КАФОЛАТИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН МУСТАҲКАМ МЕШАВАД

Дар мамлакати мо барои таълим гирифтани ҳар як кӯдак шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

 Махсусан, кӯдакони маъюб ҳамеша дар таваҷҷуҳи давлату ҷомеа қарор доранд.
Ин беҳуда нест, албатта. Зеро, ҳар яки мо дар чеҳраи онҳо табассум ва дар чашмонашон шодиро дида, аз меҳру муҳаббати онҳо қувват мегирем, диламон саршор аз фахру ифтихор мегардад. Дар ҷое, ки меҳру муҳаббат ҳаст, дар он ҷо навсозӣ, болоравӣ ва пешравӣ сӯи мақсадҳои наҷиб ба мушоҳида мерасад.
Аз ин лиҳоз, дар кишвари мо ҳифзи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии кӯдакон, бахусус тарбияи кӯдакони ятим ва аз парастории падару модар маҳрумшуда, мувофиқи шавқу завқашон фароҳам овардани имкониятҳои ҳамаҷониба ба онҳо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Таҳти роҳбарии Президентамон дар панҷ-шаш соли наздик ислоҳоти беканор пай дар пай ба амал бароварда шуд. Инро дар мисоли фароҳам оварда шудани низоми  комилан нави кумак ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ низ дидан мумкин аст.
Бахусус, дастпарварони хонаҳои меҳрубонӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфта, ба бачаҳои ятими ба синни 18 расида, хонаҳои навсохт ройгон ҷудо карда шуда, барои ин аз буҷет маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад, ки  ин бори дигар собит мекунад, ки ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистони Нав хусусан кӯдакони ятиму бепарастори падару модар таҳти ҳимояи давлат мебошанд.
Аз ҷумла, 50 фоиз зиёд кардани стипендияи донишҷӯёни лаёқатманди ятим ва ё аз парастории падару модар маҳрум, аз синни 18 то 23-солагӣ дароз карда шудани мӯҳлати пардохти нафақа ба ин гуна донишҷӯён ва ба онҳо ҳар сол як маротиба  дода шудани субсид барои харидани адабиёти зарурӣ рӯйдодест, пештар таърих мислашро надидааст.
Бесабаб, дар мамлакати мо ғамхорӣ кардан ба  кӯдакон, дастгирии доимии онҳо, хифзи ҳуқуқҳои онҳо ба дараҷаи  сиёсати давлатӣ бардошта нашудааст. Зеро онҳо ҳамчун давомдиҳандагони ҳаёти мо, ворисони ояндаи мо гиромӣ дошта шуда, ганҷинаи бузурги мамлакатамон  ба шумор мераванд.
Дар кишварамон оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пойгоҳи дахлдори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кодекси оила, Кодекси шаҳрвандӣ, Кодекси меҳнат ва ҷиноят, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои дигари қонунгузорӣ меъёрҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон инъикос ёфтаанд. 
Дар моддаи 64-уми Конститутсияи дар амал омадааст, ки «Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони худро то ба балоғат расиданашон нигоҳубин ва тарбия кунанд. Давлат ва ҷамъият нигоҳубин, тарбия ва таълими бачаҳои ятим ва бепарасторро таъмин мекунад, фаъолияти хайрияеро, ки ба кӯдакон бахшида шудаанд, ҳавасманд мегардонад».
Аммо соҳаи ҳуқуқи кӯдак чунин низомест, ки агар бо мурури замон тағйироту иловаҳои нав ворид нашаванд, дар татбиқи ҳуқуқ мушкилот пеш меояд. Зеро имрӯз дар аксари давлатҳои ҷаҳон низоъҳои гуногун шиддат гирифта, худи замон нишон медиҳад, ки масунияти маънавии фарзандонамонро таҳким бахшида, вақти холии онҳо пурмазмун гузаронда шавад.
Бешубҳа, боиси хушнудист, ки меъёрҳои нав дар ин хусус дар лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» инъикос ёфтаанд, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, дар моддаи 64-уми лоиҳаи қонун мустаҳкам карда шудааст, ки  падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда бояд фарзандони худро то ба синни балоғат расидани онҳо дастгирӣ кунанд, барои тарбия, таҳсил, саломатӣ, рушди ҳамаҷониба ва камолоти онҳо ғамхорӣ кунанд, давлат ва ҷамъият нигоҳубин, ҳамаҷониба солиму баркамол ва соҳибмаълумот шуда ба воя расидани бачаҳои ятиму бепарасторро таъмин мекунад, дар ин самт  фаъолияти хайриявиро рағбатнок месозад. 
Ин маънои онро дорад, ки давлат кӯдаконро ҳамеша дастгирӣ намуда, ҳуқуқи кӯдакони бепарастор, ятимро ҳифз намуда, барои таҳсил, нигаҳдории тандурустӣ ва ба зиндагӣ мутобиқ шудани онҳо шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Агар барои таҳсил, соҳиби касбу ҳунар ва амалӣ гардидани орзую умеди кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, дар онҳо майлу хоҳиши пеш рафтан пайдо мешавад.
Хулоса, имрӯз дар мамлакати мо низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдакон беш аз пеш такмил меёбад. Бешубҳа тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсияи мо ворид карда мешаванд, барои ба воя расидани фарзандони аз ҳар ҷиҳат солиму озодандеш мусоидат мекунанд.

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: