БИНОИ НАВИ «ҚӮРҒОНИ ВАРДОНЗЕ»

10 марти соли ҷорӣ маркази деҳаи «Қӯрғони Вардонзе»-и ноҳияи Шофиркон намуди идона дошт.

Фаъолони маҳалла, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун, меҳмонон, мутасаддиёни маҳалла дар атрофи дасторхони пурфайзи наврӯзӣ ҷамъ омаданд. 
Суруду таронаҳо дар иҷрои талабагони мактаби санъат ва мусиқӣ ба дилҳо сурур мебахшид. Бояд таъкид намуд, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯрғони Вардонзе» то ҳол бинои идораи алоҳидаи худро надошт. Вай дар давоми солҳо гоҳ аз боғча ҷо мегирифту гоҳ аз мактаб, солҳои охир бошад, дар бинои бунгоҳи тиббии деҳа ҷогузин шуда буд. Бо тақозои замон эътибори давлат ба маҳалла афзуду имсол ин масъала ҳалли худро ёфт. Дар асоси 150 миллион сӯм маблағи ҳокимияти ноҳия ва ҳомиён сохтмончиёни ҶММ «Олмос инвест» бинои нави замонавии маҳалларо дар муддати кӯтоҳ сохта омодаи истифодабарӣ карданд. Ҳоло меҳмонону мизбонон бо мақсади ба истифода супоридашавии ин бино ба ин ҷо ташриф овардаанд. Ҳокими ноҳия Ҷамшед Шарофов ҷамъомадагонро бо дастрасшавии бинои нави замонавии маҳалла, ки дорои як қатор қулаиҳост ва фарорасии мавсими гулу сабза – Наврӯзи навбаҳорон табрику муборакбод намуд.
Лента бурида шуда, меҳмонону мизбонон бо навбат вориди бино гардиданд. Онҳо хонаҳои хидматии барои ҳар як корманди маҳалла алоҳида:  раису муовинонаш, ёвари ҳокиму роҳбалади ҷавонон, инспектори профилактикаю маҷлисгоҳ ва ғайраро бо шароити намунавиаш дида хеле шод шуданд. Баъди дархосту ниятҳои нек, дуои хайри мӯйсафедон ва мулоқоти самимона таъоми лазиз ош файзи дастархонро афзуд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: