам» бинобар саъю кӯшиши коргардони ҷавону боиқтидор Нигора Ғоибназарова рӯйи саҳнаро дид. Эҷодиёти ӯ сазовори баҳои баланд шуд. Н.Ғоибназарова дар номгӯйи «Коргардони сол» барандаи ҷоизаи «Эътироф» гардид.
Бояд таъкид намуд, ки ин мукофот гурӯҳи эҷодии театрро ба ҷустуҷӯйи бештари эҷодӣ ва саъю кӯшишҳои нав водор сохт.
Театре, ки соли 1975 ба бинандагони нахустини худ намоишномаро бино бар қиссаи Абдулло Қаҳҳор «Муҳаббат» пешкаш карда буд, роҳи бузурги эҷодиро тай кард. Дар ташаккули мавқеи кунунӣ ва обрӯйи шоистаи ҷамоаи Театри мусиқиву драмавии вилояти Сирдарё бисёр арбобони шинохтаи санъат, коргардон ва нақшофарандагон фидокорӣ зоҳир кардаанд. Дар байни онҳо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Баҳодур Йӯлдошев, арбобони шоистаи санъати Ӯзбекистон Рихсивой Орифҷонов, Маҳкам Муҳаммедов, Ҷӯра Маҳмудов, Неъмат Шомуродов, ҳунарпешаҳои шоистаи Ӯзбекистон Ғафур Ҳамидуллоев, Мирзокарим Бобоев, Валихон Умаров, Мамадхон Асқаров, коргардонҳои соҳибистеъдод Сайфиддин Мелиев, Мансур Холиқов ва дигарон ҳастанд.
Ҳунарпешагони шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Озода Абдуллаева, Шариф Ҷумъаев, Зулфия Эшмуродова, Мавлуда Маматиллаохунова ворисони сазовори  устодони номашон зикршуда мебошанд, ки низ бо ҷустуҷӯҳои нодири эҷодӣ сазовори эҳтироми театршиносон гардидаанд. Алҳол ҷавонон анъанаҳои хуби театри Сирдарёро идома медиҳанд, дар байни онҳо барандаи ордени «Дӯстлик» Иброҳим Қосимов ва соҳиби медали «Шуҳрат» Фарҳод Урунов низ ҳастанд. Ҳоло бо чунин иқтидори азими эҷодӣ театр ба бинандагонаш репертуари ғании худро пешкаш менамояд, ки дар он, аз ҷумла зиёда аз понздаҳ намунаҳои драматургияи ҷаҳонӣ ва миллӣ низ ворид шудаанд.
Ҷараёни басаҳнагузории намоишномаҳои нав, аз ҷумла асарҳои таърихӣ босуръат идома дорад. Чунончи, бинобар ҳикояҳои Азиз Несин намоишномаҳо таҳия мешаванд, мазҳакаи «Моҳи Турон»-и Ҳайитмат Расул ва драмаи таърихии «Аз аҳли олам некӯвӣ» бинобар романи «Шабҳои ситорабор»-и Пиримқул Қодиров ба саҳна гузошта мешаванд.
Алҳол талаб ба филмҳо, намоишномаҳои таърихӣ зиёд аст. Бинобар ҳамин ҳам ҷамоаи театр беш аз пеш ба асарҳои маҳз ин жанр эътибори доимӣ медиҳад.
Коргардонҳо ва нақшбозон бо истифода аз имкониятҳои васеъ дар назди худ мақсадҳои нав ба нав мегузоранд, дар мактабҳо, литсею коллеҷҳо ва донишкадаҳои минтақа баромад мекунанд. Зеро театр ба ғанӣ гардидани маънавияти ҷавонон мусоидат мекунад, ҳазорҳо нафар писарону духтарони вилоятро ба тамошои намоишномаҳое, ки таъсири баланди маънавиву ахлоқӣ доранд, ҷалб менамояд. Дар байни ин осор «Падаркуш»-и Маҳмудхуҷа Беҳбудӣ, «Бачагони кӯча»-и Шароф Бошбеков, «Китоби сеҳрнок»-и Қодиёр Рустамов мавҷуданд.
Ҷамоаи эҷодии Театри мусиқиву драмавии вилояти Сирдарё баробари таҳия кардани намоишномаҳое, ки ба табъи бинандагони имрӯз ҷавобгӯ мебошанд, аз ҷумла вазифаҳои дар назди худ гузоштаро низ бомуваффақият адо менамояд.

Муноҷот МУЪМИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: