ӮЗБЕКАМ БО ТОҶИК АСТ

Абдулло ОРИПОВ, Шоири халқии Ӯзбекистон

Аз азал ёру бародар ӯзбекам бо тоҷик аст,
Аз ғазал як байти дилбар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Бо чӣ бинмоям қиёс ин вожаи ширини дӯст,
Чун асал, чун шаҳду шаккар ӯзбекам бо тоҷик аст.

То бувад Ҷомӣ Навоӣ низ бошад комгор,
Ҳамамал, ҳамбору ҳамбар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Бо хирад чун бингарӣ сайёраи ҷуфтем мо,
То Зуҳал бо Буалӣ бар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Як сари ҷӯбор ӯву як сари ҷӯбор ман,
Аз ҳамал дар кори кишвар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Яъне аз рӯзи азал бо дӯстии ҷовидон,
Филмасал ҳамбому ҳамдар ӯзбекам бо тоҷик аст.

Тарҷумаи ПАЙМОН.


БАРОДАРЗОДАИ АСЛ

Ба муносибати ташрифи навбатии роҳбари давлати дӯст ба Ӯзбекистон

Марҳабо, хуш омадед, эй нури дида, марҳабо,
Гул зи боғи меҳри ҳар ду халқ чида, марҳабо!

Омадеду Ӯзбекистон даст дар пеши бар аст,
Меҳмон аз Тоҷикистон тоҷ болои сар аст.

Ӯзбеку тоҷик ду шохоби як дарё бувад,
Бо ҳама дарёдилӣ бар дидаи ҳам ҷо бувад.

Гар яке боли Ҳумо, дигар пари мурғи Ҳумо,
Бахти мо дар ҳамдилӣ, парвозгаҳ – авҷи само.

Ғунчаи дилҳои мо во аз насими дӯстист,
Хуштарин бӯйи гули дунё шамими дӯстист.

Ин қадар монанд бо ҳам ин ду халқи нозанин,
Гар яке зумуррадин ангуштарин, дигар нигин.

Чашм агар ӯзбек, абрӯ тоҷик асту рӯй бин:
Ҳаст дар дунё бародарзодаи асл инчунин?

Муҳаммад ШОДӢ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: