ЛЕВИТАН ЯГОНА БУД

Мегӯянд Юрий Левитан (ӯро Лавин ё Лавитани низ мегуфтанд) дар Иттиҳоди Шӯравӣ наттоқе буд беназир.

Вай бо садои ба худ хос қалбҳоро забт кард. Маҳз овоз ӯро ба дараҷаи «диктори афсонавӣ» расонд.
Аз Сталин пурсидаанд: «Ҷанг кай тамом мешавад?»
Гуфтааст: «Инро Левитан мегӯяд». Таҳти ин гӯя зарофате ниҳон. Ва ҳақиқати ҳол низ – мардум бесаброна ба охир расидани ҷанги хонумонсӯзро интизорӣ мекашиданд. Ва мутантан «ҷанг тамом шуд!»– гӯён тавассути радио хабардиҳии Юрий Левитанро. 
Аз хабари нохуш – саршавии ҷанги Гирмон, айни замон, аксарият мардуми ин сарзаминро Левитан хабардор сохта буд.
Владимир Висотский дар як сурудаш таъкид сохта: «Аз оғози ҷанг Молотов дар нутқи таърихиаш моро огоҳ сохта буд». Ин – асоснок. Воқеан комиссари корҳои хориҷии онвақта Вячеслав Молотов соати 12-и рӯзи 22 июни соли 1941 тавассути радио дар бораи ҳуҷуми ногаҳонии фашистони Олмон ба хоки шӯроҳо баромад карда буд. Баъдтар матни баромади ӯро Юрий Левитан такроран хонд: «Граждане и гражданки! Сегодня в четыре часа утра без всякого объявления войны...»
Ҷанг давом мекард. Ҳар як нуқта ба назар аз якдигар оташфишонтар. Муҳосираи Ленинград – яке аз фоҷиаҳои бузурги аср. Тоза карда шудани ҳар ваҷаб хок аз фашистон бошад – воқеаи хуш дар ҳаёти мардуми сулҳхоҳ. Мардум, гӯшу ҳуш ба радио, нигарон ба садои Левитан буданд, интизори боз як хушхабар аз забони ӯ – интизори паём аз «Совинформбюро». Вақте «Внимание, внимание!..»мегуфт, баданҳо ваҷаррос мезад. 
Нақли афсонамонанде аз даҳон ба даҳон мегузашт: «Фюрер душманҳои зиёд доштааст, вале душмани рақами аввалаш Левитан будааст – барои сари ӯ фалон қадар тилло ваъда кардааст...»
Баъди наздик чаҳор сол идомаёбии задухӯрдҳои хунин аз Ғалабаи бузург низ, тавре Сталин таъкид сохта буд, тавассути радио ба омма Левитан маълум намуд. Нақл мекунанд, бо шунидани хушхабар аз даҳони Левитан ҳатто буридапойҳо «аз ҷо як қад парида хестанд!».
9 Майи соли 1945. Рӯзи воқеан таърихӣ дар ҳаёти мамлакат ва халқҳои ҷангдида, азияти ҷанги Гирмонкашида. Дилҳоро ба ларзиш овард оҳанги ҳар ҳарф, ҳар ҳиҷои марғуладори Левитан. Дар фонди тиллоии радио он садо ҳануз маҳфуз дошта мешавад. Насли имрӯз низ он баромади Левитани афсонавиро бо эҳсосе мешунавад.
«Овози оҳанини давлатӣ» мегуфтанд садои ӯро. Касе гумон намебурд фарзанди як оилаи одии яҳудӣ аз Владимир дар Маскав ин қадар шуҳрат меёбад, ба назари Сталин афтода ва баромадҳои ӯро тавассути радио хонда медиҳад.
Юрий Левитан ибтидои солҳои сиюм, аниқтараш дар 17-солагӣ аз Владимир ба Маскав омад, то дар кинотехникум хонад ва актёр шавад. Дохил шуда натавонист. Чашмаш ба як эълон афтод: «Радио барои наттоқӣ озмун эълон мекунад». Бахташ ин дафъа тофт. Ба барандагӣ қабул гашт. Баробари матнҳоро бехато хондан бо қироати ифоданок низ вай шунавандагонро ба худ кашид. Бегоҳ, ки шуд, хабарҳои муҳими рӯзро вай мерасонд.
Шабе овози ӯро Сталин шунид (январи соли 1934) ва мафтун гашт. Супориш дод баромадҳояшро дар радио маҳз «яҳудибача» хонад. 
Бо супориши «доҳӣ» зимистони соли 1934 маърӯзаи ҳисоботии сарвари давлат дар съезди ҳафтдаҳуми ВКП(б) маҳз бо хониши Левитани он вақт ҷавон дар мавҷи ҳаво паҳн гашт.
12 апрели соли 1961, соати 10-у 02 дақиқа.  Изҳороти ТАСС дар мавҷи ҳаво оиди аввалин қадами инсон ба коинот тавассути киштии кайҳонии «Восток» – парвози таърихии Юрий Гагарин. Хабарро Юрий Левитан хонд.
Вай матни баромадҳои Сталинро наздик 20 сол хонд. Ба нутқу маърузаҳои «доҳӣ» ҷозибаи дигар бахшид. 6 марти соли 1953 Сталин вафот кард. Баохиррасии биографияи ӯро низ маҳз Левитан эълон кард.
Халқи одӣ боз бо як сабаби дигар Левитанро дӯст медошт: ҳаёти баъдиҷангӣ андак рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, ҳар сол нарх, хусусан озуқаворӣ, батадриҷ поён шуда мерафт. Арзоншавиҳоро бо оҳанги тантананок маҳз Левитан маълум менамуд ва ба меҳнаткашон рӯҳ мебахшид.
Аз байни наттоқон вай аввалин шахсе буд, ки ба гирифтани унвони ифтихории Артисти халқии СССР сазовор гашт. 
Юрий Левитан 4 августи соли 1983 дар 69-солагӣ вафот кард.  Ӯро ба тантанаҳо бинобар 40-солагии муҳорибаи Курск ба Белгород даъват карда буданд. Касе хаёл надошт дилбемор аст. Аз гармои тоқатфарсо дардаш хурӯҷ кард ва ғайриинтизор чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ба Маскав оварда ва дар Новодевичево ба хок супурданд. 
Дар ҳаёти оилавӣ хушбахт буд? Афсӯс...
Раиса ном духтарро дӯст дошт. Соли 1938 тӯйи арӯсиашон барпо гашт. Соли 1940 духтардор шуда ва ба вай Наталя ном ниҳоданд. Соли 1949 ба ҳаёти осудаи оилавиашон «чашм расид» – ҷудо шуданд. Ба ин як афсари академияи ҳарбӣ, ки Раисаро аз роҳ зад, сабаб гардид.
Вале Раиса бо «шавҳари нав» дер назист. Дарк кард аз вай сад бор шавҳари аввалааш хубтар. «Ман чӣ кор кардам?!»– худро маломат мекард бо як ҳисси ҷигарсӯз. Вале пушаймонӣ суд надошт. Раиса дар даст кӯдаки ширхор аз одами ҳарбӣ, ба сахтиву сарсониҳо дучор гашт.
Юрийи дар 35-солагӣ  аз зан ҷудошуда то охири умр «бевамард» монд. Диктори номвар бо симои дилкаш низ эътибори хонумҳоро ба худ мекашид. Вале мисле сахт дилмонда шуда буд аз ҷинси зан. Дигар хонадор нагашт. Бо хола ва духтари ягонааш дар як квартира ҳаёт ба сар бурд. Дилшикаста...
Чӣ қадар мехост духтараш бабахт шавад. Аммо бахт ва осудагӣ аз Наталя низ рӯ тофта буд.
 Соли 2006 риштаи ҳаёти ӯ ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Қотил кӣ буд, аниқ нест. Ба писари худаш Борис, ки дучори касалии рӯҳӣ буд, гумонбар шуданд.
6 сол Борисро дар беморхонаи рӯҳӣ табобат карданд. Рухсат доданд мисле барои он ки марги худро дар ҷои дигар истиқбол намояд. 19 апрели соли 2013 ҷасади вай пайдо гашт.
Ба ҳамин низ шукр, ки Левитани афсонавӣ дар рӯзҳои мо куллан «бенишон» нест. Набераи ягонааш Артур Левитан (Судариков, таваллудаш с.1990) дизайнер ва барномасоз, дар айни замон барандаи телевизион аст ва бо кадом маънӣ ӯ касби боборо давом медиҳад.
Вале ба Юрий Левитан шудан, ҳатто ба Левитани нотакрор наздик шуда тавонистани наттоқи дигар бовар нест. Левитан ягона буд...

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: